Май 23, 2025 10:24
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ин қишр ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи солим дар тамоми давру замонҳо такя ба қувваи асосии пешбарандаи он- ҷавонон менамояд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».
Бо такя ба ин суханони Пешвои миллат бояд гуфт, ки ҷавонони давраи соҳибистиқлолӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа ва неруи созандаи имрӯзу фардои миллати тоҷик ба шумор мераванд. Ҳамзамон ҷавобан ба ғамхориҳои ҳукумату давлат имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон бо неруи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ саҳм гузошта, сазовори боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат гардидаанд.
Дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин якчанд ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар ҷавони саодатманди мамлакат мебошанд.
Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъмин намудани ҳуқуқҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар тамоми соҳаҳо ва қишрҳои ҷомеа имрӯз саҳми ҷавононро мушоҳида кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, дар самти омӯзиши илму дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии техника ва технологияи муосир ҷавонон пешсаф мебошанд. Илмандӯзӣ метавонад наврасону ҷавононро аз ҳар гуна омилҳои номатлуб эмин нигоҳ дошта, ба ташаккули хештаншиносию ватандӯстии онҳо таъсири мусбат расонад.
Пеш аз ҳама, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши Пешвои миллат беандоза калон буда, ҷавонон пайваста дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон қарор доранд. Сарвари давлат ҳамчун шахсияти сиёсӣ дорои таҷрибаи мактаби бузурги давлатдорӣ буда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти илм ва оммавигардонии илму дониш талошҳои пайваста менамоянд. Илммеҳварии Пешвои миллат боиси рушду ишкишофи илми тоҷик ва мактаби миллии тоҷикӣ гардидааст, зеро дар ин самт ба неруи ҷавонон такя менамоянд. Ин буд, ки олимони ҷавони тоҷик дар даҳсолаи охир ба натиҷаҳои баланди илмӣ ноил гашта, дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва мутобиқгардонии илм ба истеҳсолот саҳми арзанда мегузоранд.
Солҳои охир Ҳукумати мамлакат якчанд барнома ва стратегияҳои давлатиро бо мақсади рушди илми муосир дар соҳаи илму маориф ба роҳ мондааст. Аз қабили озмунҳои фаннӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, озмуни «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳое, ки ба рушди соҳаи илмҳои риёзию дақиқ ва ихтирооту навоварӣ таъсири муфид мерасонанд. Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир дастовардҳои илмии ҷавонони мо дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд гашта, таҳқиқоти муҳаққиқони мо дар истеҳсолот амалӣ мегарданд.
Ҷавонони саодатманди тоҷик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ давлати ҷавонашонро, ки истиқлолияти комилро соҳиб гардидааст, танҳо бо роҳи илм ва инкишофи саноат метавонанд пешрафтаю мутараққӣ гардонанд.
Дилафрӯз ДОСТИЕВА, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон