Модар, модар накутарин инсонӣ,
То бовари гарму сарди ҳар давронӣ.
Гаҳ нарму латифу гаҳ матиниву қавӣ,
Нозук зи гулу сахтар аз сандонӣ.
Модар – офарандаи зиндагӣ, таскинбахши дилҳои хаста, беҳтарин марҳам барои дард, соябон ва ғамгусори фарзандон, нури хонадон ва манбаи муҳаббати бепоён аст. Меҳрубонии модар аз рӯзи аввали таваллуди фарзанд то охирин лаҳзаҳои умр, чун офтоб гармӣ мебахшад ва роҳнамоӣ мекунад. Дасти модар нахустин гаҳвораи тифл ва суханаш аввалин дарси зиндагист.
Модар мисли офтобест, ки бо гармии меҳраш дили фарзандро равшан мекунад. Ҳар лаҳзаи зиндагии ӯ саршор аз талошҳо барои хушбахтии фарзандон аст. Аз айёми кӯдакӣ то бузургсолӣ, модар ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд буда, доимо дастгир ва роҳнамои ҷигарбандаш аст.
Асоси рушду камолоти фарзанд аз меҳнату заҳмати хастанопазири модар сарчашма мегирад.
Модар аз аввалин рӯзҳои таваллуди фарзанд шабу рӯз заҳмат мекашад. Ӯ ба фарзанд забон, ахлоқ, тарбия ва илму дониш меомӯзонад. Ҳар як сухани модар барои фарзанд дарси зиндагист. Ҳатто вақте ки фарзанд бузург мешавад, модар ҳамоно аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар буда, бо дуо ва насиҳатҳои хирадмандонааш роҳнамоӣ мекунад.
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба-дон сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Модар аввалин мураббии инсон аст. Аз рӯзи аввал то лаҳзаи охир ӯ ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва ҳидояти худро нисбат ба фарзанд нишон медиҳад.Ӯ на танҳо тарбиятгар, балки муаллим, дӯст ва ҳимоятгари зиндагии мо мебошад.Фидокории модарро бо ҳеҷ чиз андоза кардан ғайриимкон аст. Вай шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзанди худро бо меҳр парвариш диҳад. Вақте ки мо ба мушкилӣ дучор мешавем, аввалин шахсе, ки моро дастгирӣ мекунад ва бо суханони гармаш ором месозад, ин модараст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».
Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмондана нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Модар ягона фариштаест,ки ба ҷигарбанди худ гап задан, рафтору ахлоқи шоистаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо меҳру муҳаббати беандоза меомӯзонад.
Муҳаббати модар софу беғараз буда, фарзанде, ки онро эҳсос мекунад, ҳамеша нерӯманд ва муваффақ хоҳад буд. Дар дилу дидаи модар ҳар фарзандаш мисли гул бебаҳост ва ӯ барои хушбахтии онҳо тамоми ҳастии худро мебахшад.
Аз бузургию хизматҳои модар ҳар қадаре ки сухан кунем, кам аст, зеро модар фариштаеро мемонад, ки тамоми ҳастии худро ба беҳтарин неъмати ба дунё овардааш-фарзанд мебахшад.
Тағаев Алиакбар Пулотович н.и.х, Ходими калони илмии озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ” – и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ