Skip to main content

Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Боиси зикри хос аст, ки ойинҳои бостонии миллиамон, ки ҳар сол љашн мегирем, барои мардуми мо азизу муътабар мебошанд. Мо бояд бо қалбҳои саршор аз меҳр ҳофизаи таърихии худро варақгардонӣ намоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи ниёгонамонро пеши назар орем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем. Мо тарғиби суннату анъанаҳо ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда ба роҳ мондаем[1,91].

Мусаллам аст, ки ҳар як халқ ба фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи хоси худ инкишоф меёбад[1,60]. Қобили тазаккур аст, ки Сада ҷашнест, ёдгор аз ниёкони баруманди миллати тоҷдори тоҷик, ки то ба имрӯз ба монеаҳо дучор гардида бошад ҳам, лекин аҳамияти азалии хеш гум кардааст. Ҳамин тариқ, ҷашни Сада ба шарофати Истиқлоли миллӣ дигарбора эҳё гардид. Ҳамзамон Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем[1.10].

Боиси хушнудӣ ва ифтихори мо ҷавонони саодатманди тоҷик мебошад, ки ҷашнҳои аҷдодиамон давра ба давра бо рангу тобишҳои гуногуни миллии муосир эҳё гардида истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки ба ин восита дар қалби нозуки мо ҷавонон, ки саршор аз орзуҳо мебошад, ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои аҷдодии ниёконамон низ ҷойи махсус пайдо мекунад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки санаи 4-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9-уми декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доштанд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тоҷикони ҷаҳон аст, ки санаи 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байни ҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид [2].

Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардидааст, ки дар саросари кишвар баргузор мегардад. Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд. Ин ойини нек муждарасони сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мебошад ва тибқи тақвими халқии тоҷикӣ пас аз анҷоми чиллаи калон баргузор мешавад. Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ моҳияту фалсафаи ин ҷашнро ташкил медиҳад. Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад. Дар ин айём аз рӯи хирад амал кардан, хайру саховат намудан, ба аёдати беморону наздикон рафтан ва либоси идона пӯшидан аз ҷумлаи ойинҳои неки ин ҷанш ба ҳисоб меравад. Сада, моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медимҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд[3].

Ҳамин тариқ, ҷашнгирии иди Сада дар саросари кишвар ба хотири ободиву амну субот, азнав тамизкунии хонаву дар, ба кишту кор шуруъ намудани марди деҳқон, тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, омода намудани заминҳои корам барои кишту кор, ниҳолшинонӣ, ба покизагию ростиву ростқавлӣ ва меҳру шафқат ҳидоят намудан мебошад.

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада ин рамзи муҳаббат ба баҳор,

Сада ин муждаи Наврӯз,

Сада мероси ниёгони ман аст,

Сада ин оташи ҷовиди Хуросони ман аст.

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада, яъне, ки ҳамон хешшиносӣ,

Сада, яъне, ки асолат,

Сада, яъне, ки ҳамин истиқлол,

Сада, яъне, ки ҳамин ваҳдати мост!

Садаи зиндамудом

Оташаи нусрати мост! [4].

Сарчашма:

1. Сайидзода З.Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон.- Душанбе, ҶДММ “Контраст”, 2017, 464 саҳ.

2. “Ҷанши Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/main/view/1396/. Санаи муроҷиат: 17.01.2025

3. Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада. 30.01.2021. ш.Душанбе. Манбаи электронӣ: https://president.tj/event/%27speeches/22583. Санаи муроҷиат: 14.01.2025

4. Озар Салим. Сада. Манбаи электронӣ: https://www.khatlon-rusnoma.tj. Санаи муроҷиат: 14.01.2025

Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна, - корманди Маркази Синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон