Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,
30 майи 2024, Душанбе
Дар воқеъ, аз лиҳози сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи илм, хусусан рушд додани фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун махзани илми тоҷик яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии кишвар маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти аввали худ бо олимони кишвар дар таърихи 29 феврали соли 1996 қайд намуданд: “Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рӯи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд...”
Санаи 30 майи соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии худ бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд намуданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнӣ дар ҷомеа дониста шудааст ва Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди илми тоҷик ҳамаи имкониятҳоро барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм муҳайё сохтааст. Пешвои миллат зимни суханронии худ аз ҷумла қайд мекунанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.”
Боиси ёдоварист, ки баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ба шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар дар самти соҳаи илм низ таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 “Дар бораи Академияи илмҳои Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021 “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва дигар дастуру фармоишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мутобиқ намудани илми тоҷик ба раванди рушди илми ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикр гардида, ки моҳияти рушди илмро дар бар мегиранд, Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар мавриди зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” таъкид намуда, ҷиҳати таҳия ва татбиқи самарабахши Қонуни қайдгардида сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки олимони кишварро лозим аст барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, хусусан, ташкили корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани раванди босуръати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Аз ин рӯ, дар амал татбиқ намудани иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба рушди воқеии сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як миллати дорои таъриху фарҳанг ва таммадуни куҳан вазифаи ҳар як олими тоҷик мебошад.
Салимов Акбар - ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и
Институти омузиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон