Нимаи дуюми рӯзи 22 апрел Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳо аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) боздид ба амал оварданд.
Дар заминаи ин боздид роҳбарияти академия аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳое, ки дар заминаи маркази мазкур фаъолият менамоянд, зимнан аз натиҷаву таҳқиқотҳои илмӣ бадастомадаи олимону кормандон аз наздик шинос гардиданд. Пас аз боздиди озмоишгоҳҳо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори маҷлисгоҳ бо кормандони маркази мазкур вохурӣ доир намуда, ҳамзамон оиди фаъолияти олимону кормандони академия дар лабараторияву озмоишгоҳҳо, тадбиқи илм дар истеҳсолот, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ёдовар шуда, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) тибқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст ва расман аз 1 апрели соли 2017 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуд.
Умуман, ҳадафи асосии Марказ мусоидат намудан ба таҳқиқот дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок ба шумор меравад.