Мақолаи академик Фарҳод Раҳимӣ, ки дар шумораи 21 январи соли 2026-и рӯзномаи «Минбари халқ» нашр шудааст, ба мавзӯи хеле муҳим ва саривақтӣ бахшида шудааст: саҳми ташаббуси Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ тавассути эҳёи хотираи таърихӣ. Ин ташаббус, ки дар мулоқот бо намояндагони илму фарҳанг 13 январи соли 2026 ба миён гузошта шуд, оид ба бунёди Маҷмааи таърихию фарҳангии эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мебошад.
Муаллиф бо диди амиқи таърихӣ ва фалсафӣ ин иқдомро ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, онро посухи муносиб ба чолишҳои муосири ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ медонад. Ин нуқтаи назар комилан асоснок аст, зеро дар шароити муосир ҳифзи ҳувияти миллӣ на танҳо масъалаи сиёсӣ илмии фарҳангӣ, балки омили асосии суботи иҷтимоӣ ва давлатдории устувор ба ҳисоб меравад.
Академик Фарҳод Раҳими такид менамояд, ки: “Дар шароити имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ шиддат гирифтаанд, эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллй аҳаммияти дучанд пайдо мекунад ва бунёди чунин Маҷмаа ҳамчун як сипари маънавӣ хизмат намуда, ҳувияти миллиро аз фаромӯшшавӣ, таҳриф ва бегонашавӣ ҳифз менамояд. Дар ин замина, бояд махсус таъкид кард, ки ин иқдоми созанда ва фарҳангӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, ҳамчун пайрави асили сиёсати хирадмандона, фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ мегардад”.
Аз ҷиҳати назариявӣ мақола ба таври хуб асоснок шудааст. Муаллиф ба суннатҳои қадимии тоҷикон дар арҷгузорӣ ба бузургони худ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва истифодаи он ҳамчун сарчашмаи ҳикмат такя мекунад. Инҳо бо далелҳои таърихӣ тасдиқ мешаванд: тоҷикон ҳамеша мазорҳо, оромгоҳҳо ва номҳои ҷовидонро ҳамчун рамзи пайванди наслҳо ва идомаи руҳи миллат нигоҳ доштаанд. Дар ин замина ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба овардани хоки мазори бузургони миллат аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон (аз ҷумла аз Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайра) ва бунёди мақбараҳои рамзӣ дар як фазои воҳид дар Душанбе ҳамчун амали рамзии давлатдорӣ ва эҳёи руҳи миллат арзёбӣ мешавад.
Муаллиф ду ҷанбаи муҳимро хеле хуб равшан мекунад:
1. Аҳамияти маънавӣ ва тарбиявӣ. Маҷмаа на танҳо иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавии миллӣ хоҳад буд, ки гузашта, имрӯз ва ояндаро ба ҳам мепайвандад. Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ, макони андеша, ибрат ва худшиносӣ табдил меёбад ва барои насли ҷавон мактаби зиндаи таърих мегардад.
2. Аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ. Ташаббус ҳамчун сипари маънавӣ аз фаромӯшшавӣ, таҳриф ва бегонашавии ҳувияти миллӣ ҳимоя мекунад ва эҳсоси ҳамбастагӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад.
Аз лиҳози методологӣ мақола ба таври системавӣ сохторбандӣ шудааст: аз муқаддимаи умумӣ (аҳамияти ташаббус дар шароити муосир) то таҳлили моҳияти он (овардани хокҳои муқаддас, бунёди мақбараҳои рамзӣ, ҳамоҳангӣ бо унсурҳои анъанавӣ ва муосир), ва дар охир – хулосаҳои фалсафӣ ва тарбиявӣ. Ин сохтор ба хонанда имкон медиҳад, ки мавзӯъро пурра дарк намояд.
Қобили зикр аст, ки муаллиф бо услуби илмӣ-оммавӣ мақоларо навиштааст, ки барои нашрияи сиёсӣ-фарҳангӣ («Минбари халқ») хеле мувофиқ аст. Истифодаи ибораҳои рамзӣ («пулҳои маънавӣ байни дирӯз, имрӯз ва фардо», «муқоламаи хомӯши наслҳо», «қалби зиндаи хотираи миллӣ») матнро ҳам эҳсосӣ ва ҳам илмӣ мегардонад. Ҳамзамон, такя ба паёмҳои Пешвои миллат ва идомаи сиёсати давлатӣ ба мақола ҳусни расмият ва аҳамияти амалӣ мебахшад.
Аз нуқтаи назари илми таърих мақола дорои қувваи муайяни таҳқиқотӣ аст, зеро ба масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ҳамчун унсури асосии худшиносии миллӣ дар давраҳои мухталиф такя мекунад. Ин масъала дар илми таърихи муосири тоҷик (махсусан дар корҳои оид ба давлатдории миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ) мавқеи муҳим дорад ва ташаббуси мазкур метавонад ҳамчун намунаи амалии татбиқи ин консепсия хизмат кунад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз менамояд, ки: “Дар маҷмуъ, иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардад, ҳамчун қадами таърихӣ, созанда ва фарҳангофар дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад. Ин ташаббус далели равшани пайвасти амиқи гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик буда, нишони арҷгузории хосса ба бузургони таърих ва ҳамзамон, ифодаи садоқат ба арзишҳое мебошад, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатдории миллӣ қарор додаанд.”.
Мақолаи академик Фарҳод Раҳимӣ як кори илмӣ-оммавии баландсифат аст, ки саҳми ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалиро дар таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ бо далелҳои қавӣ ва таҳлили амиқ нишон медиҳад. Ин ташаббус ҳамчун қадами таърихӣ, созанда ва фарҳангофар арзёбӣ шуда, идомаи мактаби бузурги давлатдории миллӣ мебошад. Мақола барои пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ доранд, манбаи муфид ва илҳомбахш хоҳад буд.
Ширин Қурбонова - сарходими Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих




