Хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, туҳмат ва ғ. аз амалкардҳои манфии инсонӣ буда, агар он аз ҷониби шахсе сар занад, бегумон ӯро хоин, хиёнаткор, бадгумон, аҳдшикан, туҳматгар ва… гӯянду аз афроди манфури ҷамъияташ шуморанд. Дар ин ниҳод, пеш аз ҳама, характерҳои баду зишт алайҳи некию некӯкорӣ дида мешавад. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳои ҳадафмандонаро сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хати бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнат рӯ менамояд. Вақте дар вуҷуди инсон хиёнат қомат меафрозад, хиёнатгар қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба корҳои бузургтар панҷа занад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромӣ такони манфӣ диҳад, барои манфиати фардӣ даст ба корҳои ношоиста занад.
Дар баробари паҳлуҳои пасту баланди зиндагии одамӣ хиёнат низ паҳлуҳои мутааддиде дорад. Дар ин росто хиёнат ба ойила, хиёнат ба наздикону дӯстон, хиёнат ба раванди рости корҳо, хиёнат ба моли мардум ва ҷамъият, хиёнат ба ватан, баъзан аз нодонӣ хиёнат ба волидайн ва… аз хиёнатҳое мебошанд, ки дар навбати аввал хеле кӯчак ба назар расанд ҳам, дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохуше доранд.
Вақте ба ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, мебинем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо ин амалу падидаи номатлуб реша доштаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва эшон аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд. Агар ҷиддан ба саҳфаҳои ин адабиёти ғанӣ мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлбори ҳар суханвари тавонои он доир ба хиёнату хиёнаткорӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва дар ин замина хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум накардаанду омӯзандаанд.
Ҳанӯз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба хиёнату хиёнаткорӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба мард хиёнат мекунад, ин тавр тасвир кардааст:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастор он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: -Ай палид!...
Маатаассуф оғоз ва фароварди ҳикоят то замони мо нарасидааст, то донем, ки ин зани хиёнатгар чӣ зане буда ва чаро ин хиёнатро бар он мард раво дида!
Аз нигоҳи суханварони адабиёти форсии тоҷикӣ хиёнату хиёнаткрорӣ, ки дар байни афроди ҷомеа рух медиҳад, аксар бо дастдарозӣ намудан ба дороии мардум ва ҷомеа амалӣ мешавад. Фирдавсии бузург ба ин маънӣ мегӯяд:
Ба чизи касон даст ёзад касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.
Ҳамин маънӣ дар як ҳикояти «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ чунин омадааст:
«Корвонеро дар замини Юнон бизаданд (яъне, дуздон) ва неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргон гиряву зорӣ карданд ва ба Худову Пайғамбар(с) шафеъ оварданд, фоида набуд…
Луқмони ҳаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён: -Магар инонро насиҳат кунӣ, то тарафе аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад, ки чандин неъмат, ки зоеъ шавад?
Гуфт: -Дареғи калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан:
Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,
Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг.
Бо сияҳдил чӣ суд гуфтан вазъ,
Наравад мехи оҳанин дар санг!»
Бале, ҷавоби Луқмони ҳаким ба суолкунанда бамаврид аст, зеро оне, ки хиёнат дар тору пудаш танидааст, тарбият кардану ба роҳи рости инсонӣ даровардан ғайриимкон мебошад. Магар чунин хиёнаткорон имрӯз каманд!
Саъдии Шерозӣ ин бардошти худ аз зиндагиро тақвият дода, гуфтааст:
Аз раъият касе, ки мол рабуд,
Гил зи пай баргирифту бом андуд!
Яъне, хиёнатгару ғоратгари моли мардум ба мақсад нахоҳад расид.
Боз аз Саъдии бузургвор аст, ки гӯяд:
Ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ аз ҳисоб диларзад!
Ва ё дар ҳикмати халқ омадааст, ки:
«Хиёнатгар саломат намемонад».
Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату хиёнаткориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид меенамояд ва мегӯяд:
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Дар ин маврид аз офаридаҳои Низомии Ганҷавӣ танҳо ҳикояти «Хайр ва Шар»-ро ба ёд меорем, ки хиёнати Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунинҳоро дарси ибрат шавад. Аз ин рӯ, суханвари дигари тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба хоин ҳамнишин буданро салоҳ надонистааст:
Зи хоин дур бош, ай дӯст, ҳамвор,
Ки хоинро набошад дил ба як бор!
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, ин дар давлатдорӣ хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста ба он ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом аст. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнат сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнате, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво диданду оқибати он бо фоҷеаи мудҳиш анҷомид. Бале, кӯшиш рафт, ки писарро бо падар шинос нанамоянду бояд яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданд.
Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба- духтари шоҳи Ҳомоварон Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахт рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш ба фоҷеа дучор ва бераҳмона кушта мешавад.
Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Магар чунин рафтор ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат нест. Албатта Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми ватан аст. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба дародар дар саҳифаҳои «Шоҳнома» ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид. Ҳаргиз!
Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ ба ин амали номатлуб андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини он ҳамоно чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замон аст. Агар зердаст ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад. Хӯшаро ҳам агар шоҳ хонанд, ба он бояд итоат кард, -мегӯяд падари Гаршосп.
Баъди Фирдавсиву Асадии Тӯсӣ ва Низомию Саъдӣ ҳам дар адабиёти ғановатманди мо, вобаста ба муҳтавои ин ё он асар, бо ин мавзӯъ метавон хеле зиёд дучор омад, монанди осори Саноии Ғазнавӣ, достонҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, офаридаҳои манзуми Шайх Аттори Нишопурӣ, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, асарҳои пурмуҳтавои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Зайниддини Восифӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи давру замонҳо ин амали номатлуб ва разилона боиси бисёр бадбахтиҳо ва фоҷеаҳо мешудааст.
Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат ин хиёнат кардан ба халқу ватан ва миллат мебошад, ки чунинҳоро Ҳаким Фирдавсӣ ҷасурона носазо гуфтааст. Доир ба амали хиёнату хиёнаткорони малъун дур намеравем ва ба қарни ХХ нигоҳ мекунем, зеро назираш дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 хеле равшан мушоҳида шудаасту бо мисолҳои мушаххас дар кутуби таърих ба адабиёти бадеии суханварони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мунъакис ёфтааст. Он вақт ватани шӯравӣ ватани мо ҳам буд ва таърих инро аз саҳифаи худ ҳеч вақт сутурда наметавонад. Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту ватани озод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин сӣ соли охир баробари достовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯхташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагон ва ғ. ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисоротҳое овардаанд. Ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагиву ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумраҳон ва манфиатҷӯёнро пайваста маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хоирҷ аз кишвар истода ҷониби ватани худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак ин гунна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи барномаҳо ва супоришҳои хоҷагони хориҷии худанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд пайваста дар ҳифзи ватану халқу миллат бошанд, зеро меваи баъди турктозиҳои қарнҳо бо душвориҳои зиёд ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расиданамонро барои ҳамешагии ватану миллату халқ бурдборона ва содиқона муҳофизат намоянд.
Ниҳоят гуфтаниям, ки:
Шунидастам зи мардони диловар,
Хиёнатгар набошад фарди бовар!
Алии Муҳаммади Хуросони, адабиётшинос, мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси хаттии АМИТ