Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 таъкид намуда буданд, ки “беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд” [1].
Дар заминаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудан зарур аст, ки аввалин санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, № 391 "Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, ки дар асоси он ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 моддаи 14(1) дорои мазмуни зайл илова карда шуд: "14(1). Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкили хизмати альтернативӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳро ҳал намуда, дар кори ташкили амнияти коллективӣ ва нигаҳдории қушунҳои стратегии Итиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд".
Баъдан Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 1991 “Дар бораи таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 29 январи соли 1992 “Дар бораи таъсиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 2 апрели соли 1992, №ФП-65 "Дар бораи аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ, ҳарбии бинокорӣ ва роҳи оҳан ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи ИДМ, қисмҳои ҳарбӣ, кӯшунҳои сарҳадӣ дохилӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"", аз 17 сентябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 17 октябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуданд.
Новобаста аз санадҳои қабулшуда, мо ҷонибдори андешаи С.Л. Эгамбердиев мебошем: “Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз нишонаҳои давлат доштани ҳудуди муайян ва артиш мебошад. Дар солҳои 1991-1992 кишвари мо иқтидори мудофиавии сарҳадро надошт ва яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, дурудароз давом кардани он ба набудани артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ рабт дорад. Мавҷуд набудани чунин сохтор, яъне Қӯшунҳои алоҳидаи сарҳадӣ, дар раванди барқарор кардани сулҳу субот таъсири манфии худро расонид. Сарҳади ба истилоҳ беруна (ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Чин), ки аз ҷониби сарҳадбонони собиқИттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя мегардид, нақши буферро иҷро мекард, ки он на танҳо сарҳади Тоҷикистон, балки сарҳади ИДМ-ро қисман ҳифз мекард. Бо дарназардошти вазъияти солҳои 1991-1992, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд”[2].
Муҳимтарин омиле, ки дар бақову тантанаи истиқлоли кишвар саҳми муносиб доштааст, ин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ оғоз гардид. Метавон бо итминони комил гуфт, ки иҷлосияи мазкур ва асноди ҳуқуқии марбут ба он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин иҷлосияи таърихӣ сабаб гашт, ки дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон, пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият, ба мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Муҳимтарин масъала дар ин давра такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Маҷмӯи асноди меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ қабул гардид, гувоҳи минбаъд бо роҳи демократӣ пешрафт намудани кишвар шуд. Табиист, ки таҳкими конститутсионии волоияти қонун, усули таҷзияи ҳокимият, таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, усули плюрализми идеологӣ ва сиёсӣ ва як қатор муқаррароти дигар ҷустуҷӯ пайдо кардани роҳҳои босамару сифатноки татбиқи ҳаётии онҳо ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи таҷрибаи ҳуқуқиву давлатдориро тақозо дошт[3].
Дар ҷараёни иҷлосия як қатор санадҳои муҳим баҳри пешрафт ва сулҳу суботи ҷомеа ба имзо расиданд, ки аз фаъолияти самарабахш дарак медоданд. Ин ҳама пас аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Бо дар назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ, Иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашид. Ҳамзамон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурӣ муқаррар намуд. Тибқи он, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Раиси Шурои Олӣ вогузор карда шуда, ӯ Сарвари давлат гардид. Тибқи моддаи 109-и Конститутсия, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар маҷмӯъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошт. Аз ҳамон давра эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба эътидол пайдо кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар афзунтар гашт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштаанд, зеро таҳти раёсаташон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардида буд, ки ин ба фаъол ва таҳким намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштааст[4].
Дар ихтиёри Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани идораи мутамарказ ва роҳбарии фаврӣ аз болои тамоми қувваҳои ҳарбию низомии мамлакат далели хиради сиёсии роҳбарияти ҷумҳурӣва ҳамчунин зарурати муттаҳид намудани тамоми қувваю воситаҳо ва сафарбар кардани онҳо ба минтақа ва мавзеъҳои осебпазари муқовиматҳои мусалаҳона дар давраи мураккаби барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мубориза кардан бо неруҳои зиддидавлатӣ ва бартараф сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунӣмусаллаҳшуда мебошад. Ва чуноне, ки раванди минбаъдаи ҳодисаҳо нишон доданд, ЭмомалӣРаҳмон дар идораи мутамаркази неруҳои ҳарбию низомӣ ва истифодаи тактикӣ ва стратегии воҳидҳо ва сохторҳо аз маҳорати баланди ҳарбӣ ва интихоб намудани роҳи ҳалли муваффақиятноки он бархурдор аст[5].
Рӯзи 18 декабри соли 1992 бо имзои мӯҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили артиши миллиро фароҳам овард. Вале заминаи амалии он бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд. Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 декабри соли 1992 таъсис дода шуд, бо маҷмӯи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда, нахустсохтори артиши миллӣ, пешоҳанги мубориза бо ҷувваҳои зиддидавлатӣва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусалаҳшуда ҳисоб мешавад.
23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати конститутсионии Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Душанбе - паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз «Фронти халқии Тоҷикистон» унвонии кумондони «Фронти халқии Тоҷикистон» дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 28 декабри соли 1993, № 916 қабул гардид ва дар асоси он қӯшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ташкилоти ҳарбии он гашта барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин Қонун пешбинӣ намуд, рисолат пайдо карданд Қӯшунҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати онон дохил мегарданд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва дар моддаҳои 55 ва 69 он оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои дахлдор дарҷгардиданд. Аз ҷумла дар моддаи 55 додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар моддаи 69 ҳамчун салоҳияти Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муқаррар гардида, ваколатҳо оид ба фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод намудан, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода намудан дарҷ гардид.
Аввалин маротиба дар сатҳи Қонун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал - дар қисми 4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995, № 98 "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамчун рӯзи идонаи корӣмуқаррар гардидааст.
Санади мукаммали ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои мусаллаҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 14 декабри соли 1996, №316 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мутобиқи Қонун вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд: қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал. Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - СарфармондеҳиОлии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад.
Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда айни ҳол чунин санадҳо фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро ба танзим медароранд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, № 6 "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004, № 50 "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004, № 51 "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, № 82 "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №8 362 "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 753 "Дар бораи рӯзҳои ид" 23 феврал чун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда мешавад ва дар ин рӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад, бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.
Пас, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далел баён менамоем, ки халқи тоҷик тӯли таҳаввулоти таърихии худ, баъди ҳазор сол, соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ва баҳри сулҳу суботи кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои бо қонунгузорӣ ба зиммаашон вогузоршударо пурра ва ҳаматарафа иҷро менамоянд.
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Адабиёт:
1. Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2024// https://khovar.tj/2024/02/payomi-shodboshii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-ba-iftihori-r-zi-uvva-oi-musalla-i-um-urii-to-ikiston/
2. Эгамбердиев С.Л. Нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 2020. № 8. - С. 107-112.
3. Самиев Х. Иҷлосия – сароғози таърихи навини тоҷикон //Ба қуллаҳои дониш. 30.10.2012. №12 (1323).- С.7.
4. Сангинзод Д.Ш., Сангинов К.Ш. Пешвои миллат ва соли маърифати ҳуқуқӣ (Монография). – Душанбе: Балоғат, 2024. – С.65-66.
5. ҒаффорӣВ., Сайидзода З.Ш. Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон. –Душанбе: “Контраст”, 2015. - С.188-189.