Skip to main content
Давоми 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сиёсати дурбинона ва созанди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи об, гидроэнергетика ва экология ба самти калидии рушди миллӣ табдил ёфтасст. Масъалаи истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувори энергетикӣ, ба яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубаддал гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 98 фоизи неруи барқи худро аз манбаъҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол менамояд, имрӯз дар минтақа ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузурги «энергияи сабз» эътироф гардидааст.

Дар ин давра пояи меъёрии ҳуқуқии соҳа тадриҷан такмил ёфта, заминаи ҳуқуқии устуворро фароҳам овардааст. Муносибатҳои вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои об бо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000, таҳрири нав соли 2012) танзим мегарданд, ки принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обиро муқаррар менамояд. Самтҳои асосии сиёсати экологӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (соли 2011) муайян гардидаанд.

Фаъолияти соҳаи энергетика дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» (соли 2010) амалӣ мешавад, ки принсипҳои танзими давлатӣ ва рушди бозори энергетикиро пешбинӣ менамояд. Раванди истифодаи самараноки неруи барқ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ» (соли 2013) таҳким ёфтааст. Ҳамзамон, рушди энергияи тоза ва ҷалби сармоягузорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» (соли 2010) дастгирӣ мегардад. Масъалаи шаффофият ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти экологӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» (соли 2011) инъикос ёфтааст.

Дар баробари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ (қонунгузорӣ), ҳуҷҷатҳои стратегии давлатӣ низ нақши муҳим доранд. Масалан, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 (соли 2016) самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян намуда, таъмини истиқлолияти энергетикиро ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосӣ муқаррар кардааст. Консепсияи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (соли 2016) афзоиши иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва ҳамгироии минтақавиро пешбинӣ менамояд. Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 (соли 2015) гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавии захираҳои обро таъмин мекунад. Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 (соли 2022) тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи экосистемаҳои табииро дар бар мегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳамоҳангии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ (қонунгузорӣ), Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ барои рушди устувори соҳа шароити мусоид фароҳам овардааст. Рушди гидроэнергетика ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва имконияти содироти неруи барқ мусоидат менамояд. Аммо дар шароити обшавии пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои об, идоракунии оқилона ва истифодаи технологияҳои муосир аҳаммияти калидӣ пайдо мекунад. Ҳамзамон, масъалаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳифзи гуногунии биологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Дар заминаи таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии рушди соҳа, иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои қабулгардида, аҳаммияти калидӣ доранд. Татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия то соли 2030» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №263) ба рушди таҳқиқоти илмии амалӣ дар самти захираҳои об ва технологияҳои экологӣ мусоидат менамояд. «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №53) ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.10.2019, №482) тадбирҳои коҳиш додани осебпазирии иқтисод ва аҳолиро пешбинӣ мекунанд. Қабули Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2024, №627, бандҳои 41-44) бо Нақшаи амали ибтидоӣ барои солҳои 2025-2027 заминаи нави идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обиро фароҳам меорад. Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2025, №407) ба ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот равона гардидааст.

Масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии захираҳои обӣ мавқеи марказӣ доранд. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2018, №602), Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №209) ва Қарор «Дар бораи тартиби ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2025, №406) ба таҳкими мониторинг ва ҳифзи захираҳои стратегӣ нигаронида шудаанд.

Тақвияти заминаи илмӣ ва маърифатӣ низ ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ мебошад. «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445) барои омодасозии мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунад. Барномаи рушди соҳаи энергетикии Тоҷикистон ва барномаи комплекси сӯзишворӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2025, №468), Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2024, №327) ва Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2024, №374) ба рушди устувори иқтисодӣ ва экологӣ замина фароҳам меоранд.

Маҷмуи Қонунҳо, Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар самти об, гидроэнергетика ва экология бо илм, инноватсия ва рушди устувор ҳамоҳанг гардида, заминаи боэътимоди пешрафти дарозмуддати кишварро таъмин мекунад.

Метавон зикр намуд, ки дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист соҳаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро ба пояи устувори рушди миллӣ табдил диҳанд. Сиёсати энергетикӣ ва обиро ба яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ мубаддал гардонида, истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар муайян намуданд.

Дар натиҷаи амалишавии татбиқи Стратегияҳо ва Барномаҳои давлати зикргардида, имрӯз зиёда аз 98 фоизи неруи барқи кишвар аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, ки ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ҷаҳон дорои захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда қарор медиҳад. Иқтидори умумии энергетикии кишвар ба зиёда аз 5700 ҳазор МВт расида, ҳаҷми истеҳсоли солонаи неруи барқ дар солҳои охир ба беш аз 22 миллиард кВт/соат баробар шудааст. Танҳо дар давраи Истиқлол даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда, азнавсозии зерсохтори интиқоли барқ, садҳо километр хатҳои баландшиддат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар баробари рушди энергетика, соҳаи идоракунии захираҳои об низ ба низоми муосир гузаронида шуд. Татбиқи барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шабакаҳои обёрӣ ва беҳдошти замин дар ҳазорҳо гектар замин таҷдид гардида, сатҳи истифодаи самараноки захираҳои об тадриҷан баланд бардошта шавад. Бо дарназардошти он ки беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд, сиёсати оқилонаи давлатӣ дар ин самт аҳаммияти минтақавӣ низ касб намудааст.

Дар бахши экология ва ҳифзи муҳити зист низ пешравиҳои назаррас дида мешавад. Қабули барномаҳои давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба тақвияти мониторинги экологӣ ва коҳиши хавфҳои табиӣ мусоидат намуд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои беш аз 13 ҳазор пирях, ки манбаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, ташаббусҳои байналмилалиро дар самти ҳифзи захираҳои обӣ пайгирона дастгирӣ менамояд.

Дастовардҳои зикршуда, аз сиёсати дурандешона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон, фаъолияти шабонарӯзии вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва саҳми арзандаи мутахассисони соҳа мебошанд. Ҳамоҳангии идоракунӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварданд, то ки рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист ҳамқадам гардад.

Бо такя ба чунин заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, стратегӣ ва истеҳсолӣ метавон бо итминонем хулоса намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири табдилёбӣ ба кишвари пешсаф дар самти «энергияи сабз» ва идоракунии устувори захираҳои об қарор дорад. Идомаи татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ, таҳкими иқтидори илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки захираҳо имкон фароҳам меорад, ки дастовардҳои бадастомада, дар даҳсолаҳои оянда боз ҳам таҳким ёфта, рушди устувори миллӣ ва рақобатпазирии иқтисоди кишварро таъмин менамояд.

Фирдавс Алиев, муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон