Skip to main content

Имрӯз, 13 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Шурои занон дар мавзуи “Нақши ҷаҳонбинии илмӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҷаҳонбинии илмӣ пояи асосии ташаккули тафаккури солим ва худогоҳии миллӣ мебошад. Қайд гардид, ки дар шароити муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат рушд мекунанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ бе такя ба донишҳои илмӣ ва таҳқиқоти амиқ ғайриимкон аст.

Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди тафаккури интиқодӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, метавонанд дар тарбияи насли худшинос ва ватандӯст саҳми назаррас гузоранд. Дар ин замина, нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар тарғибу ташвиқи донишҳои муосир ва рушди иқтидори зеҳнӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки занон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Аз ҷумла, тавассути тарбияи дуруст дар оила, рушди маърифати фарҳангӣ ва дастгирии таҳсилу тадқиқоти илмии фарзандон, онҳо метавонанд дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои суннатӣ нақши муассир бозанд.

Дар идомаи маҳфил як зумра аз занону бонувон дар маърузаҳои хеш доир ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию ҷамъиятии занон ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии занон барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.