(Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)
Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии рӯзҳои охир ба шумор рафта, таваҷҷуҳи ҷомеаи дохиливу байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст. Ин сафар, ки дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён дорад, ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати хориҷии созанда ва дурандешонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз дар заминаи эътимоди мутақобила, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои судманд ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ расидаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, сармоягузорӣ ва технология сол то сол густариш меёбанд. Дар ҳамин замина, сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин аҳаммияти махсуси сиёсиву иқтисодӣ касб намудааст.
Дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланд баргузор гардида истодаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои сафар барои таҳкими бештари робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди муносибатҳои хориҷӣ имкон фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун шарики боэътимод ва давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад. Маҳз тавассути чунин сафарҳои сатҳи олӣ обрӯву нуфузи байналмилалии кишвар боз ҳам таҳким ёфта, имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ ба вуҷуд меоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин на танҳо хусусияти иқтисодӣ, балки аҳаммияти бузурги фарҳангиву гуманитарӣ низ доранд. Тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои илм, маориф, технология ва табодули фарҳангӣ метавонад барои таҳкими дӯстии байни мардумони ду кишвар нақши муассир гузорад. Аз ин рӯ, сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун қадами муҳиму саривақтӣ дар роҳи рушди муносибатҳои бисёрҷониба арзёбӣ мегардад.
Мардуми Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, ба натиҷаҳои неку созандаи он умеди калон доранд. Бешубҳа, ин сафар саҳифаи нави ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро боз намуда, барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзанда хоҳад гузошт.
СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ - магистранти курси 2 -юми ихтисоси Идораи давлати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
