Skip to main content
Магистрантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», ва «Магистранти сол» ширкат варзида соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Зарифов Маҳммадзариф Ҷамшедович дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Инчунин, Давлатова Мунзифа Шукришоевна барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва барои дастоварҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ва Буриев Умед Рустамович барои дастоварҳои дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон Султонзода Ҷасурбек магистранти курси 1- и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Муборакшоҳ барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2025 гардиданд.