Бо ибтикори ТИ “Дипломат” ва Шурои занони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии ҲХДТ аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро бо роҳпаймоии бонувони Институт дар боғи “Куруши Кабир” роҳандозӣ кард. Ҳадаф аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки чорабинии мазкур давоми чорабиниҳои институт, бахшида ба рӯзҳои муҳиму таърихии кишвар, ҳамзамон эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, силсилаи аксияи “Тоҷикона мепӯшем” буда, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад, амалӣ шуда истодааст.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо назокаташро гум накардааст. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият буда, пӯшидани он шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст мекунад.