Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин асрҳо боз бо ҳамдигар ҳамсоя буда, ҳамзамон сарнавишти ягона доранд. Бар замми ин Роҳи бузурги Абрешим зиёда аз ду ҳазор сол аз ин дӯстию бародархондагии муштараки ин мардум шаҳодат медиҳад.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар сарзамини тоҷикон дар замони ҳукмронии сулолаи Хан, Чжан Тсян, роҳиби танӣ Сюантсзан ва дипломати чинӣ Чен Чен нақши нек гузошта буданд. Таърихи муносибат миёни кишварҳои мо аз қадимулайём бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар самти густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда маҳсуб ёфта, мавқеи Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳо намунаи олию барҷастаи муносибати миёни ду кишвари ҳамҷавор, ҳамсоя ва инчунин дӯсту бародар ба шумор меравад.
Тоҷирони суғдӣ масофаи ниҳоят тӯлониро дар минтақаиАвруосиё тай намуда, ниҳоятан пули тиҷоратиро ба вуҷуд оварданд, ки он Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам пайваст ва ҳамин тавр, ин тоҷирон ба раванди табодули ҳамаҷонибаи байнитамаддунӣ ва ғанӣ гардонидани мардумон дар масири роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки 32 сол қабл аз ин ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо густариши муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати ин солҳо муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Чунки ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Чуноне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни мулоқоти ба қарибӣ ба вуқуъ пайвастаи худ иброз дошт: “Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кӯшиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд.
Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем.
Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Мо бо азми ягона ҳамкории дуҷонибаи судмандро амалӣ месозем. Чин дар тӯли солҳои зиёд маблағгузори калонтарин ва яке аз шарикони пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Табодули дуҷонибаи мол соли гузашта ба 4 миллиард доллари ИМА наздик шуд. Чунин раванди мусбатро мо дар чор моҳи аввали соли равон низ нигоҳ доштем. Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки дар доираи он кишварҳои мо як қатор лоиҳаҳоро татбиқ мекунанд, аз ҷумла, Корхонаи сементбарории Ёвон, Маркази намунавии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ва Парки нассоҷии саноатӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар мустаҳкам намудани иқтидори саноатию техникии Тоҷикистон нақш мегузоранд ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд овардаанд, ҳамроҳ шуд.
Роҳи мошингарди Чин - Тоҷикистон, нақби роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат, ки аз ҷониби ширкатҳои Чин сохта шудаанд, шоҳраги муҳимми нақлиётии Тоҷикистон гардиданд. Маҳсулоти баландсифату аз ҷиҳати биологӣ тозаи истеҳсоли Тоҷикистон, ба мисли олу, лимӯ ва ангур дар бозорҳои Чин ҷойгоҳи хос ва дар байни истеъмолкунандагон талабгорони зиёди худро дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки биноҳои навсохти Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмони онҳоро мо бо ҳамроҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол пеш оғоз бахшида будем, мавриди истифода қарор гирифтанд. Онҳо шиносномаи нави пойтахти мамлакати Шумо ва рамзи ҳамкории Чину Тоҷикистон хоҳанд шуд.”
Инчунин мавсуф боз афзуд, ки: “Дар ҷараёни робитаҳои дӯстона мо аз якдигар меомӯзем. Дар заминаи Институти Конфутсий ва устохонаи Лу Бан гурӯҳи мутахассисони баландихтисос ташаккул ёфтааст, ки ҳам забонҳо ва ҳам технологияро медонанд ва ба рушди миллӣ ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон фаъолона мусоидат менамоянд. Ба шарофати кӯшишҳои Маркази Чину Тоҷикистон, Маркази анъанавии тиббии Чин ва лоиҳаи «Экспресс саломатӣ: сафари тобанда» ҳамбастагии тибби анъанавии Чин ва технологияҳои муосир саломатии аҳолиро ҳифз менамоянд. Робитаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, ба мисли ташкили рӯзҳои фарҳангӣ, машваратҳо, табодули донишҷӯён, тарҷума ва нашри тарафайни асарҳои бадеӣ сокинони ду кишварро ба ҳам наздик месозанд ва ба омилҳои дӯстии фарохи байни Чин ва Тоҷикистон зам мешаванд. Минтақаҳо ва шаҳрҳои бародархонд, ки теъдодашон то 9 адад расидааст, ба дӯстии Чину Тоҷикистон такони иловагӣ мебахшанд.
Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар ҳамеша кӯмак мерасонем”.
Оре, метавон гуфт, ки ҳамин тариқ дӯстии байни ин ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсоя аз қаъри асрҳо реша доранд. Ба ифодаи шоири вассофи сулҳу ваҳдатпараст, шодравон Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Ҳамин тариқ, дар хулоса метавон қайд намуд, ки таърихи муносибот миёни кишварҳои мо бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда маҳсуб ёфта, мавқеи Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Зеро Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи худро хусусан бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳаммарз Чин ба ибораи дигар Хитой ё худ Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз таърихи 4-уми январи соли 1992 ба таври расмӣ барқарор гардида буданд, то имрӯз густариш дода истодаанд, ки натиҷаҳои неку судманд ба бор оварда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 32-сол қабл аз ин, яъне 13-уми марти соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуда буд. Дар таърихи 7-уми апрели соли соли 1997 бошад, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки маҳз ба шарофати хидматҳои беназири Роҳбари давлатамон ҷониби Чин аз рӯзҳои аввал ба кишвари аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарардида кӯмакҳои худро дар ҳама самтҳо дареғ надошт. Аз ҷумла, дар масъалаи ворид намудани техникаҳои мухталиф ва инчунин коммуналию мошинҳои махсус ва инчунин шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар доираи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ тибқи лоиҳаи “Як камарбанд - як роҳ” созгор ба манфиатҳои ҳарду ҷониб ба роҳ монда шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ миёни ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя муҳим арзёбӣ шуда, Чин аз бузургтарин сармоягузор дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамзамон шарики асосии тиҷоратӣ маҳсуб меёбад.
Аз ҷумла, дар давоми 30 соли охир ва равобити муфиду судманди ҷонибҳо бо суръати баланд рушд ёфта, соли 2022 он 1210 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2021-ум 370,7 миллион доллар ё худ 44, 2 фоиз зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, дар давраи соли 2023 дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷойи дуюм қарор гирифта, ҳиссаи ин кишвар 20,7 фоизро ташкил медод.
Хулласи калом, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои аз қаъри асрҳо ба мо меросмонда бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар самти иқтисод, фарҳанг, тиҷорат ва инчунин ҳамкориҳои судманди мухталифи афзалиятнок бо мақсади рушди соҳаҳои саноат ва ҳамзамон табодули фарҳангу тамаддун, эҳёи корвони бостонии “Роҳи бузурги абрешим” баҳри рушди ҳамгироию бародархондагӣ ва сулҳу субот пешрафти иқтисоду саноат ва инчунин тиҷорату саёҳат ва пойдории ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба хотири фардои дурахшон байни Тоҷикистону Чин бо дастгирии бевоситаи роҳбарони кишварҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин устувор ба роҳ монда шудаанд.
Раҳимзода А.О. - директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м.