Skip to main content

Модарону бонувони азиз!

Бо самимияту муҳаббати зиёд тамоми модарону бонувони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад, табрику таҳният менамоям.

Воқеан, таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Бори дигар тамоми модарони саодатманди кишваро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният хонда, дар хонадони ҳар яки онҳо рӯзгори хушу босаодатро таманно менамоям!