Skip to main content

06 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон ва занону бонувон иштирок намуданд.

Нахуст, ба кори чорабинии идона ровиён бо шеърҳои саршор аз меҳру вафодорӣ, садоқату муҳаббат ба модар ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳо, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.

Дар суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми занону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният хонда, таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош
мекунанд.

Дар идома як зумра бонувон барои хизматҳои арзанда дар соҳаи илм бо ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.