«Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшан ва беғубор нигоҳ доранд. Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддуни олам бе марказҳои тавонои илмию фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад»
Эмомалӣ Раҳмон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз 1 марти соли 2005 дар мамлакат ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел чун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад.
Пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе – маркази умеду орзуҳо ва якдиливу ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикони олам мебошад.
Пойтахт ба қатори муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ дохил мешавад ва давлатдории устувори халқи тоҷикро инъикос менамояд. Ба миллате, ки соҳиби давлат шудан муяссар мегардад, пойтахти он ҳамчун рамзи худшиносии миллат, ягонагиву ваҳдат, устувории сиёсат ва соҳиби маданият будани он мебошад. Пойтахт на танҳо маркази идоранамоӣ, ҳамзамон маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Маҳз таҳти сиёсати дурбинона ва бунёдкоронаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдому ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе – муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардида, мақоми он дар саросари ҷаҳон маъруфу машҳур гардидааст. Ба таърихи шаҳри Душанбе назар намоем, соли 1924 пас аз тақсимоти миллӣ-маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлатдории тоҷикон эълон гардид. Маҳаллае, ки дар он ҷо рузҳои душанбе бозор ташкил мегардид, сабаби номи Душанбе гирифтани шаҳр гардид. Вале бозёфтҳои нодири таърихшиносон аз таърихи чандҳазорсола доштани шаҳр дарак медиҳанд.
9-сентябри соли 1991 дар мамлакат Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе пойтахти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Қобили зикр аст, ки дар давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Душанбе аз як деҳаи хурд ба шаҳри бузург ва зебову дилрабо табдил ёфтааст. Ҳамчунон, Душанбе ба маркази ташкилёбии ҳуввияти миллӣ ва давлатдории шакли нав мубаддал гардид. Дар Душанбе як қатор биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои илму фарҳанги бошукӯҳ, биноҳои боҳашамати Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, маҷмааи Истиқлол, Парчами Миллӣ, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи Миллӣ, ҳайкалҳои олимон ва шоирону нависандагон, боғҳову гулгаштҳои нозанин қомат афрохтаанд, ки онҳо ваҳдату якдилӣ ва худшиносиву худогоҳии миллати тоҷикро таҷассум менамоянд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 баргузор гардида буд, чунин қайд гардидааст: «Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад». Ин нишонаи саъю кушишҳо ва ғамхориҳои бевоситаи сарвари оқилу доно ва раҳнамои мардуми Тоҷикистон аст.
Душанбе пойтахти Ватани азизамон мебошад, бинобар он ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки ба ободонӣ, риояи тозагӣ, ҳифзи муҳити зист, маданияти шаҳрдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Саҳмгузорӣ дар ободиву пешравии пойтахт, нишонаи дорои фарҳанги баланд ва масъулиятшиносии сокинони он мебошад. Миллати тоҷик тавонист, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, бо заҳмату кушиши софдилона, иродаи қавӣ ва боварии комил пойтахти кишварашро ба шаҳри обод, пешрафта, зебову дилнишин мубаддал гардонад. Душанбе шаҳри пайвандгари қалбҳо, макони меҳру муҳаббат, маскани тоҷикони бузург аст. Ватанест, ки дар канораш ба дунё омадем ва ба камол расидем. Ватанест, ки мисли модар дуст медорем. Душанбе макони мардони бофазлу хирад, занони ба ору номус, тифлони хушбахту иқболи нек аст. Мавзеест, ки саросар гул-гулшукуфон, зебову дилоро ва бешубҳа мафтункунанда аст. Душанбе шаҳрест бо мардуми меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор.
Чун зодаи пойтахти кишвари биҳиштосо ва гаронбаҳоям, ифтихори баланд дорам аз миллати куҳану соҳибмаърифат, мутамаддин, бошуҷоат ва қалби пок ва саршор аз меҳри бениҳоят зиёди тоҷикони шарафманд. Шукронаи шаҳри Душанбе, ки мо бошандагони ин макони гулрезу гулбасару машҳуру дилороем.
Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти
институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
