Skip to main content

«Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст».

Эмомалӣ Раҳмон

12312Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

- Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

- Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

- Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

- Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (ҚҶТ 28.12.05 № 141).

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд.

Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

«Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд. Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад. Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем. Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.

Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд. Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ-фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд. Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд». [Э.Раҳмон. Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23.02.2023.]

Дар воқеъ, Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин зиндагии амну бошарафона насибамон гардидааст.

Ҳамин тариқ, метавон иброз намуд, ки дар ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлол ҷаҳду талош менамоем, ки сазовори боварии халқу Ватан гардида, зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои рушду равнақи кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз хизмати босазо намоем.

23-юми феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна,

лаборанти калони маркази Синошиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон