Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз (21.06.2024) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи Ваҳдати миллӣ, соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва 85 – солагии академик Фозил Тоҳиров дар мавзуи “Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ”, доир гардид.
Нахуст ба кори конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба корнамоиҳову қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва пойбарҷо нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти осоиштаи мамлакатамон, Соли маърифати ҳуқуқӣ мулоҳизаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мову шумо аз хурд то бузурги ин сарзамини биҳиштосо бояд баҳри осоиштагии кишварамон саҳмгузор бошем ва чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадашон иброз доштанд: “Аз худ як ватани ободу зебо ба мерос гузорем”.
Ҳамзамон директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинов – и АМИТ Маҳмадизода Нозим Давлатмурод низ суханронӣ намуда, ҳозиронро ба муносибати ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, оид ба мавзуи интихобшудаи конфронс маърӯзаи ҷолиб намуд ва аз корнамоиҳои академик Фозил Тоҳиров низ ёдовар шуданд.
Дар идома академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор, профессор Бобоҷонзода Исроил, профессор Имомов Ашурбой Имомович, профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович, профессор Воҳидова Санавбарбону, прфессор Азиззода Убайдулло Абдулло дар мавзуҳои муайяншудаи конфронс маърузаҳои ҷолибу саривақтӣ намуданд.