Skip to main content

Тағйирёбии иқлим яке аз ҷанбаҳои муҳими мушкилоти глобалӣ буда, дар назди инсоният масъалаҳои наверо матраҳ месозад, ки ҳалли оқилонаи онҳо аз талоши муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад. Вобаста ба ин дар минтақаи Осиёи Марказӣ дипломатияи нав ба вуҷуд омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба воситаи он ба минтақа наздиктар мегардад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо ҷалби захираҳои худ ҷиҳати рушди устувор ва истифодаи манбаъҳои тозаи неру, инчунин дар мубориза бо мушкилоти иқлимӣ, ба шарикони муфиди Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи барномаҳои байналмилалӣ мубаддал мегарданд.

Соли 2015 дар сессияи 21-уми Конфронс оид ба иқлим ҳамаи кишварҳои иштирокдор созишномаи Парижро қабул карданд. Ин аввалин санади қонунии ҳатмӣ дар таърихи ҷаҳон аст, ки кишварҳоро дар талош дар ҳалли тағирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба он муттаҳид кардааст. Ҳадафи созишнома коҳиш додани таърисири манфии партовҳои газҳои гулхонаӣ ва маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонии ҳаво мебошад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, онро -Қазоқистон ва Туркманистон соли 2016, Тоҷикистон- дар соли 2017, Узбекистон-дар соли 2018 ва Қирғизистон-дар соли 2019 тасдиқ карданд[2].

4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд саммит оид ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо иштироки Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми сатҳи баланд дар мавзуи "Осиёи Марказӣ, бо мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ баҳри шукуфоии умумӣ". Дар баробари роҳбарони давлатҳо ва Иттиҳоди Аврупо суханрони намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш нуктаҳои зеринро ба ҳозирин иброз намуданд.

1. Таваҷҷуҳи ҷомеа ҷаҳонӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли қазияи мушкилоти глабалӣ дар бахши иқлим ҷалб намуданд. Тамоми ҷаҳон имрӯз рӯбарӯйи мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест. Оқибатҳои онҳо ба иқтисод ва экосистемаҳои кишварҳои минтақаи мо зарари калон расонида, ба ҳаёти осудаи одамон таҳдид менамоянд. Дар Тоҷикистон ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати ҷаҳиши бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад. Дар чунин шароит танҳо саъю кӯшиши якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ дар бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад[1].

2. Сиёсати Тоҷикистон оид мушкилоти тағйирёбии иқлим. Тайи бист соли охир ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи марбут ба обу иқлимро дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона пешбарӣ карда, ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи захираҳои об заминаи мустаҳкам гузошт. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо инчунин барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои «Рӯзномаи рушди давраи устувор барои то соли 2030» такони хубе доданд. Шубҳае нест, ки байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад. Ба андешаи ҷониби Тоҷикистон рушди энергетикаи “сабз” метавонад гоми мусбате дар роҳи ҳифзи иқлим бошад. Дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ дар заминаи манбаъҳои обии кишвар истеҳсол карда мешавад ва он дар ҷаҳон аз нигоҳи истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дорад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи партовҳои газҳои гулхонаӣ бо нишондиҳандаҳои пасттарин ҳаҷми онҳо дар миқёси ҷаҳон дар ҷойи 130-ум қарор дорад[1].

3. Иқтидори обии кишвар. Кишвари мо ба нақша гирифтааст, ки то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи неру гузарад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади онҳо дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад[1].

4. Обшавии босуръати пиряхҳо. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях дар панҷоҳ соли охир комилан об шудааст. Ин як тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар бахши ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд. Тасаддуф нест, ки Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд[1]. Бар асоси ин қарор моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки ин боз як зуҳуроти нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд. Масъалаи нигаҳдории захираҳои об на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси тамоми ҷаҳон муҳим буда, амалҳои мушаххаси устуворро тақозо менамояд. Аз ин хотир, Ҷумҳуриии Тоҷикистон истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткоронаро ба ин манбаи муҳими ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти об мешуморад. Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон даъвати ҷомеаи байналмилалиро барои афзун намудани маблағгузории тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дастгирӣ менамояд. Ин ба кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ, имкон медиҳад, ки ба пайёмадҳои тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд.

Хулоса, Тоҷикистон, ки дар қаламрави худ пиряхҳои зиёд дорад, проблемаи обшавии босуръати пиряхҳоро як хатари ҷиддӣ барои бақодории манобеи обии худ дар дурнамои миёнаю дарозмуҳлат медонад. Тоҷикистон захираҳои обро, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, ҳамчун манбаи нерӯи барқи барқароршаванда мавриди истифода қарор медиҳад. Тақрибан 98 дарсади неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ки ин омил Тоҷикистонро дар соҳаи “энергетикаи сабз” пешсаф кардааст. Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қазияи марбут ба тағйироти иқлим дар асоси дипломатияи судовари Пешвои миллат дар арсаи таъмини сулҳу ороми ва ҳалли мушкилоти глобалӣ пешрафт менамояд. Нуктаҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйироти иқлим инҳоянд:

1. Ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо;

2. Қабули қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо;

3. Тадқиқот ва мониторинги илмӣ;

4. Стратегияи рушди “иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037;

5. Стратегия ва барномаҳои давлатӣ.

Сиёсати иқлимии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории онҳо як мавзӯи муҳиме мебошад. Давлатҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дар шароити тағйироти иқлимӣ ва таҳаввулоти геосиёсии ҷаҳон, ба сиёсати иқлимӣ ва энергетикӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Ин кишварҳо, бо вуҷуди рушди устувори иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, ҳамчунин бо мушкилоти экологӣ ва тағйироти иқлимӣ мувазеҳ ҳастанд. Мавқеи Иттиҳоди Аврупо низ

бо аҳамияти муҳим додан ба масъалаҳои экологӣ ва тағйироти иқлимии глобалӣ фарқ менамояд.

Соҳиби Баҳруло - ходими хурди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда:

1. Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ баҳри шукуфоии умумӣ».//[Манбаи электронӣ] URL: https://www.president.tj/event/news/50516(санаи муроҷиат: 08.04.2025).

2. Центральная Азия: последствия изменения климата будут удручающими. //[Манбаи электронӣ] URL: https://longreads.cabar.asia/climatechangecentralasia(санаи муроҷиат: 08.04.2025).