Ваҳдат ин якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод мебошад. Ваҳдат дар ватани азизи мо 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давраи гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Ҳар як фарди тоҷик набояд он рӯзҳоро фаромуш кунад, чунки он даҳшатҳое, ки мардуми тоҷик аз сар гузаронд, бояд дарси ибрат барои ҷавонони имрӯза бошад. Пас аз пош хурдани Ҳукумати Шуравӣ, шахсони нохалаф барои манфиати шахсии худ шуда, мардуми моро гумроҳ карданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳазорон одамони бегуноҳ қурбон шуданд, ҳазорон фарзандон ятим монданд, ҳазорон модарон шавҳарҳои худро аз даст доданд.
Душманони миллати тоҷик интизори он буданд, ки миллати тоҷик худ ба худ нест шавад ва онҳо заминҳои кишвари моро байни худ тақсим кунанд, вале тирашон хок нахурд.
Хушбахтиҳое, ки имрӯз барои мо насиб гаштааст, аз баракати сулҳу ваҳдат аст, ки ин ҳама ба шарофатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки яке аз муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар сиёсати давлатдорӣ ин Ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, аз ҷумла оғози созандагию эҷодкорӣ расидан ба ҳамаи орзӯву омолҳои нек ва шиори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мост.
Дар ҳар давру замон Сулҳу Ваҳдат ва ягонаги ба осонӣ ба даст намеояд. Ҳатман дар рафти муваффақ шудан ба ин неъмати бебаҳо чандин нафар ҷони худро қурбон ва ё дар хатар мегузоранд.
Аз ин лиҳоз вақте, ки мо дар бораи Ваҳдати миллии тоҷикон суханронӣ менамоем, албатта симои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меорем.
Бешубҳа, дар он лаҳзаҳои хеле ҳассоси таърихе, ки эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллат қарор дошт, барои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ин ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро гирад ва ватану миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорад ва ниҳоят Ваҳдати миллиро ба миён орад.
Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ Яздони пок мардуми тоҷикро писандид ва аз байни теъдоди зиёди сиёсатмадорон, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари дилсузу меҳрубон болои саҳнаи сиёсӣ овард.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул- гул мешукуфанд ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳанги пеш меравад.
Бале, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи сулҳ ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷассум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. Маҳз ваҳдат аст, ки дар қалбҳои тамаддун офар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд.”
Маҳз бо шарофати ҳамин ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф менамоянд.
Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.
Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла мо шаҳрвандони Тоҷикистон насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромаҳояшон чунин гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ҳамдигарфаҳмиву поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ, н.и.ф., дотсент Насруддинов С.М.