Skip to main content

Шоми 7-уми сентябр, бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Чорабинӣ на танҳо ба таҷлили Истиқлол бахшида шуда буд, балки як имконияти нодирро барои мушоҳидаи гирифти пурраи Моҳ барои мардум фароҳам овард.

Дар оғоз, кормандони институт меҳмононро бо таърихи Институти астрофизика, фаъолияти расадхонаҳои кишвар ва имкониятҳои телескопҳои мавҷуда шинос карданд. Экскурсия таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард, зеро мардум бо чашмони худ таҷҳизоти илмӣ ва телескопҳои бузурги кишварро диданд.

Қисми ҷолибтарини барнома мушоҳидаи осмон буд. Иштирокчиён тавассути телескопҳо гирифти пурраи Моҳ, маъруф бо номи «Моҳи хунин»-ро мушоҳида карданд. Номи рамзӣ бо он рабт дорад, ки дар вақти гирифт сатҳи Моҳ ранги сурхчатоб мегирад. Мутахассисон ба мардум фаҳмониданд, ки чунин ҳодисаҳо комилан табиӣ ва бехатар мебошанд ва ягон гуна хатари асотирӣ ё «нишонаи фалокат» надоранд. Илова бар ин, барои меҳмонон имкони мушоҳидаи сайёраи Зуҳал низ фароҳам оварда шуд. Барои бисёриҳо ин нахустин мушоҳидаи сайёраи бузурги ҳалқадор буд.

Дар чорабинӣ тақрибан 400 нафар ширкат варзиданд. Ҳар кас бо таассуроти равшан ва таҷрибаи нодир ба хонаҳои худ баргашт. Барои насли ҷавон, ин як дарси зиндаи астрономия шуд, ки эҳсоси кунҷковӣ ва шавқ ба илмро қавитар гардонд.

Бо вуҷуди дастрас будани маълумоти илмӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно баъзеҳо гирифти Моҳро бо тарсу хавф тавсиф мекарданд: гӯё «нишонаи гуноҳон» ё «аломати ҷанг». Дар ҳамин чорабинӣ олимон ба мардум фаҳмонданд, ки ин равандҳо аз қонуниятҳои табиии ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб сарчашма мегиранд ва ҳеҷ гуна зарар надоранд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ширкат варзида, гузоришҳои хуб омода карданд. Ин худ далели он аст, ки ҷомеа ба илм таваҷҷуҳи зиёд дорад ва чунин чорабиниҳо ба густариши ҷаҳонбинии илмӣ мусоидат мекунанд.

Рӯзи дарҳои кушод дар Расадхонаи Ҳисор нишон дод, ки илм метавонад беҳтарин воситаи бартараф кардани тарсу хурофот бошад. Ин чорабинӣ на танҳо таҷлили Истиқлол, балки як қадами устувор барои тарғиби маърифати илмӣ дар ҷомеаи тоҷик буд.