Skip to main content

Имрӯз (06.02.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 32 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи олимону кормандони Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024), Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2024 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.

Ҳамзамон яке аз санаҳои таърихи ин 29 октябри соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба АМИТ, ин бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Марказ 4 ошёна буда, дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст; лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар.

Сохта мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаҳои нави илмӣ имкон медиҳад, ки пояи моддию техникии АМИТ хеле устувор гардида, илми академии ватанӣ дар оянда рушд намояд.

Бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар соли 2024 Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, 3 озмоишгоҳи нави муҷаҳҳаз бо беш аз 60 номгӯйи асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ (дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский) сохта шуда, 3 пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати АМИТ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, барои пешбурди корҳои сейсмологӣ дар Тоҷикистон, таввассути Бонки Умумиҷаҳонӣ рушд ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 32 номгӯи асбобу таҷҳизоти замонавии соҳаи сеймология дастрас карда шуд.