11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин мулоқоти муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва намояндагони як қатор ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ин мулоқот дар заминаи таҳкими шарикии стратегӣ ва рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба вуқӯъ омад. Таҳлили ҳуқуқии натиҷаҳои ин мулоқот нишон медиҳад, ки ҷалби сармояи чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти сохторӣ ва афзалиятҳои давлатӣ сурат мегирад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузориро муаррифӣ намуданд. Роҳбари давлат Чинро «шарики боэътимод ва калидии» Тоҷикистон дар ин раванд номиданд. Зикр гардид, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз он қариб 3,5 миллиардаш сармояи мустақим мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо аз сатҳи баланди эътимод ва манфиатнокии ҳамкорӣ байни ду кишвар шаҳодат медиҳанд. Сармояи мустақими чинӣ дар рушди инфрасохтор, энергетика ва саноат нақши муҳим мебозад.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои амалишавандаи Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар соли 2025 Қонуни кишвар «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, василаҳои муосири дастгирии сармоягузорон, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро пешбинӣ намудааст.
Аз лиҳози ҳуқуқшиносӣ, қабули чунин санад нишонаи такмили низоми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Кафолатҳои ҳуқуқӣ ва соддагардонии маъмурӣ омилҳои асосии ҷалби сармоя ба шумор мераванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсиониро барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд. Зикр гардид, ки дар соли 2025 ба иқтисоди миллӣ тақрибан 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки 900 миллион доллараш (12,5%) аз Чин мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 13 миллиард доллар амалӣ мешавад ва беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар кишвар захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодир (литий, сурма, руҳ, волфрам) ва металлҳои стратегӣ (тилло, нуқра, мис) кашф шудаанд. Ташаккули долонҳои нақлиётӣ барои пайвасти Чин бо Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна омили дигари ҳамкорӣ мебошад.
Аз ин рӯ, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ чунин мебошанд:
- Иқтисоди «сабз» ва технологияҳои муосир, яъне ҷалби ширкатҳои чинӣ ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ.
- Саноат, яъне таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ, коркарди маъдан, металлургия, кимиё, дорусозӣ ва саноати сабук.
- Агросаноат, яъне истеҳсол ва содироти маҳсулоти экологӣ тоза, таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ.
- Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, яъне фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ.
- Сайёҳӣ, яъне экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фарҳангӣ.
Бо натиҷаҳои мулоқот ва гуфтушунидҳо беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллар сармояро дар назар доранд. Қисмате аз ин созишномаҳо дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистон ва Чин» (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид. Ин нишондиҳанда далели баланд будани сатҳи эътимод ва таваҷҷуҳи чинӣ ба иқтисоди тоҷик мебошад.
Мулоқоти 11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ширкатҳои пешрафтаи Чин на танҳо як вохӯрии дипломатӣ, балки як фаъолияти муҳими таърихӣ дар таҳкими ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар мебошад. Ин мулоқот нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди Чин дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, Чин низ ҳамчун сармоягузори калидӣ ба иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025, № 2173 «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» дар таҳрири нав бори аввал дар амалияи ҳуқуқии Тоҷикистон як низоми ҳамаҷонибаи кафолатҳоро барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои чинӣ, пешбинӣ намудааст. Аз лиҳози ҳуқуқшиносӣ, қабули чунин қонун маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ба принсипҳои байналмилалии ҳифзи сармоя, шаффофияти расмиёт ва рафъи монеаҳои маъмурӣ амалан гузаштааст. Қонун барои сармоягузорон бештар аз 15 сол реҷаи устувори фаъолиятро кафолат медиҳад (моддаи 19). Дар сурати қабули санадҳои нави қонунгузорӣ, ки вазъи сармоягузорро вазнин мекунанд, барои сармоягузор қонунгузории амалкунанда дар санаи сармоягузорӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин омил хавфи сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба ҳадди ақал мерасонад.
Қонун милликунонии молу мулки сармоягузорро қатъан манъ мекунад (моддаи 25). Экспроприатсия танҳо ба манфиати давлат ё ҷомеа, дар асоси вайрон нагаштани ҳуқуқ, бо пардохти саривақтии ҷуброн дар ҳаҷми арзиши бозории молу мулк иҷозат дода мешавад. Ин кафолат ҳифзи пурраи сармояро таъмин менамояд.
Қонун дар моддаи 13 мубодилаи маълумотро байни мақомоти давлатӣ ва сармоягузор танҳо дар шакли электронӣ пешбинӣ мекунад. Мақомоти иҷроия уҳдадоранд маълумотро дар бораи фаъолияти сармоягузорӣ тавассути сомонаҳои расмӣ интишор намоянд (моддаи 20). Хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон тавассути ҳамгироии байниидоравии электронӣ пешниҳод мешаванд (моддаи 22).
Сармоягузоре, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ бастааст, метавонад аз низоми андозбандии махсус (озодкунӣ аз андозҳо дар давраи муайян), низоми содакардашудаи гумрукӣ (озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ) ва низоми махсуси танзими асъор (бе иҷозатнома интиқоли қарзҳо) истифода намояд (моддаи 16). Ин шароит рақобатпазирии Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавӣ баланд мебардорад.
Қонун дар моддаи 18 муқаррар мекунад, ки ба сармоягузори хориҷӣ ҳамон шароите татбиқ карда мешавад, ки нисбат ба сармоягузори ватанӣ пешбинӣ шудааст. Табъиз аз рӯйи шаҳрвандӣ, миллат, дин ва забон манъ аст. Ин принсип эътимоди сармоягузорони хориҷиро ба низоми ҳуқуқии Тоҷикистон тақвият медиҳад.
Моддаи 33 ба сармоягузорон ҳуқуқ медиҳад, ки баҳсҳои сармоягузориро дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди арбитражӣ, суди байналмилалии арбитражӣ ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ (бо розигии тарафҳо) ҳал намоянд. Ин ҳуқуқ ҳимояи ҳуқуқии сармоягузоронро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин мекунад.
Қонун дар моддаи 11 ҳавасмандгардонии сармоягузориро дар соҳаҳои истифодаи технологияи аз лиҳози экологӣ тоза, иқтисодиёти ба дониш асосёфта, рушди зеҳни сунъӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои илмию технологӣ пешбинӣ намудааст. Ин сармоягузорони ҷаҳониро ба самтҳои баландтехнологӣ ҷалб менамояд.
Моддаи 24 ба сармоягузор ҳуқуқ медиҳад, ки пас аз пардохти андозҳо даромади худро ба берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад, инчунин молу мулк ва иттилооти воридкардашударо бозбардорӣ намояд. Маҳдудиятҳои интиқоли асъор танҳо ба мақсади пешгирии қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ, терроризм ва силоҳи қатли ом ҷорӣ карда мешаванд (моддаи 30).
Қонуни мазкур қонунҳои пешинаи «Дар бораи сармоягузорӣ» (с.2016) ва «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» (с.2013)-ро бекор карда, меъёрҳои муосири байналмилалӣ, стандартҳои зиддикоррупсионӣ, зиддиинҳисорӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар гирифтааст. Қонун ба санади ҳуқуқии байналмилалӣ табдил наёфта, барои сармоягузорони хориҷӣ шаффоф ва дастрас мебошад.
Тибқи моддаҳои 14-16, сармоягузор метавонад бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи алоҳидаи сармоягузорӣ баста, дар он низоми махсуси андозбандӣ, гумрук, асъор, раводид ва иҷозатдиҳиро пешбинӣ намояд. Созишнома барои тамоми давраи амалишавӣ устувор буда, ҳатто дар сурати тағйири қонунгузорӣ бе тағйир боқӣ мемонад. Ин ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки шароити фармоишии худро ба даст оранд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» бо доро будани реҷаи устувор, кафолатҳои пурраи ҳифзи сармоя, имтиёзҳои андозӣ-гумрукӣ, баробарии пурраи сармоягузорон, дастрасӣ ба судҳои байналмилалӣ ва низоми махсуси созишномаҳои сармоягузорӣ яке аз пешрафтатарин ва рақобатпазиртарин санадҳои ҳуқуқӣ дар фазои пасошӯравӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин қонун заминаи ҳуқуқии мустаҳкам барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба андозаи 8 миллиард долларро фароҳам овардааст.
Ин кафолатҳо боиси он шудаанд, ки дар соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардад, ки 900 миллион доллари он (12,5%) саҳми Чин мебошад. Мавҷудияти беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт – аз энергетика то саноати сабук – нишондиҳандаи воқеии самаранокии ислоҳоти амалишуда мебошад.Натиҷаи бевоситаи мулоқоти 11 май дар Пекин имзои беш аз 50 санади ҳамкорӣ мебошад, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба иқтисоди Тоҷикистон дар назар доранд. Ин рақам аз ҳаҷми умумии сармояи чинӣ дар 10 соли охир (6 миллиард доллар) ҳам зиёдтар аст. Қисми муҳими ин санадҳоро лоиҳаҳои дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистон ва Чин» (Tajik-China Digital Business Connect) тасдиқшуда ташкил медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамкорӣ аз соҳаҳои анъанавии истихроҷи маъдан ва энергетика ба самтҳои нави рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди «сабз» ва логистикаи муосир гузаштааст. Дар ин замина, панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун платформаи асосӣ барои ҷойгиркунии корхонаҳои чинӣ дар соҳаҳои коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти воридотовез пешбинӣ шудаанд.
Роҳбарии стратегии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд нақши калидӣ бозид. Пешвои миллат на танҳо фазои мусоиди иқтисодиро муаррифӣ намуданд, балки бо нишон додани иқтидори гидроэнергетикӣ (ҷойи 8-ум дар ҷаҳон) ва захираҳои нодири маъданӣ (литий, сурма, волфрам) шароит фароҳам оварданд, ки ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон ҳамчун як маркази стратегии истеҳсолот ва транзит назар кунанд. Ин мулоқот собит мекунад, ки сиёсати бисёрҷонибаи хориҷии Тоҷикистон, ки дар он Чин ҳамчун «шарики боэътимод ва калидӣ» тавсиф мешавад, дар амал самаранок буда, ба натиҷаҳои воқеӣ – воридшавии воқеии сармоя, иҷрои лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва афзоиши ҳамкориҳои саноатӣ оварда мерасонад.
ДОНИЁР САНГИНЗОДА, муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор




