Skip to main content

“Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 34-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.

Дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас мебошад.

Аз рӯзи роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию бономуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталикишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд. 

Исмоилов Ризо Ахмадович - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ