21 июни соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Академияи илмҳои ҷаъмиятии Хитой Чжен Чжан Мин мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зикр шуд, ки пеш аз ҳама мехостам барои боздиди Шумо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, изҳори сипос намоям. Мулоқоти имрӯза ба низом даровардани муносибатҳои мост ва заминаи иловагии равобити дуҷонибаи мо дар соҳаи илму техника хоҳад шуд.
Таъкид шуд, ки соли гузашта бо кумаки ҳамкорони чинии мо аз Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (хусусан хонум Ҷан Нин) китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони чинӣ тарҷума шуд. Китоби мазкур дар натиҷаи кори муштараки академияҳои мо ва туҳфа ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид.
Дар ҷараёни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки чунин нишастҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак барои бунёд ва таҳкими ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар мувоффиқа бо созишномаҳои муштарак тақвият бахшад.
Дар идома ноиби президенти Академияи илмҳои ҷаъмиятии Хитой Чжен Чжан Мин суханронӣ намуда, барои қабули меҳмондорӣ ва дар оянда барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.