Skip to main content

Имрӯз, 14 май дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши ифтитоҳи оркестри симфонии ҷавонони ИДМ дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар ин намоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбулоғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст. Оркестр бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барои ширкат дар консерт бахшида ба Форуми II-и зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои узви ИДМ ҷамъ омада буд. Барномаи консертиро Ҳунарпешаи мардумии Русия, Қазоқистон ва Тотористон Фуат Мансуров роҳбарӣ кард.

Бояд гуфт, ки мавқеъи оркестри симфонии чавонони — Озарбойчону Арманистон, Белоруссия ва Қазокистон, Қирғизистон ва Узбекистон, Туркманистон сол то сол васеъ мешавад. Консертҳои оркестр дар толори Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шудаанд.

Дар оркестри мазкур дирижёрҳои варзидаи кишварҳои гуногун – Ю.Симонов, М.Горенштейн, В.Спиваков, Р.Осмоналиев, А.Кабдурахмонов, В.Валеев ва бисёр навозандагони барҷастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор мекарданд.

Ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод Сергей Скрипка раҳбарӣ мекунад. Дар Душанбе ҳамроҳи маэстро роҳбари бадеии Оркестри давлатии симфонии Туркманистон Расул Кличев ва дирижёри оркестри симфонии ба номи Жуковский Константин Науменко ба курсии дирижёрӣ мебароянд. Инчунин бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар оркестр дирижёрҳо Далер Тиллоев ва Алишер Олиев намояндагӣ мекунанд.

Дар ҳайати оркестри симфонӣ аз рӯи анъана навозандагони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ғолибони озмунҳои бонуфузи мусиқӣ шомиланд. Дар барномаи консертӣ дар Душанбе асарҳои мусиқии маъруфи классикии бастакорони рус, тоҷик ва хориҷӣ шомиланд.

Қобили зикр аст, ки Оркестри ҷавонон яке аз лоиҳаҳои барҷастаи МФГС мебошад, ки ҳадафи он на танҳо фаъолиятҳои консертӣ, балки ба навозандагони ҷавон имкони беназири муошират бо дирижёрҳои барҷаста ва устодони барҷастаи иҷрои оркестр аз тамоми кишварҳои ИДМ мебошад.

Ғайр аз ин, дар ҳамаи мамлакатҳое, ки оркестр ҳунарнамоӣ мекунад, барои навозандагони ҷавон барномаи гуногуни маданӣ тайёр карда мешавад.