19 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи ибтидоии иҷроияи “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт рӯнамоии ҷилди 4- уми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш ҳузури меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат, ки қадамҷои бузургони миллат мебошад хайрамақдам гуфта, ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт самимона муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ роҳбарияти академия зикр доштанд, ки Душанбе ҳамчун гаҳвораи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардидааст, зеро 9-уми сентябри соли 1991 маҳз аз шаҳри Душанбе муждаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони кишвар ва оламиён шуниданд.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёд туҳфаи тақдир буд ва пас аз соҳибдавлатӣ ҳар фарди тоҷик худро ҷузъи ҷудонашавандаву арзандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос намуд. Пас метавон гуфт, ки Душанбе на танҳо пойтахти давлат, балки авранги бахту иқболи миллат аст. Таъкид гардид, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Пойтахт ҷилди чоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» аз нашр баромад. Китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо сифати баланд чоп шуда, дар муқоваи он акси Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷой дода шудааст. Ҷилди чаҳоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» фарогири мақолаҳои 28 нафар чешраҳои маъруфи кишвар мебошад. Ҳар як мақола дар асоси санаду далел таълиф гардидааст ва ҷараёни меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос менамояд.
Дар идома олимону муҳақиқон суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешрафту ободонии мамлакат ёдовар шуданд. Воқеан пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдодҳои муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконпазир мебошад.