Skip to main content
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва ифтихории мардуми тоҷик мебошад, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон, Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, ”рӯзи нахустин” буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим, замони пеш аз ислом рост меояд. Бино ба баъзе манбаъҳо, ин ҷашн ба давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) рост меояд. Дар он замон, Наврӯз ҳамчун оғози солшумории офтобӣва фарорасии баҳор таҷлил мешуд. Бо мурури замон, ин ҷашн дар байни халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон паҳн гардид ва ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги онҳо табдил ёфт.

Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣаст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.

Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣ то кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарринсор мужда диҳад, Сада-гардиш ба сӯи фасли баҳор бошад, пас Наврӯз – фаро расидани баҳори дилафрӯз аст. Ба ибораи дигар, ин ва дигар ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд.
Дар робита бо ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад».

Муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳдоштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳдошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Ба ақидаи Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст» . Дар воқеъ Наврӯзро ҳамчун нахустрӯзи офариниши олам, оғози Соли Нав, ғолибияти равшанӣ бар торикӣ, гиристани абри найсону хандаи замину замон, рӯидани сабзаву майса, гулу себарга, насими форами боди баҳорӣ, чаҳ-чаҳу хониши паррандагон, хушҳолии кӯдакон, сайри дашту даман, насими тоза ва парниён гаштани табиат ҳисобидан равост.

Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад. Дар ин рӯз, мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав ба бар мекунанд, таомҳои махсус омода мекунанд ва ба аёдати якдигар мераванд. Яке аз расму оинҳои муҳими Наврӯзӣ пухтани суманак мебошад, ки рамзи фаровонӣва баракат аст. Ин анъанаҳо на танҳо ба зебоии ҷашн зебоии дигаре зам мекунанд, балки арзишҳои инсониро низ инъикос менамоянд.

Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣбо шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус бахшида ба таърихи Наврӯз ва аҳамияти он гузаронида мешаванд, ки насли наврасро бо мероси фарҳангии худ ошно месозанд.

Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар байни дигар халқҳои минтақа низ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамчун омили муттаҳидсозии миллатҳо ва халқҳо нақши муҳим дорад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки баъзан арзишҳои миллӣ таҳти хатар қарор мегиранд, чунин ҷашнҳо метавонанд ба нигоҳдории ҳувият ва фарҳанги миллӣ мусоидат кунанд. Дар Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣва ҳамгироии иҷтимоӣ хизмат мекунад.

Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмуни тоҷикон дар даврони муосир аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ин ҷашн на танҳо мероси таърихӣ, балки омили муҳими рушди фарҳангӣ, таҳкими ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо таҷлили Наврӯз, мардуми тоҷик на танҳо гузашта ва фарҳанги худро эҳтиром мекунанд, балки ба наслҳои оянда низ арзишҳои волои инсониро мерос мегузоранд.

Саидзода Муҳаббат Шералӣ -ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.