Skip to main content

123“Тору мор гардидани Германи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмардони тоҷик дар врсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фурудмеорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда меорем ” (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 08.05. 2008)

Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори миллат мост, ки дар он корнамоиҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин саб шудааст. Толибшоҳ Ҷумахон соли 1916 дар деҳаи Рининоҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чаш ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони хурдсолиаш бо мушкиливу сахтиҳои рӯзгор сипарӣ шуд. Бо вуҷуди ин дар дил орзу дошт, ки соҳибмаълумот шавад. Фатҳи ин қуллаи мурод ба ӯ насиб гардид. Толибшоҳ курси яксолаи муаллимтайёркуни шаҳри Хоруғро хатм намуда, роҳ ҷониби диёри Қаротегин гирифт. Ноҳияи сангвор дар замони Шуравӣ яке аз ноҳияҳои маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 30- юм ба шумор мерафт. Толибшоҳи ҷавонро дар соли аввали корӣ ба ҳайси нозири калони шуъба маориф қабул кардаанд. Муддати дар ин вазифа фаъолият намуда, дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор корро идома дод. Дар ин байни факултети методикаи Иститути давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро (соли 1942) хатм кардааст.

Соли 1941 дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон ҳамчун “саҳифаи сиёҳ сабт гардид. Ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС барои ҳимояи Ватан ҷавонони зиёд даъват мешуданд. Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг аз Ҷумҳурии Тоҷикитсон низ ҷавонони баору номус ва шуҷоъ ба майдони набард сафарбар шуданд. Толибшоҳи ҷавон ҳам бо сари баланд ба майдони корзор ихтиёрӣ ворид шуд. Соли 1943 онҳоро ба Ҷумҳурии Туркманистон ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёри намудани мутахассиони ҳарбӣ бурда, баъд аз омӯзиши қоидаҳои ҳарблӣ ба майдони ҷанг фиристоданд.

Лейтенанти калон Толибшоҳ Ҷумахонов ба ҳайси сардори ситоди тирпарронии взводи 383- юми Полки 121 хизмати ҳарбиро ба ҷой меоварад. Дар набардҳо бар зидди душман дар вилояти шимоли Украина қаҳрамонона ҷангид.Аз рӯи маълумоте, ки дар даст дорем, ӯ 14 июни соли 1944 дар мубориза бар зидди душман дар ноҳияҳои Ятсковсе ва Мшна ҷангида, дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ шуд. Маргӣ нобаҳангомӣ ӯро 17 июли 1944 ба коми худ кашид. Мутаасифона, оиди дар куҷо ба хок супоридани аскри шуҷои тоҷик Толибшоҳ Ҷумахонов маълумоти аниқ дар даст надорем.

Ҳаминаш аниқ, ки ӯ бо медали “Барои шуҷоат ” ва Ордени “Ҷанги Ватанӣ” дараҷаи III мукофотонида шудааст. Шояд бо дигар ордену медалҳо ҳам сазовор гардида бошад. Аммо аз ин хусус санаду ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар даст надорем. Ҳамсари ҷанговари шаҳид Маҳмилнора Ятимова яке аз занони фаъолу пешқадам ва аз аввалин муаллимаҳои ноҳияи кӯҳистони Сангвор ба ҳисоб мерафт. Чун муаллима кордон ва ташкилотчӣ аз ҳавзаи интихоботии Сангвор 1938- 1941 даъвати якуми вакили интихоб шудааст.

Хешовандони шаҳиди Ҷангӣ Бузурги Ватанӣ Толибшоҳ Ҷумахонов имрӯзҳо дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим сукунат доранд ва хотираи ӯро ҳамеша пос медоранд.

Илҳом Қурбоншоев – н.и.фалсафа дотсентмудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафиидини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ