Марҳалаи муосири рушди ҷаҳонӣ бо низоъҳои шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин зиддиятҳои сиёсӣ тавсиф мегардад. Дар ин замина, поёни низоми тартиботи дуқутба боиси тағйироти назаррас дар принсипҳои суботи стратегӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Ҳоло амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дигар ҳамчун масъалаи рӯ ба рӯи ҷанг ва сулҳи анъанавӣ набуда, балки ба масъалаҳои мураккаб ва камтар муайяншуда, аз ҷумла сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, этномиллӣ, демографӣ ва дигар омилҳо вобаста мебошад.
Дар марҳалаи муосир, башарият дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳм ва хатарнок рӯ ба рӯ омадааст. Инчунин, тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумибашариро поймол намудааст. Дар ин замина, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонад. Терроризм ҳамчун падидаи номатлуби аср ба амнияти давлатҳо ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
Бинобар ин, яке аз шартҳои муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бар зидди терроризм фаъолияти ҳамоҳангшуда ва босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ ба шумор меравад. Танҳо тавассути ҳамкории зич, омодагии баланди касбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ метавон пеши роҳи чунин таҳдидҳоро гирифт.
Таҳлили вазъи муосири геосиёсӣ нишон медиҳад, ки рушди инсон ва сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра хеле нобаробар аст. Аз ин рӯ, кишварҳоро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард:
1. Кишварҳои дорои иқтисодиёти рушдкарда, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баланд мебошад;
2. Кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки қадамҳои аввалини устувор кардани иқтисодиёт ва зерсохторро мегузоранд;
3. Кишварҳое, ки дар рушди худ аз дигар кишварҳои ҷаҳон хеле қафо мондаанд ва ба дастоварди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ниёзманд мебошанд.
Дар ин замин, таъмини амнияти марзу буми давлат, ҳифзи якпорчагии сарзамин ва суботи ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат маҳсуб меёбад. Дар ин раванд нақши Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва омили осоиштагиву сарҷамъии миллати тоҷик ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад.
Ҳамчун кафили таҳкими истиқлолу якпорчагии давлат, Артиши миллӣ ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ мавқеи устувори сулҳҷӯёна ва созандаро пеш гирифта, имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот эътироф гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон артиши сулҳпарвар ва ҳомии амнияту суботи кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар баробари иҷрои рисолати конститутсионии худ, дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ пайваста густариш медиҳад. Имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми баррасии масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.
Дар пойтахт чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва баргузор гардиданд.
Соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати як қатор созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт.
Соли 2020 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз гардид.
Инчунин, дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018–2028” ва ташаббуси “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар татбиқи чунин ташаббусҳо ва баргузории маъракаҳои сатҳи байналмилалӣ нақши Артиши миллӣ назаррас буда, он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи амният ва субот, барои баргузории осоиштаву муназзами ин чорабиниҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ин раванд Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мактаби бузурги ватандорӣ ва пойдевори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ аҳаммияти бузурги таърихию умумиҷаҳонӣ дорад. Он ҳамчун сипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлол барои ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияту субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ хизмат менамояд.
Дар шароити муосир Артиши миллӣ на танҳо нерӯи мудофиавӣ, балки мактаби камолоти ҷавонмардӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Тавассути он насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия меёбад.
Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Артиши миллӣ ҳамчун кафили Истиқлоли давлатӣ ва ҳомии сулҳу суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Мардуми шарафманди тоҷик дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Артиши миллиро бо ифтихор таҷлил менамоянд. Имрӯз Артиши миллӣ мактаби бузурги ватандӯстӣ ва шуҷоат буда, макони тарбияи ҳарбӣ-ватандорӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, нақши Артиши миллӣ дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосирро мавриди омӯзиш қарор дода ба чунин хулоса расидем:
¾ дар ҷаҳони муосир Қувваҳои мусаллаҳ мисли пештар ҳамчун як унсури муҳимми қудрат ва ниҳоди асосии давлатӣ боқӣ мемонанд;
¾ дар аввали асри XXI нақши Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои ҷаҳон ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст;
¾ Артиши миллӣ ташкилоти Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осоиштагии ҳаёти мардум таъсис ёфтааст;
¾ дар давраи таъсис таҳкурсии ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо ва санадҳои муҳим, аз ҷумла “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ”, қабул шуданд;
¾ вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосӣ Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ буд;
¾ пас аз имзои Созишномаи сулҳ соли 1997 дар шаҳри Москва Артиши миллӣ фаъолияти пурра оғоз намуд ва бо такмили таълим, тарбия ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ нақши муҳим дар ҳифзи сарзамин, дастовардҳои истиқлолият ва суботи кишвар бозид;
¾ муқаддасу бегазанд нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург ва неъмати миллӣ маҳсуб ёфта, рисолати ҳар як шаҳрванди худшиносу номусдори Тоҷикистон ва Артиши миллии кишвар аст.
Раҳмонзода А.Ш.- н.и.т. ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
