Skip to main content

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурӣ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд. Имрӯзҳо дар гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд ва 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштарак Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёнтабор, аз ҷумла, тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ дорад. Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то имрӯзи мо бо як силсила одобу суннат, расму оин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз чун анъанаи Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда, дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззати миллӣ, аз қабили мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, ӯмоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинони ватани азизамон мегардонанд.

Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёнтабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд: “Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад”. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол оину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд. Ҷашни Сада ҳам мисли Ҷашни Наврӯз пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил карда мешавад. Аз рӯи оинҳои Ҷашнии Сада маълум мегардад, ки нишонаи хосае аз Ҷашни Наврӯз ба худ гирифтааст, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар Ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо ҳамчун Ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Худи мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, яъне 50 шабу, 50 рӯз то Ҷашни Наврӯз мебошад. Муҳимтарин рамзҳои Ҷашни Сада офтоб, оташ ва об мебошанд, ки ин унсурҳои табиӣ дар ҷомеаи аҳди бостони ниёгони мо ҳамчун рамзҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳамчунон бояд қайд намуд, ки худи мафҳуми Ҷашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор мебошад. Мардум, бахусус, деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёд буда, моҳияти асосии Ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагӣ аст. Воқеан, оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии Хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Инчунин, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар хушӣ орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур месозанду баъдан, аз болои оташ ҷаҳида, ҳамаи бадиҳову балоҳоро тариқи оташ, ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома доранд. Пас, қайд намудан зарур аст, ки асоси Ҷашни Сада поягузорӣ ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили сазовор ва шоистаи ҷашни Сада барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад.

Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович - ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.