Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Мардум, алалхусус, деҳқонон аз қадимулайём дар арафа ва рӯзҳои баҳорӣ-Наврӯзи оламафрӯз таронахонӣ мекарданд, ҳамдигарро бо фаро расидани соли нав-иди сари сол табрик гуфта, тӯҳфаҳо эҳдо менамуданд, русуми аҷоибро иҷро менамуданд. Дар тӯли солиёни мутамадӣ як идда мифу пешгӯиҳо низ арзи вуҷуд кардаанд, ки дар онҳо ҷаҳонбинӣ, орзуву ормон, дақиқназарӣ ва кӯшишу ғайрати фарҳангиён, барзгарон, молдорон, косибон ҷиҳати рӯзгори осудаҳолона ифода гардидаанд. Мо мехоҳем, алъон танҳо роҷеъ ба баъзе шугун-пешгӯӣ ва фолу одоби халқӣ, ки марбут ба корҳои зироат сурат мегирифтанд, таваққуф намоем.
Мардуми Бухоро агар лаклакро, ки дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзӣ аз ҷойҳои гарм парида меомад, аз пешаш медиданд, фоли нек мегирифтанд. Ба он мӯътақид буданд, ки корашон омад мекунад ва ба муроди дил хоҳанд расид. Мардум ба ашхосе, ки корашон омад кардааст, мегуфтанд:
-Ибӣ, лаклака ап пешаш дидед? Лаклак паррандаи зебою сафед, қосиди баҳору Наврӯз буда, рамзи хубию хушнудӣқарор гирифтааст. Беҳуда нест, ки оид ба он шугуну тарона ва фолу пешгӯиҳо пайдо шудаанд:
Барфҳо об мешавад, баҳор меояд,
Лаклак ба ҳаво қатор-қатор меояд.
Моҳи Ҳамалу Сарв гулҳо шукуфанд,
Булбул ба сайри лолазор меояд.
Турна низ яке аз он паррандаҳое мебошад, ки ба мардум аз фаро расидани баҳор ва Наврӯзи дилафрӯз мужда меоварад. Деҳқонони мо аз рӯи ҳолати парвози он чӣ тавр омадани соли ҷадиди деҳқониро пешгӯӣ мекарданд, фоли нек мегирифтанд. Турнаҳо бо низом парвоз мекарданд, агар баланд гузаранд, деҳқонон ба таҳлука меафтоданд, ки сол қиматӣшуда, мардум азият хоҳанд кашид. Ва агар онҳо пасту мавзун ва хомуш бигзаранд, мардум фоли нек мегирифтанд, ки зироаташон омад меканад ва сол серҳосил мешавад ва рӯзгорашон осуда хоҳад шуд. Чунин ақидаҳо дар таронаҳои халқӣ ва мифу пешгӯиҳои мардумии оид ба паррандаҳо ифода ва инъикос ёфтаанд:
Турна қатор меояд,
Пайки баҳор меояд.
Мавсими кор меояд,
Фасли баҳор меояд.
Дар авали баҳорон,
Дар домани кӯҳсорон.
Мардуми води Қаротегину Дарвоз фоле доштанд, ки тибқи он авали баҳор ҳар касе бори аввал овози ғукро бишнавад, чашмонашро пӯшида, даст ба замин мениҳод. Ба дасташ сабза ояд, фоли нек мегирифт, ки сол серборон омада, зироати деҳқонӣ хуб нумӯъ мекунад, водиҳо сабзу хуррам гардида, рӯзгори мардум осуда мешавад. Ва агар ба дасти он шахс хок, санг, кулух меомад, фол нек намебаромад. Инсон гӯё камризқ шуда, соли пешомад бефайзу бебаракат ва наҳс шуданаш аз эҳтимол дур набуд.
Дар водиҳои Қаротегин, Хатлон, Дарвоз ва Ҳисор ҳамин, ки пеш аз Наврӯз раъду барқ шуду борони аввали баҳорӣба боридан шурӯъ кард, яке аз аҳли хонавода чумчаро аз равзан ба бом мепартофт. Сипас баромада медид, ки чумча чӣхел афтодааст. Чумча агар рӯяш боз афтода бошад, ин рамзи серборонӣ, серҳосилӣ, фаровонӣ ва файзу баракат буд. Чумча парӯ меафтод, одамон фоли бад мегирифтанд, ки сол камбориш, хушк ва камҳосил меояд. Тибқи ин пешгӯӣ пару мондани даҳани чумча рамзи хушк мондани даҳони мардум будааст.
Дар Самарқанд ва гирду навоҳии он одате буд, ки ҳангоми дидани тиру камони аввалин духтарҳо занҷири дарро мегазиданд, ки то соли оянда ва тиру камони дигар дандонҳояшон дард накунанд ва мисли занҷири дар устувору қавӣ бошанд.
Дар бисёр маҳалҳои кӯҳдоман вақте ки раъду барқ шуда, борон борад, мардум, алалхусус, ҷавонон ба чидани хорчу қӯзақарнӣ(қӯзақандӣ) мебаромаданд. Кассе қӯзақарнии аввалинро, ки пайдо кард, таронаи зайлро тараннум менамуд:
Қӯзақандӣёрата гӯй,
Ёри чилу чората гӯй.
Кампири айёрата гӯй,
Дугонаи зората гӯй.
Бо тараннуми ин қабил таронаҳо одамон табиатро афзун карданӣ мешуданд. Тибқи ақидаи ниёгон хорчу қӯзақарнӣмахлуқи ҷондоре пиндошта мешуданд ва мардум мехостанд, ки бо ин роҳ ёрони онҳоро пайдо намоянд.
Баъзе солҳо баҳор сербориш шуда, зироат ва корҳои боғдорӣосеб медид. Мардум барои пеши офати табиатро гирифтан дегдонро тафсонда оби боронро ба он мепошиданд. Чунин вонамуд мекарданд, ки пои боронро сӯхтаанд, то ки чанд муддате наояд.
Мардуми Қаротегин ва Дарвоз одате доштанд, ки он «домони офтобсӯзӣ» номида мешуд. Деҳқонон рӯзҳои аввали баҳори камофтоб ба писаре, ки дар фасли баҳор таваллуд шуда бошад, латтаи кабудро дар дода мефармуданд, ки онро ба ҷои нури Офтоб расидаи утоқ бимонад. Он латта бояд сӯхта хокистар мешуд. Бо ин маросим одамон гӯё домони Офтоб, яъне абрҳоро месӯхтанд, ки дигар пинҳон нашаванд ва мардум аз пинҳоншавиашон азият набинанд.
Дар деҳоти водии Ҳисор дар ин маврид бачаҳо ба Офтоб муроҷиат мекарданд, ки:
Офтоб, Офтоб!
Дари осмона кушо,
Бачаякон бозӣ кунанд,
Духтаракон шодӣ кунанд.
Дар баъзе маҳалҳои дигар бачаҳо ба Офтоб рӯ оварда, чунин мегуфтанд:
Офтоб, офтоб,
Биё нону ҷурғот хӯрем!
Дар Хатлон ва баъзе нуқоти дигари кишвар хурдтаракон дар ин маврид ба Офтоб мегуфтанд, ки:
Офтоб, Офтоб, биё,
Кулчаву ҳалвот диҳам.
Таронаи дигаре, ки дар он парастиши Офтоб ба таври возеҳхеле равшан ифода ёфтааст, дар байни аҳолии шаҳри Бухоро мураввиҷ буда, ки он «Анҷило» номида мешуд. Ва инро ҳам баъди дилбазан шудани борони бе маврид бо мақсади ҳар чи зудтар аз таги абрҳо баромада, ба мардум гармӣ ато намудани Офтоб тараннум менамуданд:
Анҷилову манҷило,
Ба ҳаққи гумбази тилло.
Ба ҳаққи шоҳи авлиё,
Хуршедхоним фирор кун,
Нимаи биринҷа об кун.
Булур (яъне абр) равад ба шаҳри дур,
Офтоб биёд ба шаҳри мо.
Ба фикри мо чунин маросимҳо осори ақидаи қадимаи парастиши офтоб ва таронаҳое мебошанд, ки ниёгони мо барои парастидан ва бузургдошти Офтобу Моҳтоб месуруданд, ки мо намунаҳои онҳоро дар «Авасто» мушоҳида мекунем.
Соли сербориш дар водиҳои Қаротегину Ҳисор ва Хатлон аз ҳар хонаи аҳли деҳа орд ҷамъ карда, кулчаҳои хушк мепухтанд ва байни мардум қисм мекарданд. Дар яке аз кӯчаҳои деҳа кундаҳоро оташ зада, базм меоростанд ва дар атрофи гулхан мардум рақсу бозӣ менамуданд. Кулчаҳо, ки гирда буданд, рамзи Офтоб ба шумор мерафтанд.
Дар водиҳои Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб дар фасли баҳор борон наборад, мардум ба таҳлука афтода, маросиме тартиб медоданд, ки он «Ашаглон» номида мешуд. Ин маросимро тоҷикони шимолӣ, алалхусус, вилояти Ленинобод ва баъзе деҳаҳои води Зарафшон, аҳолии Самарқанд, вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхандарё «Сусхотун» меномиданд. Ҳангоми иҷрои маросим мардуми Хатлонзамин таронаи зайлро месуруданд:
Гандум синачок аст,
Гандум зери хок аст.
Аз ташнагӣ ҳалок аст,
Ё раб, бидеҳ, ту борон!
Аҳли кӯҳистони марказӣ ва ҷанубу шарқӣ дар ин маврид таронаи:
Ашаглони ростина,
Оста биҷунбон остина.
Гандуми сабзам қоқшудай,
Як бор бирезон боруна-ро тараннум менамуданд.
Дар байни мардум бисёр шугуну пешгӯӣва фолу одатҳое мавҷуданд, ки онҳо ба фаслҳои сол мутааллиқ буда, қобили таҳқиқу баррасии махсус мебошанд. Масалан, деҳконон дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣмуқаррар кардаанд, ки агар дар чилла борон биборад, зимистон бардавом шуда, сербарфу сард меояд. Аз ин рӯ, мардум гуфтаанд:
Дар чилла чу об дидӣ,
Баҳора ба хоб дидӣ.
Муллоева Н.М. н.и.х., Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ