Skip to main content

Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор гардидаст, ки аз ин сана зиёда аз 32 сол сипарӣ гардид.

«Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд.

Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кушиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд» Чунин изҳор намудааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.

Ҳамкорӣ ва дўстии Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ин Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Пекин, 9 марти соли 1993), Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ (ш. Пекин, 15 январи соли 2007) ва Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор мераванд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад.

Ҳамчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудааст. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд.

Таҳлили равобити дуҷониба нишон дод, ки муносибатҳои иқтисодии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд. Чуноне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ќайд намуд «Муҳим аст, ки ҳамкории амалӣ густариш дода шавад ва заминаи мустаҳками моддии муносибатҳои Чину Тоҷикистон фароҳам гардад. Ҷониби Чин муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон бо мақсади рушди бештар ва эҳёи ду кишвар нақшаи пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро дорад. Тарҳрезии тадбирҳои нав ҷиҳати дар оянда афзун намудани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди «Чин -Тоҷикистон», зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим бо назардошти талаботи ду ҷониб, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва олӣ, аз ҷумла мошинҳо бо истифодаи неруи алтернативӣ, манбаҳои барқи офтобӣ ва телекоммуникатсияи кайҳонӣ низ муҳим аст. Мо барои аз Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани корхонаҳои бонуфузи Чин барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди низоми муосири саноатӣ дар Тоҷикистон омода мебошем».

Фарҳанг ва илм низ яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он заминаро барои ҳамкории саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад.

Тоҷикистон ва Чин – кишварҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъда мусоидат намояд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин рўз аз рўз афзун гардида истодааст. Чунончи омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази тадқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон​ ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тадқиқоти Тоҷикистон амал менамояд.

Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин ба олимону аҳли зиёи кишварамон имконият медиҳад, ки равобити илмиро бо ин кишвари дусту бародар боз ҳам тақвият бахшанд. Дар асоси ҳамин ҳамкориҳо Институти астрофизикаи АМИТ робитаи хешро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин пурзур намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла дар соли 2023 бо ташабуси Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И ва Амри Президенти АМИТ олимони љавони Институи астрофизикаи АМИТ дар Семинари илмӣ дар мавзӯи “Астрономияи радиогӣ” дар Расадхонаи астрономии Синтсзяни Академияи илмњои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сафари хизматӣ қарор доштанд. Инчунин бо Амри Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Узви вобастаи АМИТ, професор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ва бо роҳбарию талошҳои бевоситаи Узви вобастаи АМИТ мудири ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ва ходими калони илмии ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ Раҳматуллоева Ф.Ҷ. магистранти Институт Нормаҳмедов Н.О. барои идомаи додани омўзиш дар соҳаи астрономия ва астрофизика ба Расадхонаи баландкӯҳи Пурпуи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Чин метавонад иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро тақвият бахшад. Аз нигоҳи амниятӣ ҳар ду давлат ба таҳкими суботу амнияти минтақа манфиатдор мебошанд. Ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Лаборанти калони ШҶБ Назарова З.К.