28 ноябри соли равон дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъи Шурои олимони Институт бо иштироки ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.б, Мирзораҳимзода А.К. раиси шуъбаи илмҳои биология, баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Институт, н.и.б., Бобозода Б.Б. оғоз бахшида, вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шуро – Ҳисоботи солонаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт баромад намуда, оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаҳо ва озмоишгоҳо, дастовардҳои илмӣ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, патентҳо, баргузории конференсияҳо ва чорабинишҳои гуногун, фаъолияти Шурои диссертатсионӣ ва Шурои олимон, ҳамчунин самтҳои дигари фаъолияти Институт маълумот доданд.
Сипас, ноиби Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон, д.и.б, Мирзораҳимзода А.К. аз камбудиҳо ва дастовардҳо суханронӣ карданд. Махсусан масъалаи гузаронидани таҳқиқотҳои илмии ба самтҳои афзалиятнок марбут, ҳамчунин ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳои зерсохтори Академияи миллӣ, ки бо озмоишгоҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, қайд гардид.
Дар музокира кормандони Институт баромад намуда, фукру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳбудии фаъолияти Институт иброз намуданд.
Дар ҷамъбасти масъалаи аввал Мирзораҳимзода А.К. пешниҳод намуданд, ки ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии Институт қаноатбахш ҳисобида шавад. Ҷаласаи Шурои олимон қарор бароварда, ҳисоботи фаъолияти илмии Институтро қаноатбахш арзёбӣ намуд