Skip to main content

Имрӯз, 13 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс мулоқот намуд.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи зинаҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо дар оянда олимони тарафайн метавонанд таҳқиқотҳои муштараки археологиро дар якҷоягӣ гузаронда дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Ҳамзамон дар самти омода намудани мутахассисон аз ҳисоби магситрантон ва докторантони PhD дар бахши илмҳои таърихшиносӣ ҷонибиҳо ба мувофиқа омаданд.

Дар идома ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд.