06 майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30 – солагии фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ таҳти унвони “Илм барои бехатарии ҷаҳон” бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок ва суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳануз соли 1992 таъсис ёфтааст ва дар тули ин 30 – сол дар аксарияти давлатҳои дунё барои баргузории корҳои татқиқотӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ҳамзамон барои дӯстиву рафоқат ва баҳамоию якдигарфаҳмӣ ва дар умум барои баланд бардоштани савияи донишҳои илмиву техникии халқиятҳо барои пешгирӣ аз носозгориву куштору бадхоҳӣ ва таъмини амнияти осоиштаи халқиятҳои дунё фаъолият менамояд.
Дар кори ин конфронс аз тамоми кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико олимон иштирок намуда, барои рушду равнақи кори ин марказ мулоҳизаронӣ намуданд. Метавон гуфт, ки дар фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ - техникӣ олимони 60 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илми ҷумҳурӣ ҳамкориҳои илмии худро бо аксарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳон тақвият дода, ҷиҳати рушди зинаҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби роҳбарияти академия тадбирҳои наву саривақтӣ андешида мешаванд.