Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард.
Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.
Тавре ки дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки
«Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”. Бояд зикр намуд, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз ки чигуна мардуми давронаш аз пиростани хонаву кошона аз Наврӯзи оламафрӯз истиқбол менамуданд, маълумотҳои ҷолиб овардааст.
Бояд гуфт, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз боз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки "Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад." Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва шодии мардум, арзёби гардида, ин ҷашн баёнгари пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад.
Воқеан ҳам мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.
Ҳамасола дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар чорабиниҳои бузурги Наврӯзӣ баргузор мешаванд, ки на танҳо тоҷикон, балки меҳмонони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд.
Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ, Наврӯз ба як воситаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ намуда, барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунад. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як мактаби худшиносӣ, эҳтиром ба гузашта ва пайвастагии инсон бо табиат ва ҷомеа мебошад. Ин ҷашн ҳамеша мардумро ба сӯи якдигар наздик мекунад, рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
Фарзона Маҳмадова - ходими хурди илмии ИФСҲ АМИТ