Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷаъмиро дар замири худ мепарваранд.
Бо ин мақсад имрӯз (25.04.2024) бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳпаймоии идона ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ин ҳам як рамзи эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ – ҳамчун нишони сулҳу субот ва оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз мебошад баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона олимону кормандон бо теъдоди 500 нафар иштирок намуда, аз самараи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун рамзи оромиву осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад шукрона менамуданд.
Қайд намудан зурур аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон солгарди навбатии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд.