Skip to main content

Зан модар ҳастии башар ва равшании ҳар хонадон ба шумор меравад. Ҳарчанд дар бораи зан модар васф кунем боз саҳифаҳо холӣ хоҳад монд.Бузургии зан модар ба бузургуии дунё баробар аст. Зан модар дар руйи замин ягона офаридгорест,пас аз Худо. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад.Модар офарандаи шахсияти комил аст,ки инсонро ба олами ҳастӣ оварда,тарбия менамояд ва сипас барои ба камол расидан тамоми умри худро сарфаи фарзандон менамояд. Аз ҳаминҷост,ки аз бузургии модар замину осмон ва ҷаҳони ҷовидонӣ дар зери қудумаш побарҷоянд. Ҳастии модар ҳама бартариҳои зиндагиро дар бар мегирад. Зан модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва меҳрубонӣ буда, ҷаҳони ҳастиро бо будани худ назокату нафосат ва руҳу ҷило мебахшад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст.

Ғофил аз он,ки хуршед аз Шарқ барнахезад,

Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад,чашмаш зиё надорад,

Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Аксарияти шеърҳое,ки дар васфи модар эҳё шудаанд,бо қалами шоири хушкалом устод Лоиқ Шералӣ сарчашма хоҳад гирифт. Мисраҳои дар боло баён намуда низ бо қалами устод навишта шудааст. Аксари шеърҳои ба модар бахшидаи шоир дари маҷмӯаи “Дасти дуои модар”гирд оварда шудаанд. Вақте кас ин маҷмӯаро варақ мезаенад,пеши назар симои зебову пурнур қомати расо ва чашмони меҳрубони модар,ки ҳеҷ гоҳ ба фарзанд бадиро намехоҳад ва доимо даст бар дуост,ки фарзандаш некному нексиришт ва некрӯзи даврон шавад,намудор мешавад. Модарномаи Лоиқ Шералӣ беҳтарин муноҷот ба модар аст. Он дар барорбари Модарномаи устод Мирзо Турсунзода ва дигар шоирони гузашта,ифшои меҳру муҳаббат, садоқат ва вафо ,қадршиносии фарзанд нисбат ба модар аст. Мавзуи модар яке аз аввалин мавзуе буд,ки устоди зиндаёд Лоиқ ба он шеъру қасида эҷод намудааст. Устод Мирзо Турсунзода бошад аз замоне,ки тифл буду модараш аз дунё гузаштааст,аз ба ёд надоштани модар ва дури аз ӯ сахт гила кардааст. Ҳар як инсонро мебояд,ки эҳтирому қадру қиммат кардани модарро аз устод Лоиқ ва устод Турсунзода омӯзад. Агар падар шоҳсутуни хонадон бошад, вале модар чароғе ҳаст, ки барои дидану шинохтани он шоҳсутун ба мо рушноӣ менамояд.Тарбияи дурусти модар буд,ки имрӯзҳо шоирон номдору номвар шудаанд.

Ҷашн гирифтани рӯзи модар таърихи тулонӣ дошта,бо гузашти замон дар баъзе давлатҳои пешрафта ва мутарақӣ бо тарзу равишҳои ба худ хос роҳандозӣ мешавад. Мавриди зикр аст,ки ин санаи муҳим дар аввал ҳамчун рӯзи мубориза бар зиди беҳуқуқии занон қайд гардида буд,на ҳамчун рӯзи модар ҷашн гирифта мешуд,балки рӯзи занони инқилобгар ҷашн гирифта мешуд. Дар таърихи башар сапт гардидааст,ки 8-уми марти соли 1857 дар НЮ-ЙОРК заноне,ки дар фабрикаҳои пойафзолбарорӣ ва фабрикаҳои дӯзандагӣ кор ва фаъолият мекарданд,бо ҳам гирд омада,аз соҳибмулкон даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ ва барои беҳтар кардани шароити меҳнат ва баробарҳуқуқиро бо мардон талаб намудаанд. Дар он замон занон ҳамагӣ ҳаққи 16 соат кор карданро дар як шабона рӯз доштанду халос. Мавриди зикр аст,ки ҷашнгирии ин санаи таърихӣ бо номи Клара Сеткин алоқамандии зич дорад.Дар он хусус,ки ин шахсият гурӯҳи инқилобии худро,ки занон ташкил медоданд,барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ бар зидди истилогарон хеста, ҳуқуқҳои поймолшудаашонро ҳимоя намудаанд.

Созмони Миллали Муттаҳид бошад соли 1975 8-уми мартро ҳамчун рӯзи занон эътироф намудааст. Мардуми бофарҳангу бонангуори мо дар ин дарони осиштагӣ ба қадру манзалати модар арҷ гузошта, барои эҳтирому ҳурмати зан модар ҳамчун сунатҳои аҷдодӣ арҷ мегузоранд. Дар бораи мақоми зан модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯриҳои пайдарпайи худ иброз медоранд,ки занон ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон аст ва нахустин устоди инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳар хонадоне,ки аз нуру зиёи зан модар баҳра надорад дар он хонадон ба воя расидани инсони комилулақл аз назарҳо орист ва ҷомеае,ки ба зан модар ғамхору меҳрубон ҳаст ба ояндаи худ низ ғамхору меҳрубон ҳаст.

Сад шукр аз Яздони пок менамоем,ки ба мо роҳбари ғамхору дилсӯз додаст,ки дар мадди аввал ба зан модар эҳтироми зиёд дорад. Дар замони соҳибистиқлолиямон имрӯзоҳо занон дар ҳама соҳаҳо озода ва бе ягон зуроварӣ кор ва фаъолият менамоянд. Аз фурсати муносиб истифода бурда,ҳамаи занон ва модарони тоҷикро ба рӯзи иди модарон муборакод мегӯям.

Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,

Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.

Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,

Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.

Магистранти соли аввали АМИТ:Расозода З.