Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархўрди тамаддунҳо мегардад.
Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардўстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу хуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардўстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд[2].
Бояд қайд кард, ки бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ аз 7 то 17 октябри соли 2024 идома ёфт. Мардуми маҳаллӣ имкон пайдо намуданд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун сухан гуфт. Иброз дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст[3].
Мушовири иҷроияи ҷавонон, варзиш ва соҳибкорииМалайзия Моҳд Наҷвон Ҳалимӣ, ки инчорабиниро роҳбарӣ мекард, қайд намуд, ки намоишгоҳ ба яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони бо номи ҷаҳонӣ Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Шеъри абадии Фирдавсӣ, эпоси "Шоҳнома" таърих ва фарҳанги халқҳои форсзабонро тағйир дод. Ӯ қайд кард, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ба адабиёт, санъат ва ҷаҳонбинии ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузошта, ба ӯ дар байни бузургтарин ақлҳои таърих ҷойгоҳи устувор фароҳам овард. "Шеър дар ин филм ба мо принсипҳоеро хотиррасон мекунад, ки ҷомеаро тақвият медиҳанд ва паёми пурқудрати некӣ, сулҳ ва адолат дар саросари ҷаҳон бо ҳамон аҳамияти ҳазор сол пеш ҳамовоз мешавад", "Мо хушҳолем, ки барномаи пешрафтаи фарҳангиро эълон кунем, ки Малайзия ва Тоҷикистонро тавассути таҷлили санъат, филмҳои таърихӣ ва намоишгоҳи фарҳангӣ дар китобхонаи Раҷа Тунда, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии амиқтари байни халқҳоямон мусоидат мекунад, муттаҳид хоҳад кард".[4].
Дар китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”, ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд. Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои “Шоҳнома” шинос гардиданд.
Хулоса
Муаррифӣ ва таблиғи фарҳанги бойи кишвар дар кишварҳои дуру наздик яке аз вазифаҳои ҷоннии сафоратхонаҳо дар давлатҳои иқомат мебошад. Солҳои охир, дипломатияи фарҳангӣ рушд карда, аз ҷониби роҳбарияти сафоратхонаҳо чорибиниҳои гуногуни фарҳангӣ ташкил карда шуда истодааст. Вобаста ба ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар амалӣ ва муаррифии дипломатияи фарҳангӣ саҳми худро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣгузошта истодааст. Дар чорабинии фарҳангӣ робитаҳои адабӣ, филми ҳунарӣ, таърих, фарҳанг ваасарҳои санъати Тоҷикистон фаро гирифта шудаааст. Намоишгоҳ ба меҳмонон имконият дод, ки тавассути филмҳо бо фарҳангҳои гуногуни Тоҷикистон шинос шаванд.
Бояд хотирасон кард, ки 28-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Куала-Лумпур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид[1]. Дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маърӯза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд. Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои иттилоотӣ:
1. Баргузории Фестивали синамои Тоҷикистон дар Малайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/berlin/view/11436/barguzorii-festivali-sinamoi-tojikiston-dar-malaiziya (санаи муроҷиат:10.10.2024)
2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат:08.10.2024)
3. Муаррифии шоҳасари Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” дарМалайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/cairo/view/15925/muarrifii-shohasari-hakim-abulqosimi-firdavsi-shohnoma-dar-malaiziya (санаи муроҷиат: 07.10.2024)
4. Historic Tajikistan masterpiece ‘Ferdowsi’s Shahnameh’ shown at Raja Tun Uda Library. [Манбаи электронӣ]: https://selangorjournal.my/2024/10/historic-tajikistan-masterpiece-ferdowsis-shahnameh-shown-at-raja-tun-uda-library/ (санаи муроҷиат:07.10.2024)