Skip to main content

Nematova_Parvina

Имрӯзҳо ба шароити иқтисодиёти кишвар назар андозем, баъди ба имзо расидани Созишномаи тақдирсози Ваҳдати миллӣ, вазъият дар тамоми сохторҳои давлатӣ дигаргун гаштааст. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар сол то сол рушд карда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 15 апрели  соли 2009 дар Паёми худ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд: “то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид”.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ,  ваҳдати миллӣ  дар  кишвари мо мустаҳкам ва боробар гардид.  Моро зарур аст, ки ваҳдат ва суботи ҷомеаро нигоҳ дорем. Бинобар ин, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии онро пайваста  дар  назар гирифтан,  кадрҳои соҳаҳои гуногун,  махсусан ҷавононро  дар  рӯҳияи покии ахлоқ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз  зарарҳои ифротгароӣ,  маҳалгароӣ,  мансабпарастӣ бохабар  кардан  вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа маҳсуб мешавад. Яке аз омилҳои муҳими ваҳдат ва суботи ҷомеа ин баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии мардуми Тоҷикистон, хусусан насли наврас ва ҷавонон мебошад, ки пайваста дар зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар таҷрибаи таҳлилҳои иқтисодӣ агар аз ибтидои асри XX дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назар андозем, ҳам дар сохторҳои давлатӣ ва ҳам дар беҳтар шудани вазъи умумии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеъа тағйироти назаррас ба амал омад. Шароити зиндагии аҳолии кишвар рӯз то рӯз беҳтару хубтар гашта, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то имзӯз ба 21,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар замони муосир, техникаву технологияҳои абарқудрат имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои  иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро дар дилхоҳ нуқтаи кураи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ин гузазаштан ба ҳукумати электронӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки барои татбиқи ҳукумати электронӣ то имрӯз якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.

Ҳукумати электронӣ тақозои замон буда, дар ҳамкории мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеа аз як тараф ва ҳамкории дохилии сатҳҳои гуногун (марказӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ) ва шохаҳои гуногун (тандурстӣ, молия, омор, андоз) ва дигар ниҳодҳо мусоидат намуда, аз тарафи дигар он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи бештар истифода мешавад, баромад мекунад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон  ба  муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ,  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноилшуда, дар  ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол  то  сол қавитар мегардад.  Дар  яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд,  ки: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад”.

Дастоварди дигари бузурги замони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ ин самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» муҳим арзёбӣ мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷикро зарур аст, ки бо истифода аз суннатҳои неку писандидаи аҷдоду гузаштагонамон сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистонро дарк намуда, дар  таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии он саҳми арзандаи худро гузорад.

Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стротегӣ, олимони ҷавони кишварро зарур аст, ки дар таҳқиқи масъалаҳои давлатдорӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва рушди иқтисоди миллии мамлакатамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Танҳо дар шароити Ваҳдати миллӣ мо метавонем иқтисоди миллиро барқарор созем, илми муосири иқтисодиётро бо истеҳсолот ҳамбаст намуда, фарҳанги худро ғанӣ гардонем ва бо сарбаландӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавем.

Ватанро дӯст доштан, аз  он  ифтихор  кардан, барои ҳимояи  он омода будан, ба  қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан,  аз  ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки мо ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи  худ  қарор диҳем.

 

Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ,

Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон