Skip to main content

123123Модар ягона олиҳаи ҳусну зебоӣ, нотакрортарин инсон барои фарзандон ва бемисл дар рӯи замин мебошанд, ки ҳаёти ҳар инсон аз ӯ маншаъ гирифта, тамоми созандагиҳо, ободиҳо ва пешрафти дунё ба ӯ вобастагӣ дорад, чун ҳар чи дар ин дунё сохта мешавад, кашф мешавад, таҳқиқу баррасӣ мешавад ва дунё рушд мекунад, нафароне ба амал овардаанд, ки онҳоро модаре таваллуд намудааст. Пас ҳурмату эҳтиром гузоштан, ба қадри заҳматҳои содиқонаи модарон расидан ва донистани қадру қиммати ба хусус модар қарзи ҳар як фарзанди боақлу бохирад ва ба ору ба номус ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон ҳатман ишораҳое, нисбат ба зан - модар менамоянд ва аз мардон даъват ба амал меоранд, ки ба қадри занон, модарон, хоҳарон, духтарон ва ҳамсари хеш бирасанд ва онҳоро эҳтиёту эҳтиром намоянд.

Саҳми модарону бонувон дар устуворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд дошта, баҳри тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ нақши арзишманди онҳо назаррас мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣдар Тоҷикистон занону модарон дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намуда, дар пешбурду рушди кишвар саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ ва мақоми зан модарро дар ҷомеа баланд мебардорад ва ҳамеша занону модарон ва духтаронро дастгирӣ менамоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Дар воқеъ зан - модар як шахсияти бузургест, ки барои инсоният қуваву тавон ва нерӯву қудрату матонат мебахшад. Зан-модар буд, ки инсоният тавассути ӯ олиму омӯзгор, муҳандису эҷодкор, ихтироъкору санъаткору меъмор шуданд. Аз ин рӯ Пешвои миллат дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Зан – модар, офаринандаи ҳаёт, муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад”.

Ҳамчунин, Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Танҳо дар давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ ҳудуди 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расонида шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати боло бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳиме иҷро карданд.

Занонро гар зӣ дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Дар муқоиса ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми занонро дар пешбурди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилҳои арзишманд намуда, қайд намудаанд, ки дар кишвар 25 % хизматчиёни давлатӣ, 73 % кормандони соҳаи маориф, 71 % кормандони соҳаи тиб, 47 %кормандони соҳаи фарҳанг, 37 % олимон ва 30 % соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Маҳз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат аст, ки дар зарфи даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон, ки аз ин шумор 11 ҳазору 600 нафар тибқи квотаи президентӣ, 35 ҳазор ҳамчун хатмкардаи макотиби олии кишварҳои хориҷа буда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд. Ҳамзамон ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар, ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд, ки аз хиради азалӣ, донишу малакаи қавӣ, иродаи мустаҳкам ва кӯшишҳову талошҳои пайвастаи зан-модари тоҷик шаҳодат медиҳад.

Хулоса, зан-модар дар ҳар давлату миллат нишон аз бузургиву таъриху тамаддун, фарҳангу расму оин ва шукуфоиву зебоӣ буда, ҳастии ҳаёти башарият ба номи ин олиҳаи нотакрор тавъам буда, барои рушди ҷомеаи ҷаҳон саҳми зан-модар бемисл аст.

ҚУРБОНЗОДА ФАРИДА - ходими илмии шуъбаи ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ