Skip to main content

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи амали татбиқи ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев бо намояндагони ҷавонони шаҳр вохурӣ намуд.

Дар ин мулоқот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳовиддинови АМИ Нозим Маҳмадизода, директори Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ, Рустам Ҳайдарзода, директори Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИ Носир Сафарализода ва директори осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди АМИ Абдураҳмон Пӯлодов иштирок доштанд.

Дар вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳо ва ҳайати ҳамроҳонаш таваҷҷӯҳи ҷавононро ба дигаргуниҳои азиме,ки дар даврони истиқлол дар мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, тақвияти раванди ободкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, нуктаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, хатари гароиш ба хурофот ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоъӣ,имкониятҳое, ки барои донишандӯзӣ барои ҷавонон дар кишвар муҳайё шудааст, ҷалб намуданд.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки пайравони асили Пешвои миллат будани худро бо мавқеъи фаъоли ҷамъиятӣ, аз бар намудани касбу дониш,дӯст доштани Ватан, ҳимояи манофеи миллӣ ва давлатӣ бо кору амали шоиста собит намоянд.