Skip to main content

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар XVII-умин Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон,4 июли 2025

4 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Зикр карда шуд, ки ҳаҷми тиҷорати миёни кишварҳои аъзо, ки ҳиссаи он дар соли 2024 ба 33% ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ташкил дода, нисбат ба соли 2023 18% зиёд гардидааст. Зимнан ба густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲИ дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳими таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки Котиботи Созмон дар баробари таҳлилу баррасии натиҷаҳои иҷрои санади “Чашмандози ЭКО-2025”, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо санади дигареро, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст, таҳия намояд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, рушди иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон ба таври умум тамоюли мусбатро нигоҳ медорад. Дар ин самт рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита муҳим дониста шуд. Ҷонибдории Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо таъкид гардид.

Пешниҳодҳо:

1.Рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ ҳамчун иқдомоти зарурӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт, ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода шавад. Чунин тадбир ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

2.Тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои рушду густариш ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, аз ҷумла истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз” ҷалб намуданд. Дар он татбиқи пурраи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро барои кишварҳои иштирокдори он муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи СҲИ-ро ба манфиати кор номиданд.

3.Маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории Тоҷикистонро аз тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ, баён намуданд. Зарур шумурда шуд, ки маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус миёна ва хурд дастгирӣ ва афзоиш дода шавад, зеро ин иқдом, бешубҳа, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ самти дигари ҳамкории самаранок номида шуд.

4. Тағйирёбии иқлим. Дар он Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар баробари таъсири манфии оқибатҳои он ҳамоно осебпазир боқӣ мемонанд. Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч, тарма ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон зарари зиёд мерасонанд, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Зарур шумурда шуд, ки дар доираи Созмон барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таҳдиди офатҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар доираи барномаҳои ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии низоми экологӣ ва мубодилаи таҷрибаву технологияҳо дар ин соҳаҳо ба манфиати кор дониста шуд.

5. Робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарӣ. Тоҷикистон ҳавасманди идомаи таҳкими робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарӣ дар чорчӯби СҲИ мебошад. Дар ин самт ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ такони тоза бахшида шавад.

7. Мураккабшавии вазъи буҳрони сиёсию ҳарбии ҷаҳон. Аз вазъи имрӯзаи мураккаби ҷаҳон ва шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кишвари мо ҷонибдори коҳиши шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Дар фарҷоми сухан Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки натиҷаи нишасти имрӯза ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ такони муассир хоҳад бахшид.

Хулоса, Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорибиҳои сатҳи олӣ мақоми кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам менамояд. Созмони ҳамкории иқтисодӣ метавонад дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошад. Дар доираи ҳамкорӣ бо СҲИ ва ҳадафҳои байналмилалӣ ва дохилии худро дар арсаи байналмилалӣ амалӣ намояд. Дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ соҳаҳои зерин сиёсати хориҷии Тоҷикистон асоснок менамояд, аз ҷумла рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз” маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ, тағйирёбии иқлим, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва мураккабшавии вазъи ҷаҳон.

Соҳиби Баҳруло, ходими хурди илмии Шуъбаи шуъбаи ИДМ - и Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ