Имрӯз (16.02.2024) бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Кароматулло Олимов хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Тарбияи худшиносии миллӣ дар асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар баргузории хониши сиёсӣ олимони ҷавон, магистрантон ва докторантон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ худшиносии миллӣ ва дар амал татбиқ намудани ин хонишҳо ҷалб шуданд.
Дар раванди баргузории хониши сиёсӣ академик Кароматулло Олимов барои дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намудани ҷавонони илмдӯсту ташаббускор аз асарҳои Пешвои миллат дар бораи ватандӯстю худшиносии миллӣ маърӯза намуда, муҳтавои асосии ин асарҳоро ба самъи иштирокдорон расонида, онҳоро барои хондану аз бар намудани ин асарҳои арзишманд тавсеаҳои судманд дод.
Ёдовар мешавем, ки хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқии олимон ҷавон роҳандозӣ гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки минбаъд хонишҳои сиёсӣ бо иштироки бевоситаи олимони соҳибмактаби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мунтазам баргузор карда мешаванд.