Skip to main content
Истиқлолият на танҳо ҳаққи қабул кардани қарорҳо дар сатҳи давлатӣ аст, балки қобилияти воқеии муҳофизат кардани манфиатҳои давлат ва шаҳрванд, муайян кардани афзалиятҳои миллӣ ва мубориза барои мустақилият аз фишорҳо ва таҳдиди беруна мебошад. Тоҷикистон пас аз воридшави дар арсаи ҷаҳон 34 сол мешавад, ки ҳамчун субъекти сиёсӣ ва иқтисодии байналмилалӣ фаъолият дорад. Дар даҳ соли аввали Истиқлолият, Тоҷикистон ба буҳрони сиёсиву ҳарбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилот рӯ ба рӯ шуд, ки хатари ҷиддӣ ба истиқлолии кишвар эҷод буд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар назди Ҳукумати кишвар вазифа гузошта шуд, ки мавқеъ ва нақши Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ бо мақсади амалисозии афзалиятҳои кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созад.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ба шарофати саъю талошу кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати созанда ва ҳамзистию осоиштаро ба вуҷуд оварда, Тоҷикистон дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол менамояд. Тоҷикистон давлатест, ки меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалиро пайваста риоя менамояд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон тавонист, ба иқдомҳои амалии худ ба сиёсати сулҳофаринӣ, ҳалли масъалаҳои об, пиряхҳо ва сарҳадҳои худ дар таҳкими сулҳу субот ва амнияту мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ саҳми арзанда мегузорад.

Барқарорсозии соҳибихтиёрии кишвар дар шароити душворе, ки фазои пасошӯравӣ ба вуҷуд оварда буд, инчунин дар давраи дигаргуниҳои амиқи геосиёсӣ сурат гирифт. Дар баробари он пас буҳрони сиёсиву ҳарбӣ дар кишвар вазифа гузошта шуд, ки мувофиқи он фароҳам овардани шароити мусоиди сиёсати хориҷӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегии тараққиёти мамлакат боз ҳам масъулиятноктар шуд.

Дар радифи амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрванд бешубҳа ба дипломатияи муосири тоҷик тааллуқ дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои кишвар дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорат, ки барои таъмини фаъолияти Вазорат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд, инчунин муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад. Таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ба пешниҳодҳои дахлдор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳимтарини Вазорат маҳсуб меёбад.

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлатии худро эълон намуд. Санаи эълони таърихии кишвар 24 августи соли 1990 буда, дар даъвати дувоздаҳуми Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони Истиқлолият дар муносибатҳои байналмилалӣ худро ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфтааст[7].

9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул ва эълон намуд. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 тағйироту иловаҳо ба Эъломияи мазкурро қабул кард. Бо шарофати истиқлолият миллати тоҷик баъди ҳазорсол бори дигар соҳиби давлат, замин ва дигар арзишҳои миллӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти истиқлолият аъзои созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ташкилотҳои молиявӣ гардида, моҳи декабри соли 1991 ба Протоколи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳод” дар шаҳри Маскваи Федератсияи Россия имзо гузошт. 26 феврали соли 1992 ба Созмони байналмилалии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, 2 марти 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид аъзо шуд. Инчунин моҳи апрели соли 1992 ба Созмони байналмилалии тандурустӣ ва октябри 1992 Ассотсиатсияи байналмилалии байторӣ аъзо гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани низоми муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ ин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба шумор рафта, равобити муносибатҳои байналмилалиро ба танзим медарорад ва дар давлатҳо ратификатсия шудаанд. Ин низоми эътирофшуда байналмилалӣ, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Эъломияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ мебошад, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 11 марти соли 1996 ба тасвиб расонидааст. Эътиборномаи тасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1996 ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида шуд[4].

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия пас аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки паҳлуҳои байналмилалии он зикр карда шудааст. Дар моддаи 10 ва 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои байналмилалии он зикр шудааст, ки чунинанд:

-Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

-Моддаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад”[2].

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф сиёсати бисёрҷанбаи хориҷиро амалӣ менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлатию миллӣ ҷавобгӯ буда, ба роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон хизмат мекунад ва ба эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст. Вобаста ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қонунҳо, низомнома ва фармонҳоро қабул кардааст, ки чунин аст:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, № 12, мод. 827) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1574).

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ, ки 23 июли соли 2016, №1326 тасдиқ шудааст.

-Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 593 тасдиқ шудааст.

-Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1995 № 165 тасдиқ шудааст.

-Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30 июли соли 1998, таҳти №275 тасдиқ шудааст.

-Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 332 тасдиқ шудааст.

-Фармони Низомнома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”[2].

Маҳз қонунҳои зикр гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамоянд.

Дар сиёсати хориҷии давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон Консепсияи сиёсати хориҷӣ мавҷуд аст, ки соҳаҳои муҳими рушди давлатро дар бар мегирад. Тоҷикистон пас аз истиқлолият ба марҳилаҳои зерини Консепсияи сиёсати хориҷиро қабул намуд, ки дар амалишавии ҳадафҳои гузоштаи давлат нақши назарраси худро гузошта истодааст.

Марҳилаи якум, 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад намуданд, ки Консепсияи аввали сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мерафт. Аввалин самтҳои Консепсияи сиёсати хориҷӣ:

Ҳавзаи якум — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба самти таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дуввум — Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.

Ҳавзаи саввум — фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳануз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихи ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунанд.

Ҳавзаи чаҳорум — доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои руҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба хам мепайванданд.

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум — ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба суйи тамаддуни воҳиди умумибашари роҳ мепаймояд[5].

Бо шарофати Консепсияи зикргардида ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо таваҷҷуҳ намуда, дар натиҷа Тоҷикистони ҷавон, бо 80 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар ин давра Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, талафоти бузурги инсонӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба бор овард, ки барқарорсозии онҳо хеле душвор буд. Бо истиќрори њокимияти конститутсионї дар кишвар вазифа ва њадафи аслии Тољикистон масъалаи оташбас ва расидан ба сулњ дар кишвар буд. Татбиқи ин ҳадафҳо ба тамоми сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти кишвар, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи тамомияти арзии он тобеъ буд. Ташаккул ва тасдиқи сиёсати берунии Тоҷикистон бо душвориҳои калон гузашт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, яке аз вазифаҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон ташаккули заминаи ҳуқуқии байналмиллалии ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҳам дар чаҳорчӯби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба буд. Дар баробари ин андўхтани таҷриба дар фаъолияти дипломатӣ ва вазифаи ташаккули механизми таъмини манфиатҳои стратегии миллӣ дар хориҷи кишвар дар мадди аввал меистод. Мушкилоти ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он буд, ки вай амалан аз сифр оғоз ёфт. Дар мамлакат анъанаҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ вуҷуд надоштанд. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва тамоми кӯшишҳо барои хотима додан ба он ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ равона карда шуда буданд, ҳукумат воқеан танҳо дар соли 2001 ба таҳияи сиёсати хориҷӣ шурӯъ кард.

Марҳилаи дуюм, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пас аз сиёсати муваффақи сулҳҷуёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он давра созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба анҷом ёфта буд ва давлат ҳамчун кишвари ором дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд, марҳилаи навро дар таърихи робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик сабт намуд. Вазъи оромии сиёсии кишвар имкониятҳои навро ба давлати ҷавон дод. Соли 2001 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди бозгашти сулҳу оромиш муайян кард[1]. 4 сентябри соли 2002 санади ҳуқуқӣ, яъне Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим намуд, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид[3]. Соли 2002 давраи даҳсолаи дуюми ташаккулёбӣ дар сиёсати дохилию хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин давра Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаро эълон шуд.

Бояд қайд кард, ки баъди имзои созишномаи Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти сиёсати дохилию хориҷии кишвар тағйирот ба амал омад. Дар сиёсати хориҷӣ бо эълони сиёсати “дарҳои боз” соли 2002 дар муносибатҳои сиёсию дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи олӣ мулоқотҳо анҷом ёфт, ки дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҷаҳон саҳифаи навро гузошт. Моҳияти сиёсати “дарҳои боз” аз он иборат аст, ки вобастагии сиёсии давлатро ба давлати дигар поён бурда, муносибати сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои робитаҳоро ба давлатҳои ҷаҳон барқарор ва густариш медиҳад.

Марҳилаи сеюм, дар тӯли беш аз 10 сол пас аз қабули Консепсияи қаблӣ раванди босуръати дигаргунсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ идома ёфт, вазъи минтақавӣ тағйир ёфт, чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амният ба миён омаданд. Зарурати нав кардани Консепсияи хозираи сиёсати хорирӣ ба миён омад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар назди кормандони дипломатии кишвар 15 марти соли 2013 ба зарурати таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар ишора намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ супоришҳои дахлдор дод. Шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд. Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрўза тақозо мекунанд, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва мўҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурўҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ бо 187 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад.

Дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рўзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмидалиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад. Иштироки љумњурї дар фаъолияти созмонњои байналмилалї ва минтаќавї (СММ, САЊА, ИДМ, СПАД, СЊШ, ЭКО, МЊБТ ва ѓайра) яке аз њадафњои сиёсати хориљї ќарор гирифта буд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ муносибатҳои дарозмуддат ва устувор бо шарикони анъанавӣ, аз ҷумла кишварҳои узви ИДМ мебошад. Аз Консепсия бармеояд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти суръат ва сатҳҳои гуногуни ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод барои амиқтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд саъй хоҳад кард.

Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ муҷиби аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва пайваста афзудани нақши унсури иқтисодии масьалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рў, истифодаи муассир ва самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгароии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст[6].

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташкили давлати миллӣ, барқароршавии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992 бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муносибатҳои мутақобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Маҳз зери сиёсати босамари Пешвои тоҷикони ҷаҳон дипломатияи сиёсӣ, иқтисодӣ, мардумӣ ва парлумонӣ эҳё шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишвар (солҳои навадум) бо роҳи дипломатияи сиёсӣ ҳалли худро ёфт. Яъне Пешвои миллат бо роҳи гуфтушунид бо намояндагони хориҷию мухолифин тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ саривақт наҷот диҳанд[6].

Соҳиби Баҳруло, ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

1. Аслов Сироҷидин. Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ. Маҷаллаи илмиву назариявӣ ва иттилоотӣ.Сиёсати хориҷӣ, №2, 2016 С-7

2. Возорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ. [Манбаи электронӣ]URL: https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/zaminahoi-huquqii-sijosati-khoriji(санаи муроҷиат:16.03.2023)

3. Мирзоев Н.М. Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолият: бунёдгузор ва раҳнамои сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]URL:https://tnu.tj/wp-content/uploads/2021/05/ba-isti-boli-30-solagii-isti-lolijat.pdf (санаи муроҷиат:16.03.2023)

4. Нақши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони Истиқлол. [Манбаи электронӣ]URL: https://amit.tj/ru/node/1181?page=59(санаи муроҷиат:16.03.2025)

5. Раҳмонов Эмомали. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат [Текст] / Иборат аз чаҳор чилд. Чилди аввал.- Душанбе. «Ирфон», 2002, 512 c. С-167

6. Сохиби, Б. Ҷанбаҳои таърихии ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Индонезия дар даврони навин / Б. Сохиби // Осиё ва Аврупо. – 2025. – №. 2(22). – P. 132-138. – EDN ZXRRGY.

7. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди давлати навини Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]URL: https://donish.org/ru/course/learn/36-sinfi-8/lesson/573--3.-e-lomiyai-istiqloliyati-davlatii-tojikiston-va-o-ozi-bunyodi-davlati-navini-tojikiston(санаи муроҷиат:16.03.2023)