Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нишони ҷашни Наврўз таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Нишони Наврўз, ки бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гаштааст, дар айёми тантанаҳои наврўзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврўзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард бошад.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракатисайёраҳо 21-уми марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарориМаҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллия кишварҳоиОсиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣдоир карда мешавад.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳарсол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомотикишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.
Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳоитуркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёигустариш ёфтаааст.
Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Дехнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайёмсукунат доранд ва мардуми тахҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифзшуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.
Наврӯзи Аҷам – Иди воқеанмиллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад! Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз Наврӯзи дигар мерасонад!
Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!
Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!
Достонҷон Раҳмонов - ходими илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ