Skip to main content

Дар оғози солҳои 80-ум бӯҳрони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ба авҷи хеш расид ва дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум фурўпошии амалии онҳо сурат гирифт, ки ба навбати хеш сабабгори тағийроти амиқ ва ҳатто бунёди дар сарнавишти таърихии шомили иттиҳод ва низоми равобити байналмилалӣ гардид. Ҳангоме, ки дар бораи омилҳо, ангезаҳо, хислат, мазмун, умқ, ва авоқиби (қабатҳои) раванди таҳавулот ва фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ диду назарҳо, қаринаҳо ва ақидаҳои мухталиф мавҷуданд пеш аз ҳама чунин таҳавулоти сиёсӣ ба сарнавишти Тоҷикистон таъсири бузург ва аслан хатарнок дошт, беҷиҳат нест. Баъзе «хасоили ҷавҳари» - и низоми сиёсї ва давлатии ИЉШС- ро, ки бо сабабгори аслии заъфи таърихию шикасти он низом маҳсуб мешавад, равшани андозем. Аммо ҷой додани ҳамаи он иттилооту меъёрҳои мавҷудаи он рисола берунаст. Бо вуҷуди ин таҳлил ва баррасии авомили умдатарине, ки асбоби таназзули иттиҳод гардидааст зарур медонем.

Ҷумҳурии Шӯравӣ, ки фарогири халқу миллатҳои гуногун буд, зери як низоми умуми давлатдорӣ пеш мерафт. Месазад бигўем, ки ҳамаи он кишварҳои бо ном бародар, ки худ дорои асолат, суннату анъаноти собит ва сарнавишти хоси таърихӣ буданд; иддае аз онҳо таҷрибаи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ, худогоҳии ташакулёфтаи миллӣ ва ҳофизаи бузурги таърихӣ доштанд; ишора ба гуфтаи муаррихон ва ҷомеъашиносон, дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи арзишҳои дар боло зикр шуда истисно буда дар умум гуи миллати умумӣ иттифоқӣ, маҷмуаи миллати сиёси пеш мерафт, ки ин норозиги ашхоси бедордили он миллатҳои этникиро меафзуд.

Аз ин рӯ ИҶШС бо вуҷуди тазоҳури ваҳдат ва таҷалии қудрат зотан заъиф, ғайритабии ва ноустувор буд; ин заъфи бунёдии низом ҳанўз дар солҳои 30- ум дарк гардида буд. Инчунин яке аз омилҳои назаррасе, ки боиси тезонидани чунин таҳавулот гардид ин эъломи сиёсати нав дар иттиҳод маҳсуб меёбад.

Яъне ба сари қудрат омадани М.С. Горбачев ва эълом кардани сиёсати нав, ки «курси суръатафзои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ» унвон дошт, дар маҷмўъ равобит ва таъсири мутақобилаи ин авомили бунёдӣ, асосӣ, ҷузъӣ ва ҷори гардидани бурҳони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони умуми иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравиро амри қонунманд мусаллам намуда онро дар ниммаи аввали солҳои 80 – ум дар остонаи фурўпоши қарор доданд.

Баъд аз ҳам гусаста гардидани завлонаҳои давлати абарқудрати Шўравӣ, ки зодаи бузургтарин инқилоби иҷтимои асри ХХ ба шумор мерафт ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлол асос гузошт. Саъю кушиши мустаҳкам намудани дастовардҳои истиқлолияти сиёсӣ ва ба даст овардани истиқлоляти иқтисодию фарҳангӣ, эҳёи анъана ва одатҳои миллӣ ва дар ин замина баргаштан ба асолати хеш, кӯшиш дар ҷаҳони муосир дар бораи ҷойгоҳи худ иллати дар фазои сиёси собиқ давлати Шўрави сарзадани низоҳои шадиди миллию этникӣ ва минтақавӣ гардид. Тавре дар боло ишора шуд, чунин суръат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, маданию миллӣ давлатҳои тоза истиқлол ба муқобиляти оштинопазири сиёсӣ дар ниҳояти кор задухурдҳои мусаллаҳона ва ба ҷанги шаҳрванди оварда расонд. Роҷеъ ба ин мавзўъ мо дар фаслҳои алоҳидаии мақола маълумот хоҳем дод.

Фоҷеаи таърихӣ, ки халқи тоҷик аз сар гузаронд хеле даҳшатовар ва нангин буд. Албатта охири ҳар амали ношоиста пушаймониву ҳасрат аст. Хисороти моддиву иқтисодии ин ҷангро то ба имрўз кас дақиқ ҳисоб накардааст. Оре дар таърихи чандин ҳазорсолаи тамаддуни тоҷикон ин ҷанг хеле ҳам хунину ва аз он ҳам бештар нангинтар амсоле надоштааст.

Дар ин асно ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикистониён хеле сангин шуда ахлоқу маданият низ хеле коста гардид. Гуфтан мумкин аст, ки хурдтарин ҳуқуқҳои инсони, ки озоди барои ҳаёт ва пеш бурди зиндагист поймол гардида буд. Аз он тараф миллати тоҷикро хавфи гуруснагӣ ва қашшоқи таҳдид мекард. Аз ҷониби дигар ҳукумати он вақтаро низ чунон бесару сомонӣ ва ноўҳдабароӣ гирифта буд, зеро тамоми дастгоҳҳо ва раванду гурўҳҳои амалкунандаи сиёсӣ ва давлатӣ хароб ва касиф гардида буданд. Дар ин ҳолати басо душвор масъалаи ба эътидол овардани шиорҳои ҷомеа ба миён омад. Ниҳоят баргузории иҷлосияи –XYI - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ба хотимаи он фоҷиаи таърихи нуқта гузошт ва баъди кушишҳо ва талошҳои ҳушдоргўшии миллати соҳибхирад хираду заковат бар кинаву адоват боло гирифта, ҷонибҳо роҳи ҳалли сиёсии ин қазияро ҷўён шуданд. Сулҳи тоҷикон низ бо шеваву усули бадастомаданаш дар таърихи тамаддуни башари ҳамто надоштааст.

Бори нахуст дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон 6-ноябри соли 1994 Кониститутсия (Сарқонун) ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва худи ҳамин рўз интихоботи президентӣ низ баргузор гашт. Бояд тазаккур дод, ки аз ин падидаи фараҳбахш сохт ба рўи мардуми азияткашидаи тоҷик доман густурд, ки чунин шахсияти соҳибтадбиру равшанзамирро чун Эмомалӣ Раҳмон сарвари худ интихоб намуданд.

Кӯшишу заҳматҳои ин марди фозил, ки баҳри ободиву зебоии ватан равона гардида буд самараи нек дод. Бешубҳа баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ, ки 27 – июни 1997 дар шаҳри Маскав ба тасвиб расид, ба Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин нерӯи тоза бахшида рўз аз рўз обод гардид. Аз ваҳдати милли садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд ва роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, ободиву навсозии бисёр дар ҷанбаҳои зиндагии пешвар ба рўйдодҳои муқарарӣ табдил меёбад. Бо вуҷуди он ки ҳоло ҳама мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ҳал нашудаанд ва масъалаҳое дар ҳаёти сиёсӣ ҷамъиятӣ буданд, ки ҳалли худро пайдо накарданд ва онҳо низ дар навбати худ сарнавиштсоз ва умдатарин буданд. Ҳамкории давалати Тоҷикистон бо бузургтарин давлатҳо, ҳамсоягон, кишварҳое, ки афзалияти ҳамкору равобити бисёрҷонибаро бо ватанамон дарк намудаанд, доираҳои васеъи мавзӯҳо, бахшҳо риштаҳо ва мавзўҳои дигари иқтисодию иҷтимоиро фаро мегирад.

Ваҳдати ҷомеъа барои ҳамагон асоси ифтихори ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҳамватанон ба хотири таҳкими он мебошад.

Тоҷикистон дар даврони бозсозӣ

Чуноне, ки дар боло ишора шуд, охири солҳои 70 –ум ва нимаи аввали солҳои 80 – ум дар мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омада бошад ҳам, вале дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ костагиҳои ҷиддӣ дида мешуд. Ин камбудиҳо дар таърихи давлати шўрави бо номи «карахтӣ» маълуманд. Ҷараёнҳои манфӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ вуҷуд доштанд.

Зуҳуроти бештари манфиро на аз сохтори сиёсии мамлакат, балки аз тарзи идоракунии он дида мешуд. Мувофиқи конститутсияи мамлакат, ки Ҳизби Коммунисти идораи сиёсӣ ва пешбарандаи ҷамъият маҳсуб мегардид ба бўҳрон кашида шуд. Сохтори идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифта, дар услуби идоракунии он камбудиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.

Масалан, аз идораҳои боло ба ташкилотҳои ибтидоӣ фармон меомад, ки чанд нафар мард ва ё зан ба сафи ҳизби коммунист қабул карда шавад. Азбаски ба вазифаҳои калони ҳизбӣ, давлатӣ, ва хоҷагӣ асосан аъзоёни ҳизб пешбари мешуданд, бинобар ин шахсони белаёқату мансабпараст бо ҳар роҳе ба ҳизб дохил шуда соҳиби мансаб мегаштанд.

Дар роҳбарии ҳизб ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ камбудиҳо дида мешуданд, яъне мустақилии онҳо ба назар гирифта намешуд. Чунончи танҳо баъд аз дар Кумитаи Марказии ҳизб маъқул донистани рўзнома, пленуми КМ ҲК Тоҷикистон баргузор мегардид. Ҳамин тавр мустақили ва фаъоляти ташкилотҳои ҷамъияти маҳдуд карда шуда, раҳбарии ҳизб меафзуд. Дар мамлакат қонуниятҳои сотсиалисти вайрон гардида, гунаҳкорон ба ҷазои ҳизбӣ маҳкум карда мешуданд ва ё ба дигар курсӣ менишастанд. Муаммоҳои миллӣ, аз ҷумла ба ҷои муқимиашон баргардонидани тоторони Қрим, туркҳои месхети ва ғайра вазъият торафт тезу тунд мегардид. Воқеъаҳои охири солҳои 80 – ум дар кишварҳои назди Балтика, Кавказ, Молдова, хусусан ВМК Қарабоғ низ гувоҳӣ медод, ки дар ҳалли муносибатҳои миллӣ чораҳои таъҷилӣ андешидан зарур буд. Дар Тоҷикистон низ соли 1989 дар сарҳади н. Исфара бо Баткенти Қирғизистон дар ҳалли масоили замин мушкилоте рух доданд. Ин воқеаҳо ташкилотҳои давлатию ҳизбиро вазифадор мекунад, ки бо ҳалли масоили миллӣ – этникӣ диққати махсус диҳанд.

Возеҳ аст, ки дар Тоҷикистон шумораи ҷавонон, алалхусус занон зиёд буда, қисми проблемаҳои онҳо солҳои тўлони ҳал нагардидаанд. Хусусан ҷавонони бе ихтисос наметавонанд бо кор таъмин гарданд ва сарҳисоби бекорон сол аз сол зиёд мешуд. Қисми ҷавонзанони маҳаллӣ низ бо ҳамин сабабҳо маҷбуран хонанишин буданд. Ҳамин тавр вазъи бўҳрони дар самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ба амал омад. Вазъи бӯҳрони соҳаи иқтисодиёт дар он намоён шуд, ки аз як тараф идоракунӣ ва назорат аз болои коргоҳҳои истеҳсолкунанда суст шуда аз тарафи дигар дар сари вақт ҷори нагардидани техникаи нав ва технологияи пешқадам, паст шудани ҳосилнокии меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, риоя накардан ба низоми истеҳсолӣ ва ғайра ҷой доштанд.

Дар Тоҷикистон сол аз сол барои сохтумонҳои саноатӣ ва маишӣ мабнои ҷудошуда аз худ карда нашуд. Баъзе объектҳои калони истеҳсолӣ аз қабили туннели роҳгузар, ки ҷануби кишварро бо шимоли он бояд мепайвандид аз нақша ба нақша гузаронида шуда, баъд умуман аз рўзнома бардошта шуд. Муносибати хунукназарона нисбат ба моликяти ҷамъиятӣ – давлатӣ зиёд гардида, дуздӣ меафзуд. Чунин вазъият ба сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсир расонида, дар маҳалҳо норозигии гурўҳҳои иҷтимоиро ба амал меовард. Дар соҳаи иҷтимоӣ костагиҳои зерин – паст шудани сатҳи худфаъолияти шаҳрвандон, вайрон кардани адолати иҷтимоӣ, инкишофи тамоили кор накарда аз ҷамъият бештар гирифтан ва ғайра мушоҳида мегардид. Дар бахши маънавият ба корҳои тарбиявӣ мушкилӣ ва камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла, дар ҷумҳури ҷинояткорӣ, ришвахўрӣ, қаллобӣ, маҳалгароӣ, чизпарастӣ, бадмастӣ, нашъамандӣ ва умуман ахлоқи ҷомеъа то андозае паст гардида буд. Инчунин дар тамоми сохтори амалкунандаи сиёсӣ садоқати сухан ба амал дида намешуд. Аз ҷониби дигар ақоиди яккаидеологӣ, синфият, партавият (ҳизбият) имконият намедод, ки гуногунандешӣ амал кунад. Дар соҳаи фарҳанг низ рафтори кӯр –кӯронаи ғарбгароӣ дида мешуд.

Вазъи бӯҳрони ҳаёти сиёсӣ кишварро фаро гирифт. Муҳимтарин масоили давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ аз ҷумла ҳалли ихтилофҳо дар муносибатҳои миллӣ кўшиши аз роҳи ғайридемократи ҳал кардани онҳо, ҷуста мешуд. Вуҷуд надоштани бакорбари дар қабул кардани қарорҳо, риоя накардан бо қонунияти сотсиалистӣ ба сохтори сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонд. Бар хилофи ҳизби коммунистӣ дар кишвар қувваҳои опозитсионӣ тарфи фаъоляти худро зиёд менамуданд. Чунончӣ, дар Тоҷикистон ҳаракати «Растохез» ва «Рӯ ба рӯ», созмону ҳизбҳои гуногун ба амал омаданд, ки онҳо роҳҳои тағйир додани вазъи сиёсиро пешниҳод мекарданд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ рух доданд, ки ба обрўи Иттиҳоди Шӯравӣ таъсири манфӣ расонид. Масъалаи дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон эътибори Иттиҳоди Шӯравиро дар арсаи байналхалқӣ паст намуд. Омилҳои хориҷӣ таъсири худро инчунин ба вазъи дохилии кишвар мерасонад. Аз ҷумла муносибатҳои иқтисодӣ, илмӣ - техникии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои ғарб имконият овард, ки ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоии кишварро мутамоил гардонад.

Бозсозӣ дар ҷамъияти шӯравӣ (аз моҳи апрели соли 1985 оғоз ёфтааст) Комитети Маркази таҳти сарварии Котиби Генералии ҲКИШ М.С. Горбачёв қарор кард, ки дар мамлакат азнавсозии ҷамъияти социалистӣ гузаронида шавад. Мақсади бозсозӣ хотима додан ба вазъи бўҳронӣ дар кишвар, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, дар истеҳсолот қонеъ гардонидани талаботи рўзафзуни мардуми шўравӣ, барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоии маъмурӣ ва минбаъд инкишоф додани равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ буд. Бозсозӣ мебоист ҷамъияти сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки садди роҳи он меистоданд барҳам медод.

Дар ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва давлатӣ зарурати обективии ба амал овардани бозсозӣ исбот гардида, равандҳои асосии он муайян шуданд. Ин ислоҳоти пулӣ мебоист соҳаи сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, тарбия ва муносибатҳои байналмилалиро дар бар гирад. Яке аз равандҳои сиёсии асосии бозсозӣ ин демократикунонии ҳаёти кишвар буд. Баъд аз ҳар як ҷониб механизми боэътимоде барпо карда мешуд, ки мувофиқи он шаҳрвандон дар ҳалли масоили давлатӣ- ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда тавонанд ва аз тарафи дигар ҳуқуқи инсон поймол нагардида барои онҳо фарҳанги сиёсии умумибашарӣ дастрас гардад. Конфренсияи – ХIХ-уми ҳизб қарорҳоро «Дар бораи демократиккунони ҷомеъаи шўравӣ ва ислоҳоти сохтори сиёсӣ» - ро қабул кард, ки онҳо стратегия ва тактикаи демократикунони ҷамъияти шўравиро муайян мекарданд.

Дар консепсияи демократикунонии ҷомеъа ошкорбаёнӣ мавқеъи муҳимро ишғол мекард. Ошкорбаёнӣ дар чорчўбаи қонун амал карда бояд ба воқеъаҳои ба амал омада холисона баҳо медод. Ба туфайли ошкорбаёнӣ дар коллективҳои меҳнатӣ андешаҳои ҷасурона ба амал меомад. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани плюрализми сотсиалистӣ оҳиста–оҳиста сохтори бисёрҳизбӣ ва тамоюли худмуайянкунӣ ба миён омад.

Дар мамлакат аз шеваҳои фармонфармоии маъмурӣ даст кашида ба сохтори нави интихобот аз рўи масоили ҳаётан муҳим, райъпурсӣ (референдум) ҷорӣ гардид. Амалӣ гардидани ошкорбаёнӣ имконят дод, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, китобҳо ва филмҳои «махфӣ» шинос шуда ҳақиқатро донанд. Шахсоне, ки солҳои шахспарастӣ ҷазои сиёсӣ дида буданд, номи неки онҳо барқарор гардид. Бозсозӣ инчунин дар ҳалли масоили байналхалқӣ ба амал омад. Мувофиқи афкори нав роҳҳои ба мамлакатҳои капиталистӣ ҳамкорӣ намудан ва мустаҳкам намудани сулҳ пайдо гардиданд.

Анҷумани 20 –уми ҳизби коммунисти Тоҷикистон (январи соли 1986) сиёсати бозсозиро дастгирӣ намуда барнома ва ҳадафҳои амалӣ гардонидани онро муайян кард.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва ташкил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиҳлол дар ҷумҳури тадбирҳои мушаххас оид ба барҳам додани бўҳрон ва аз навсозии ҷомеаи нав андешида шуданд.

Тоҷикистон дар оташ

Воқеъаҳои фоҷеавии аввали солҳои 90- уми асри сипари шуда ҳамчун саҳифаи сиёӣ ва даҳшатангез ба авроқи таърихи халқи тоҷик дарҷ гардидааст. Ин воқеъаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу маҷаллаҳо бо чунин номҳо: «ҷанги бародаркуш», «ҷанги шаҳрвандӣ», «ҷанги минтақавӣ», «ҷанги худкушӣ» ва ғайра ифода меёфтанд.

Ҷанги ба вуқӯъ омада сабабҳои обективӣ ва субективии худро дошт. Аввалан дар рафти бозсозӣ, чӣ дар миқёси собиқ шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурўш нарафтани баъзе маҳсулот, сари вақт пардохт нашудани маош ва нафақа, зиёд шудани миқдори бекорон то рафт норозигиро дар минтақа бештар мекард. Дар ибтидои солҳои 80–ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифт, мардуми баъзе аз ноҳияҳо ба озуқаворӣ, либос, пойафзол ва маҳсулоти дигари талаботи ҳамарӯза муҳтоҷӣ мекашиданд.

Ноҳамвории тараққиёт, сӯистеъмоли аз вазифа ва вайрон кардани қонуният дар маҳалҳо, инкишофи ришвахўрӣ, дуздӣ низ норозигии халқҳоро меафзуд ва ҳамин тавр дар ин заминаҳо ба пухта расидани воқеъаҳои фоҷеавӣ ва сар задани он як шўъла лозим буд. Дар ҷараёни демократикунонии ҷамъият ошкорбаёнии аҳзоби нави сиёсӣ, аз ҷумла демократҳо ва ҳизбҳои дигар ба майдон омаданд, ки аз норозигии ба вуқўъ омада истифода бурдан мехостанд, ки барномаҳои худро тадбиқ кунанд. Пўшида нест, ки ба ин кор як гурўҳ қувваҳои хориҷӣ даст зада, барои ба амал омадан ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҳиссаи худро гузоштанд.

Дар чунин вазъи мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ рўзҳои 5-6- феврали соли 1990 дар ш. Душанбе ва атрофи он овозаҳо дар бораи ба Душанбе омадани гурўҳҳои муҳоҷири арман пахш гардид.

Муносибатҳои ҳукуматдорон нисбат ба ин овозаҳо аҷиб ва дар асл ғайримасъулона буд. Ин амали ҳукуматдорон ба овозаҳои дар байни мардум паҳн гашта хислати бештари ақлӣ бахшид ва рўзҳои 9-10- феврал ин овозаҳо фазои шаҳрро чун абри сиёҳ пўшонида гирифтанд ва боиси ба шўр омадани оммаи халқ гардид.

Дар рўзи якшанбе 11-феврали соли 1990 садҳо ҷавонон дар майдони назди бинои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва маълумоти возеҳеро дар мавриди гурезагони арманӣ тақозо доштанд то аз ҷониби ҳукуматдорон шунаванд ва ҳақиқатро донанд. Ба назди онҳо Қаҳҳор Маҳкамов баромад ва изҳор дошт, ки ин овозаҳо асос надоранд. Дар байни ҷамъомадагон ҷавонони хунгарму ифротӣ низ буданд, ки ба унвони Қаҳҳор Маҳкамов суханони дағалу таҳқиромез гуфтанд ва ҳатто ҷониби ӯ калушро партоб намуданд. Ин албатта бисёр нохуб ва хатаромез буд. Қаҳҳор Маҳкамов ин вазъиятро шояд ҷиддӣ дарк кард ва ба ҷамъомадагон ваъда дод, ки барои тафтиши чунин овозаҳо комиссияеро созмон хоҳад дод ва натиҷаи кори ин комиссияро ба онҳо иттилоъ хоҳад дод. Аз ин хотир издиҳоми одамони нигарон пароканда шуданд. Ҳукуматдорон комиссияеро ташкил доданд, ки ба ҳайати он раиси комиҷрояи ш. Душанбе Мақсуд Икромов ва муовини вазири Адлия Халифабобо Ҳомидов шомил буданд.

Аз сабаби бемасъулятии ҳукуматдорон натиҷаи ин тафтишот, ки барои хориҷ кардани муҳоҷирони арманӣ аз ш. Душанбе равона гардида буд, ба тариқи ахбори умумӣ иттилоъ дода нашуд ва чораҳои маҳдудсози майдон низ тарҳрезӣ нагардид.

12-уми феврали соли 1990 дар назди бинои ҷониби муқобили қасри Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон даҳҳо ҷавонон, ки аксарашон 16-18-сола буданд ҷамъ омаданд. Дар майдон ба истиснои як мошини сабукрав касе ва ё чизе набуд. Дар муддати ҳамагӣ 70–дақиқа аз самтҳои гуногун садҳо ҷавонони дигар майдонро нигоштанд ва талаб мекарданд, ки ба наздашон Қ. Маҳкамов барояд, вале аз ў нишоне набуд. Баъди чанд дақиқа аз бинои КМ ҲК Тоҷикистон муовини раиси Шўрои Вазирон Отахон Латифӣ берун омада ба ҷамъомадагон муроҷиат намуд, вале овози ў шунида намешуд ва ў зуд дохили бино гардид. Баъди ин аз дари асосии бино теъдоди нисбатан зиёди милитсанерони сипардор берун гардида талош карданд, то ин ки сафҳои аввали ҷамъомадагонро аз зинаҳои назди дарвозаи марказӣ ба қафо гардонанд. Вале ин амал ки зимни он аз чўбдастҳо истифода шуд, натиҷа надод. Ҳангоме, ки мақомоти қудратӣ пеши роҳи ин ошӯбро гирифта натавонист, пас чӣ гуна тасаввур метавон кард, ки он майдон ба чи ҳол гирифтор буд.

Ҳарчанд ҳукуматдорон бо роҳҳои дигар кўшиш карданд натиҷа надод ва оқибат ба фишори мусаллаҳона ва тирпаронии шадид оварда расонд. Дар ин лаҳза майдон пароканда шуд, вале аввалин талафоти ҷонӣ дар ин майдон оғоз гардид, ки минбаъд дар ҷараёни ин фоҷеъа номи майдони «Шаҳидонро» гирифт.

Шоми 12-уми феврал шоми даҳшатнок буд. Тарсу ҳарос ҳамагиро фаро гирифта буд. Тавассути телевизион раиси Шўрои Вазирон Иззатулло Ҳаёев, вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов ва муовини вазири адлия Х. Ҳалимов баромад карданд. Онҳо қарори ҳукуматро дар бораи эъломи вазъияти фавқулодда дар шаҳри Душанберо қироат карданд ва изҳор доштанд, ки мақомоти давлати ба муқобили ин амали ғайриқонунӣ фаъолона мубориза хоҳад бурд. Вале вазъият ҳамоно даҳшатнок буд.

Субҳи 13- феврал майдони назди КМ ҲК Тоҷикистон ва гузарҳои атрофи он бо милитсионерон печонида шуда буд. Садои тирпаррони як – як ё гурўҳ – гурўҳ ба гўш мерасид. Худи ҳамон рўз дар майдон заду хӯрдҳои шадид ба амал омад. Дар ин ҳолати басо нангин ҳукумат техникаи вазнинро вориди шаҳр кард. Бенизомиҳо ва аъмоли тахрибгарона вусъат гирифт. Бо истифода аз ин вазъ дастаҳои мутташакилонаи ҷинояткорон ва мафияи савдо ба ғорату оташзании муассисоти тиҷоратӣ ва савдо даст заданд. Хатари табдили ин воқеъот ба фитнаи бузург ва ҳараҷу мараҷи калон миқёси амри тақрибан яқин мешуд. Сардорон, ки қудрату тавони идораи воқеъотро аз даст дода буданд ва ваҳшатзада низ буданд ба амали хатарноктар даст заданд. Дар нимаи рўз Қ. Маҳкамов ва Ғоибназар Паллаев бо ранги парида ва ваҷоаҳати ваҳшатзада аз тариқи телевизион изҳор доштанд, ки онҳо аз идораи воқеъиёт оҷиз монданд ва бетартибӣ миқёси умумӣ мегардад ва мардумро даъват карданд, ки мусаллаҳ шаванд ва худро муҳофизат намоянд. Ин амал ба ҳайсият ва эътибори поиномадаи идораи давлат зарбаи ниҳоят сахт ва тақрибан марговар зад.

Шаби 13-14- феврали соли 1990 шаби даҳшатовар буд. Авзои шаҳр ҳамоно мутташанниҷ боқи мемонд.

Тайёраҳои ғўлпайкари ҳарбӣ пайи ҳам силоҳ, техника, қитаъоти низомиро ворид мекарданд ва садои онҳо шаҳриёнро ба ваҳшат меандохт. Тақрибан дар ҳамон лаҳзаҳо дастаҳои дифои худташкил фаъолияти худро оғоз намуданд. Онҳо падидаҳои мураккаб ва муттаззод буданд.

Субҳи 15- феврали соли 1990 рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» матни протоколи тарафайнро нашр кард, ки барақсо паҳн шуд. Аз соати 8-и субҳ дар чанд нуқтаи шаҳр (майдони Ленин, хиёбони назди бозори «Баракат» ва чорраҳаи назди хонаи матбуот) гурўҳҳои бузурги ҷавонон ва умуми шаҳриён ҷамъ омаданд ва гирдиҳамои оғоз карданд. Ин гирдиҳамомадагон муташакилтар, огаҳтар ва мунтазамтар буданд, вале доир кардани чандин митинг ба таври айни боиси заъфи умумӣ мегардид.

Субҳи 18- уми феврал гурўҳҳои бузурги ҷавонон ба самти майдони Ленин равон шуданд, гурўњњои аввал аз самти љануб њаракат дошт ва дар чорањаи хонаи матбуот ба садди тасхирнопазири низомии мусаллањ ба танкњо рў ба рў шуданд. Гурўҳҳои бузургтар дар назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷамъ омада буданд ва пеши роҳи онҳо низ бо техника ва низомиён гирифта шуда буд. Шумораи мардум меафзуд ва вазъ торафт хатарнок мешуд. Дар чунин вазъи ҳасос аз пойгоҳи низомӣ, ки дар оғози ин кўча ҳамаги дар фосилаи 200 -300 метр қарор дошт ҳаракати танкаҳо сар шуд, Онҳо ба сўи гирдиҳамомадагон, ки онҳоро милитсианерон иҳота карда буданд, басуръат ҳаракат карданд ва дохили издиҳом шуданд. Ҷамъомадагон маҷбур шуданд худро ба панҷараҳои Боғи истироҳатии марказӣ фишоранд, дар аксари он зери танк мемонданд. Тақрибан 5-7 дақиқа танкҳо бо ғулғулаи дуди сиёҳи худ ваҳшат меафканданд.

Байни сарнишинҳои танкҳо ва фармондеҳонашон муколимаи шадид ҷараён дошт. Кўчактарин иғвогарӣ ва амали бе андеша боиси қурбонии даҳҳо ва ҳатто садҳо одамон гардида метавонист. Хушбахтона чунин нашуд. Тарафайн розӣ шуданд то гирдиҳамоӣ дар майдони кохи Борбад доир гардад. Мавҷи бузурги одамон мисли рўди хурўшон аз тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ њаракат дошт ва назди кохи Борбад ҷамъ шуд. Дар ин ҷо тақрибан 25 – 30 ҳазор нафар гирд омада буд. Раҳбари ин ҷамъомадагон Д. Худойназаров буд.

Ҷанг ба ҷомеъа ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ зарар расонида талафоти хеле калони инсониро ба амал овард. Дар ин хусус президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию иқоматӣ, дабистону кўдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Торафт талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъ овардаи мардум ба яғмо рафт. Зарари моддии ба ҷумҳури расидаи ҷанг бештар аз 7 милярд доллари амрикоиро ташкил дод».1

Хулоса ин ҷанг сабақи талоши таърихи буда метавонад. Бинобар ин талош варзидан зарур аст, ки ҷумҳури ба он роҳ надиҳад.

Фронти халқии Тоикистон дар якҷояги бо сарбозони ВКД ва комитети амният 10 – декабри соли 1992 пойтахти ҷумњурӣ шаҳри Душанберо зери назорат гирифтанд.

Тавре, ки дар боло ишора шуд дар натиҷаи чунин митингҳо ва гирдиҳамоиҳо кушторҳои пай дар пай ба амал омада ва ба сабабҳои обективию субъективи ҷумҳуриро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Бо мақсади хотима додан ба ин фоҷиаҳо ҳукумати ҷумҳури эътилофӣ (коалисионӣ) ташкил шуд. Чун тазаккур дода будем, ки ҳукумати мазкур аз ўҳдаи хомуш кардани воқеъаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июни соли 1992 амалиёти ҷанги сар то сари кишварро фаро гирифт. Иғвоҳои сиёсӣ ба он оварда расониданд, ки дар байни шаҳрвандон заду хурд ба амал омад ва одамони бегуноҳ кушта шуданд. Ҳазорон шаҳрвандони республика ҷою макони истиқоматии худро тарк намуда ба давлатҳои Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон, Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Кас бовар намекунад, ки халқи тоҷик дорои фарҳанги бою қадима ба худкуши роҳ дода бошад.

Ҳамин тариқ воқеаҳои рўзҳои 11-18 уми феврали соли 1990, ки номи «воқеаҳои феврали» ва «фоҷеаи февралиро» ба худ гирифт, дар асл зангўлаи хатари ҷиддӣ ва сароғози бўҳрони тўлонӣ ва баъдан хунин гардид.

Аз инҷост, ки ин бўҳрони сиёсӣ яке аз сабабҳои ҷанги хунин шуда монд ва пас аз ин дар кишвар азҳоби мухталифи сиёсӣ ба фаъолияти ошкоро ва манфиъатгуна шурўъ карданд, мисли ҳизбҳои демократӣ ва ғайра байни шаҳрвандон кори сиёсиро пеш гирифтанд. Онҳо аз 26- уми март то 26 уми майи соли 1992 митинги фавқулодаро ташкил намуданд, ки зери шиорҳои сиёсии зидди ҳукумат ва бо дастгирии Хизби наҳзати ислом мегузашт. Мубориза бо митинг маҳдуд нашуда аъзоёни ҳукумат ва парлумонро гаравгон гирифтанд. Дар ҷавоб моҳи майи соли 1992 дар майдони «Озодӣ» митинг барпо гардид, ки он мавқеъи ҳокимияти конститутсиониро дасгирӣ намуда раиси ҷумҳурро ҳимоя мекард.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тӯли ин фосилаи начандон бузурги таърихӣ, ки дар мамлакат ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барқарору устувор гардидани он лозим ва зарур буд, сабабгори зотиву ҷавҳари ин ниҳоди олӣ - сулҳу субот аз ташабусҳои наҷибона, заҳматҳои ҷонфидоёна ва амалҳои қаҳрамононаи сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва аз иқдомҳои ватанпарастонаи ў сарчашма гирифтанд.

Таърих гувоҳ аст аз ин рўзҳо, ки бар сари миллати азияткашидаи тоҷикон омада дуди оташи ҷанг ва бесару сомониҳо ба фалак расида буд. Ин ҳодиса беҳокимятӣ ва парокандагии миллатро ба вуҷуд овард. Вазъият дар акси нуқоти Тоҷикистон бад ва мутташанниҷ гардида буд. Амнияти халқ ва ҳукуматро ҳеҷ мақомоти давлатӣ таъмин карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳеҷ кас аз ашхоси намоён нахост, ки зимоми ҳукуматдориро ба ўҳда бигирад ва онро ба эътидол оварад. Чунин вазъият боиси он гардид, ки дар миёни як сол ивазшавии ду раиси ҷумҳурӣ гардид. Вале дигар он кӯшишҳо торафт аҳволи ҷомеъаро то рафт бад мегардонд. Бинобар ин чунин суръат гирифтани вазъият вакилони мардумиро ба хулосае овард, ки иҷлосияи 16- уми Шўрои Олиро тарҳрезӣ кунанд. Аммо аз сабаби он, ки дар пойтахти кишвар вазъият хеле мураккаб ва ногувор буд гузаронидани иҷлосияи мазкур ба онҳо даст надод. Аз он ҷиҳат оромии нисбӣ, ки дар вилояти Суғд ҳукумфармо буд вакилони мардуми ба қароре омаданд, ки ин иҷлосияро дар ш. Хуҷанд гузаронанд. Ин ҳодиса дар таърихи 16 –ноябри соли 1992 ба вуқўъ пайваст ва дар таърихи халқи тоҷик нақши муҳимеро гузошт. Дар натиҷа шоҳроҳи наве барои миллати тоҷик боз гардида аз миёни вакилони мардуми Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов аз оғози фаъолияташ дар ҷаласаи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардида, сипас аз тариқи райпурсии умумихалқӣ ба вазифаи президенти кишвар дастболо шуданд ва масъуляти вазнини идораи ҷумҳуриро ба ўҳда гирифтанд.

Хулосаи он талош ва қабул кардану дар амал татбиқ кардани он самараи нек ба бор овард. Натиҷаи иҷлосияи мазкур зина ба зина аз ҳолати мусаллаҳона рў ба оромӣ нигаронидану ҷамъ намудани ҷомеъа оғоз гардида, тақвият ёфта дар устувор гардидани иттиҳоди тамоми қавму миллатҳои сокини кишвар таъсири мусбат расонида бо назар дошти аҳамияти иҷтимоию сиёсӣ пайдо кардани он ба хусус тафоҳуми байни кишварҳои мухталифи фаъолят дошта таъсири мусбат мерасонад.

Тавре, ки дар боло ишора кардем, дар таърихи миллати тоҷик он фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромушнашудани ва хунангез сабт шудааст, то насли имрўзу фардои миллати тоҷикро сабақи зиндагӣ гардида бошад.

Бешубҳа Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ягонагии миллатро таъмин намуда дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеъа мебошад рўи кор овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалии Раҳмон, ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеъи иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат муайан кард, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

Дар иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ўҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи сардори давлат назми ҷомеъаро ба вуҷуд оварда мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Ҳма пешрафту нумуи давлати феълии Тоҷикистон аз фазлу баракати иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Хулоса давлати навтаъсисе, ки ба миён омад фаъоляти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф ва баргардонидани гурезагон таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид, ки мо роҷеъ ба қарорҳои фавқ дар фасли сони хабар хоҳем дод. Хулоса ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеъаи демократию дунявиро даъват мекунад. Вазифаи ҳар фарди ҷомеъа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кул ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистон саҳми худро гузорад зеро:

Одами аз дўстӣ ёбад бахт,

Душмани орад ба мардум рўзи сахт

Ваҳдати миллӣ - шукуфоии Ватан

Хуррамию хушдили дар ин ҷаҳон аз ваҳдат аст,

Хандаю ободии ҳар хонадон аз ваҳдат аст.

Оре, ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дўстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзўҳои дар пешини худ гузоштаамон сабабгор мегардад. Пас ҳамин ваҳдат аст, ки инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Вале ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест.

Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дўстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.

Аз таърихи башарият аён аст, ки бинобар сабаби каҷравиҳою каҷфаҳмиҳо ва мағрурию худписандиҳо зумраи аз шоҳон чӣ қадар шаҳрҳо валангор, чӣ қадар ободиҳо харобазор ва чӣ қадар ашхоси бегуноҳ қурбон гаштанд. Аз «Шоҳнома»- и безаволи устоди сухан - Фирдавсии Тусӣ чунин мисолҳоро хеле зиёд метавон овард, ки барои наслҳои имрўзу фардо сабақи хуби зиндагӣ шуда метавонад.

Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқадасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.

Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем мебинем, ки маҳз бо кўшишу талошҳои сарвари кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалии Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар кишвар асос гузоштем. Кўшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю кушишҳои президенти ғамхору дурандеши мо бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохўриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «то нафаси охирин аз Ватан маҷбуран гурехташудагонро ба Ватан бар нагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».1

Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукумрон аст. Мо шукри ин неъмати ба даст овардаро карда бояд аз сидқи дил хонем, омўзем ва дар пешрафту тарақии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем.

Оғози гуфтушуниди байни тоҷикон ва марҳилаҳои он

Баъди он, ки бо миёнагарии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия аввалин бор 5- апрели соли 1994 дар Маскав намояндагони ду тарафи даргир ба хотири ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти Тоҷикон дар рў ба рўи ҳам нишастанд, ба умедеки ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳои бирасанд. Дар ин муддат ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб 9- даври гуфтушунидро паси сар карданд, ки баъзе аз ин давраҳо 2-3 – марҳилаи алоҳидаро дар бар мегирифт. Ҳафт маротиба раҳбарони олимартабаи ҳарду ҷониб дар лаҳзаҳои душвор тариқи раванди сулҳ хориҷ аз кишвар мулоқотҳо оростанд, то фазои сулҳу оромиро дар кишвар ҳарчи тезтар таъмин намоянд. Махсусан мулоқоти моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хусти Давлати Исломии Афғонистон барпо шуда хеле муҳим буд. Дар он тарафҳо ба қатъи ҷанг мувофиқа карданд.

Дар масъалаи таъсиси Коммисияи Оштии Миллӣ низ созиш ба даст омад. Ғайр аз мулоқотҳо дар сатҳи олӣ чандин вохуриҳову дидорбиниҳои машварати ҳайатҳои музокиракунанда баргузор гардид. Хулас тибқи оморе, ки дар даст дорем аз 1180 рўзе, ки раванди музокирот таҳти миёнаравии Созмони Милали Муттаҳҳид идома доштааст 208 рўзи онро аз субҳ то шом, баъзан шабона ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб дар рў ба рўи ҳам баҳсу мунозира гузоштанд

Акнун месазад, ки роҷеъ ба дигар давраҳо ва марҳилаҳои сулҳи байни тоҷикон ҳарф занем.

Мутаасифона дар давраи аввали гуфтушуниди ёд шуда, ки асосан дар он танҳо масъалаи рўзномаи музокироти байни тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, проблемаи таъсиси чунин як орган ба рўзномаи музокироти тарафайн ворид карда нашуд. Ин масъала дар даври дуюми музокирот ( аз 18 то 26 –уми июни соли 1994 боқи монд) ва мулоқоти машваратии ҳайатҳои музокиракунанда (аз 12 то 17 октябри соли 1994), ки дар Теҳрон барпо гардид мавриди баррасӣ қарор нагирифт.

Дар даври сеюми музокироти байни тоҷикон, ки аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт низ ҷонибҳо ҳалли масъаларо аз мадди назар дур монданд. Зеро баҳси масъалаи таъсиси комиссияи муштарак оид ба тадбиқи созишнома дар бораи оташбаси муваққати ва табодули қувваҳои низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ пеш омад ва бадин сурат мубоҳиса дар атрофи масъалаи заруроти таъсиси шўрои оштии милли дар ин даври музокирот баррасӣ нашуд.

Дар ин байн як мулоқоти рў ба рўи муовини аввали ИНОТ Ҳоҷи Акбар Тўраҷонзода бо Президенти Узбекистон И. Каримов аввалҳои апрели соли 1995 дар Ташкент барпо гардид. Раиси Ҷумҳурии Узбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба фикри ў, бояд форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон даъват карда шавад. Албатта ин пешниҳоди хубе буд, аз ин рў ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари ИНОТ онро дар мулоқоти навбатии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон барпо гардид матраҳ кард.

Дар изҳороте, ки дар хотимаи ин мулоқот аз ҷониби ду раҳбар ба имзо расид, қайд карда шуд, ки дар мавриди даъвати анҷумани машварати халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари ҳарду ҷониб ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҳалли бўҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар тавофуқ ҳосил шавад. Инобатан ҳарду раҳбар бо ҳайати музокиракунандаи худ дастур доданд то дар давраи 5-уми музокироти байни тоҷикон масъалаҳои таъини маҳал ва таърихи баргузории анҷуманро ҳал намоянд.

Дар даври панҷуми музокироти байни тоҷикон ҷониби ИНОТ дар баробари таъсиси форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати Шӯрои Оштии Миллиро бо қатъият ба миён гузоштанд.

Зеро ба қавли ҷониби ИНОТ, агарчи форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон доираи васеъи аҳли ҷамоачигиро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале чи тавре, ки аз лоиҳаҳои пешниҳод кардаи ҳарду ҷониб пайдост, қарорҳои қабул кардани он аз сабаби характери машваратӣ доштаашон наметавонист ҳукми қонуниро бигиранд ва ба ҳаёт бе чуну чаро татбиқ гарданд.

Дере нагузашта 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ раҳбарони олимартабаи ду ҷониб созишномаеро ба тавсиб расониданд, ки дар он аз ҷумла чунин омада буд: «бо дар назардошти он, ки бо имзои ҳамин созишнома дар роҳи сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин комиссия намояндаи иттиҳоди мухолифини тоҷик таъин мешавад». Сипас дар худи ҳамин вохурӣ аз ҷониби ду роҳбар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комисяи Оштии Миллӣ ба имзо расид.

21 феврали соли 1997 дар мулоқоти дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, раҳбарони олимартабаи ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба протоколи «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳаои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» ва «Низомномаи Комиссияи Оштии Милли» -ро қабул карданд.

Хулоса дар чунин як кишваре, ки авзои дохилию хориҷиаш мураккаб буд, сулҳи дар рўи қоғаз дарҷгардидаро арзи ҳастӣ бахшидан лозим буд. Ҳамин тариқ музокироти сулҳи тоҷикон агар чанде, ки душвориро паси сар карда бошад ҳам, истиқрори он сулҳ мушкилоти бештареро ба худ ҳамроҳ дошт ва ҳалли ин мушкилот асосан ба зиммаи Комиссияи Оштии Миллӣ вогузор карда шуд, ки мухтасран дар зер онро алоҳида зикр хоҳем кард.

Фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ

Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) - ин бунёдкунандаи муҳити сулҳу субот, оштиву ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ дар кишвар, механизми дар таърихи башарият нодир, ки дар ҳошияи ҷанги шаҳрвандӣ баҳри татбиқи тавофуқоти ба даст омада, миёни ҷонибҳои сулҳкунанда дар Тоҷикистон бо маслиҳати тарафайн ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ созмон ёфта буд ва ниҳоятан баъди 999 рўзи фаъолияташ бисёр корҳои самарабахшеро барои ободии Тоҷикистони азиз анҷом дода тавонист.

Солҳо пайи ҳам сипари хоҳад шуд. Дар таърихи кишвар баҳои мунсифонаву арзандаи худро ба кору пайкори ин мақоми муштараки эҷодкори сулҳ хоҳад дод. Вале ҳоло мехоҳем дар фароварди сухани худ аз он хизматҳое, ки ин ниҳод барои миллати тоҷику тамоми Тоҷикистониён кардааст кўтоҳакак ёдовар шавем.

Муҳимтарин корҳое, ки дар аввали фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин озод кардани садҳо асирони ҳарбию маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Сухан оҷиз аст, аз тасвири шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ азизони худро боз дар оғўши гарми оила пазируфтанд. Айнан ҳамин чизро дар бораи муҳоҷироне, ки баъди беш аз панҷ сол сарсониву саргардонӣ ба итминони комил, ки дигар дар ватан азияте нахоҳанд дид, ба хонаву кошонаи худ баргаштанд.

Теъдоди муҳоҷироне, ки ба ватан дар ин байн баргаштанд даҳҳо ҳазор нафар буд. Аксрияти онҳо ба хонаву кошонаи худ, ки аз ҷониби ашхоси бегона ғасб шуда буданд, бо дахолати КОМ ва мақомоти маҳаллӣ баргардонида гирифтанд.

Мушкилтарин коре, ки дар давраи фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин аз Давлати Исломии Афғонистон баргардонидани размандагони ИНОТ ба Тоҷикистон, сабти ном кардани онҳо, ба қайд гирифтани силоҳу муҳимоти ҷангии онҳо, аз муоинаи тиббӣ ва атестатсия гузаронидан ва шомили сохторҳои қудратии ҳукумат кардани нерўҳои мусаллаҳи ИНОТ буд. Дар натиҷа қариб 7000 нафар размандагони ИНОТ бо силоҳу муҳимоташон ё шомили ниҳодҳои қудратии давлатӣ шуданд ё силоҳ ба замин гузоштанду ба кори мулкӣ гузаштанд.

Дар роҳи татбиқи протоколи сиёсӣ низ корҳои муайане анҷом гирифтанд. Тибқи саҳмияи 30% ба намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла аз муовини аввали сарвазир сар карда то раисони ҳукуматҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъин гардиданд. Дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барои миллат сарнавиштсоз, аз ҷумла таҳия ва қабули санадҳои ҳамдигарбахшӣ ба монанди: - таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»; таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи авфи умумӣ»; таҳияи лоиҳаи «Консепсияи андешаҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра КОМ саҳми беандоза дорад.

Хулоса дар зарфи 2-солу 8моҳу 25 рўзи фаъоляташ КОМ фазои сиёсиву низомӣ ва иҷтимоии кишварро ба таҳавулоти хеле мусбат дучор гардонид.

Дар фаъолияти пурсамари КОМ наметавонем аз онҳое ном барем, ки дар барқарории сулҳу суббот саҳми беандоза гузоштанд. Борҳо гуфтем ва мегўем, ки самимяту устувории раиси Ҷумҳур Эмомалии Раҳмон буд, ки раванди музокироти байни тоҷикон ва ҷараёни барқарории сулҳу суббот дар кишвар бо муваффақият пеш рафт ва анҷом пазируфт. Агар майлу хоҳиш ва саъйу кушиши бузурги Раиси Ҷумҳур намебуд дар гумон буд сулҳу субот ба ин наздикиҳо дар кишвар барқарор гардад. Ин иқдоми таърихӣ буд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи барои миллату кишварамон сарнавиштсоз.

Дар баробари Раиси Ҷумҳур аз онҳое ном бибарем, ки дар комиссияи оштии миллӣ фаъолият карда, дар татбиқи созишномаи умумӣ ҳиссаи худро гузоштаанд. Қабл аз ҳама ин раҳбари нерўҳои мухолифин ва дар навбати худ раиси КОМ, марҳум С.А.Нурӣ ва муовини ў А.Достиев мебошад.

Инчунин боиси ифтихори мост, ки як зумра зиёиёни диниву дунявии миллати тоҷик дар фаъоляти КОМ саҳми беандозаи худро гузоштанд, ки дар ин ниҳоди сулҳофарини ҳама чун як тану дӯш ба дӯши ҳам гирифта кўшиш намуданд, ки ҳарчи бештар дар кишвари азияткашидаи мо сулҳу суббот барқарор гардида оштиву ваҳдати миллӣ таҳкиму барқарор гардад. Ба ҷуз шахсиятҳои дар боло зикр шуда нафарҳои зиёде ба ҳайси аъзои комиссияи марказии муштараки атестатсионии коршиносони муштараки тиббӣ кор карданд. Фаъолияти самарабахш ва фидокоронаи онҳо буд, ки дар ҷамъбасти кори комиссияи оштии миллӣ Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аъзоёни КОМ, коршиносону аъзоёни гурўҳҳои кории КОМ ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷумла ба 4 нафар ордени «Исмоили Сомонӣ», 11 нафар ордени «Дўстии халқҳо», 11 нафар ордени «Спитамен», ба 14 нафар ордени «Шараф», ба 9 нафар медали «Ҷасорат», ба 8 нафар унвони «Барои хизмати шоиста», ба як нафар унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», ба 4 нафар «Ифтирхорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор донистанд. Гузашти айём нишон хоҳад дод, ки афроди дар боло зикр ёфта барои миллату кишвари худ ва ҳатто барои ояндаи минтақа ва ҷаҳон чӣ хизмати беандозае карданд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд КОМ тавонист, ки вазифаи таърихии худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.

Хулоса

Муаллифони дигар, ки дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон асар таълиф кардаанд ва ба сабабҳои ин ҷанги бародаркуш ва гунаҳгорони он ибрози ақида намуда, тараферо маҳкум ва ҷониберо ҳимоя мекунанд, мо аз чунин ранг гирифтани тањқиқот даст кашида, ҳар он чизе, ки таърих гувоҳӣ медиҳад муҳақақ баён кардем ва он чунин аст:

Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи собиқ ҷумҳуриҳои он сохтори нави давлатдории соҳибихтиёри демократӣ ва озод арзи вуҷуд карданд. Дар назди ин давлатҳои навину озод ва соҳибихтиёр вазифаҳои тақдирсоз ва дар навбати аввал ниҳоят душвору меҳнатталаб меистоданд, ки иборат аз ҳамаҷониба дилпур ва қавӣ кардани соҳибихтиёрии хеш, дар асоси талаботи ҳозиразамон мамолики муттараққи ва муттамаддин, ташаккул додани асосҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буданд. Ба қатори чунин давлатҳои нави соҳибихтиёр Тоҷикистон низ дохил мешавад, ки он дар саргаҳ ва дарвозаи Шарқи Миёна қарор дорад. Ба ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон муҳим он буд, ки дар асоси махсусиятҳои мавҷудаи худ шакли нави сохтори давлатӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян созад.

Аммо тавре, ки ҳаёт нишон дод, дар Тоҷикстон, нисбати дигар собиқ ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод, раванди ташаккули сохти нави сиёсӣ, бар асари мавҷуд будани якчанд омилҳои объективӣ ва субъективӣ, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доштанд, бо душворӣ ва бӯҳронҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Дере нагузашта, пеши роҳи ба ҳаёт тадбиқ кардани чунин масъалаҳои ниҳоятан заруру тақдирсозро ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркуш ва ниҳоятан бемаънӣ, ки соли 1992 оғоз шуд, фаро гирифт. Ин ҷанг, хосса дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар, ки ба майдони задухӯрдҳои хунини тарафҳои ба ҳам даргир табдил ёфта буданд, зарару зиёнҳои ниҳоятан азиму сангини моддӣ ва маънавӣ расонидааст ва ба сари халқи тоҷик оқибатҳои ниҳоят вазнинро овардааст.

Пас омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ин пеш аз ҳама пош хӯрдани иттиҳод, тайёр набудани ҷомеа ба соҳибистиқлолӣ, бӯҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва кашмакашҳои дохилӣ мебошад, ки ба он дар навбати худ омилҳои хориҷӣ низ таъсири худро расонидаанд.

Пеш гирифтани роҳи нобудшавии миллати тоҷик ва барҳам задани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар ба таври ҳаққонӣ ба оғози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикстон, ки дар ш.Хуҷанд баргузор гардид ва ба қарорҳои қабул намудаи он вобаста мебошад.

Иҷлосия сарвари давлат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазиронро интихоб намуда, самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия умдатарин масъалаҳо, аз қабили ба эътидол овардани ҳолати нооромии кишвар, раҳонидани ҷомеа аз бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фaрҳангӣ, ба ҳам овардану ба созиш расонидани тарафҳои муқобил мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри с.1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», Қарори Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» ба тавсиб расид.

Бинобар он бо назардошти аҳамияти бузурги қарорҳо ва паёмадҳои иҷлосия, онро барҳақ метавон ҳодисаи нодиртарин ва тақдирсози таърихи навтарини давлатдории тоҷикон шуморид.

Аҳамияти минтақавии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки вай тавассути қарорҳо ва паёмадҳои худ барои истиқрори сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ замина омода кард. Агар иҷлосия тавссути қарорҳояш оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш намекард, пеши роҳи ҳаракатҳои экстремистиро намегирифт, барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдомҳои қатъӣ барнамегузошт, барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор намедод ва бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои хешро барқарор намекард, аз эҳтимол дур набуд, ки оташи ҷанг ва ҳаракати экстремистӣ берун аз Тоҷикистон доман паҳн мекард.

Аҳамияти байналмиллалии иҷлосия дар он буд, ки барои ба ифоқа овардани тарафҳои даргир дар нуқоти гуногуни дунё корбаст шуда метавонад. Ин амр аз тарафи бонуфзтарин созмонҳои байналмиллалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо ва беҳтарин коршиносони байналхалқӣ эътироф гардидааст. Хусусан таҷрибаи ба ҳукумат ворид гардидани намояндагони мухолифин ва пайвасти нерӯҳои мусаллаҳи он ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти қудратии мамлакат, ки дар рафти сулҳи миллии тоҷикон суръат гирифт, нодиртарин таҷриба буда, дар ҳаёти кишварҳои гуногун метавонад тадбиқ шавад.

Ҳамин тавр аҳамияти иҷлосия аз он иборат аст, ки маҳз ҳамин мақом бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, пеши хатари нобудшавии онро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит фароҳам овард, заминаи сулҳи миллиро матраҳ сохт, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсионро дар мамлакат амалӣ гардонида, Сарқонуни нави Тоҷикистонро эҷод кард, барои 27-уми июни с.1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт.

Бинобар он метавон гуфт, ки ин иҷлосия оғози ҳама пешрафтҳои ҳозира ва оянда, оғози таърихи навини мост. Аз ин рӯ онро барҳақ метавонем иҷлосияи тақдирсоз номид.

Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардида буд, пас аз интихоб гардидан ба ҳайси Раиси он, ӯ ба қатъият изҳор карда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам».1

Раванди гуфтушуниди байни тоҷикон зиёда аз 4-солро (аз апрели соли 1994 то охири июни соли1997) дар бар гирифт. Ин роҳ хеле печ дар печ ва ниҳоят душвор буд. Гуфтушунидҳо ҳашт давра ва ҳаждаҳ вохӯриро дар бар гирифтанд ва дар зери назорати СММ ва бо иштироки намояндагони мамолики шоҳид мегузашт. Дар гуфтушунид мамлакатҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нақши мушоҳидонро иҷро менамуданд. Давраи якум ва охирини гуфтушунидҳои байни тоҷикон дар Федератсияи Русия баргузор шуданд. Федератсияи Русия барои таъмини ризоияти сулҳу амният дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст, зеро ба дастоварди мамлакати мо ҳавасманд буд ва ҳам мебошад. Ниҳоят, 27-уми июни с.1997 дар «Президент Отел»-и ш.Москва бо иштироки намояндагони кишварҳои шоҳид аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалии Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери назорати намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Г.Д. Меррем Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида ва баста шуд, ки он ҳар соле чун рӯзи Иди Миллии Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад.Пас аз бастани Созишнома ҷонибон изҳорот баён карданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Пас аз 5 соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёр асраи кишвар яке аз саҳифаҳои фоҷианоктарин мебошад, рӯзи умед, боварӣ ба хақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид. Мо, ба марҳилаи нави масъулиянок – дар ҳаёт тадбиқ кардани ҳадафи созишномаи умумӣ қадам гузошта, боз як бор изҳор менамоем, ки ҳар чӣ зудтар сулҳ ва ризоияти миллиро дар кишвар барқарор кардан мехоҳем».(Роҳи сулҳ. С.108-109.).

7. Баъд аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ давраи нави таърихӣ – давраи дар шароити оромиву осоишта пеш бурдани ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз гардид, ки он бевосита ба кордориву фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ), ки наздаш вазифаҳои муқаддас ва ниҳоят масъулиятноку ҳассос дар ин давраи гузариш меистоданд бо пуррагии воқеъии худ вобаста буд.

КОМ – механизми асосии ҷорӣ кардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, пас аз анҷоми босамари музокироти тоҷикон таҳти сарпарастии СММ дар ш.Москва таъсис гардид. КОМ – мақомоти муваққатӣ буда, дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил гардида буд. КОМ салоҳияти худро баъди даъвати парлумони нав ва ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва гузаронидани интихоботи нави парлумон мебоист қатъ мешуд.

Мувофиқи нишондоди Созишномаи умумӣ вазифаҳои асосии КОМ аз инҳо иборат буданд:

дар амал ҷорӣ намудани созишномаҳое, ки дар давоми музокироти чандинсолаи тоҷикон ба имзо расида буданд;

дар байни тарафҳо ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигар бахшӣ;

- ба мақсади барқарор ва мустаҳкам намудани ризияти миллӣ дар Тоҷикистон ташкил намудани муколамаи васеъ дар миёни қувваҳои гуногуни сиёсии ҷумҳурӣ.

Дар баробари ин вазифаҳои асосии худ, КОМ дар давраи гузариш инчунин вазифаҳоеро ба мисли андешидани чораҳо барои бозгашти бехавфу хатар ва шарафмандонаи муҳоҷирин ба Ватан, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, расонидани кӯмак дар баргардон ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматии онҳо, барқарор намудани муассисаҳои саноативу кишоварзии харобгардидаро бар дӯши худ гирифта буд. Ба ғайр аз ин масъалаҳои нозуку ниҳоятан зарурии давраи гузариш КОМ инчунин, роҳбарӣ ва назорат дар ҷараёни халъи силоҳ ва ба Ватан баргардонидани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ғайраро ҳаллу фасл мекард.

Аз оғози фаъолияти худ то ба охир расидани вазифааш КОМ дар мӯътадил гардонидани вазъият, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, онҳоро бо хонаву ҷой ва мувофиқи имконият бо ҷои кор таъмин кардан ва дар охир ба даст овардани ризоияти миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамин тавр, таҷрибаи таърихии охири асри XX-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқу равшан нишон дод, ки бо ёриву мадади қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳ, роҳбарии хирадмандонаи дохилӣ, бо роҳи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз тамоми вазъияти душвор баромадан мумкин аст.

Ҳамроев У.Х., н.и.ф.м., Муовини директори Институти астрофизикаи АМИТ оид ба илм ва таълим

Феҳристи адабиёт

Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Душанбе, «Ирфон», 1995.

Сомонаи www.oktj.ru

Раҳмонов Э.Ш. Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Дирӯз ва имрӯзи Тоҷикистон. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Таджикистан на пороге будущего. Москва, 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Ҷавонон – ояндаи миллат. Душанбе, «Ирфон», 1998.

8.Эмомалӣ Рамон. Тоҷикистон: Даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Душанбе, «Ирфон», 2001, Ҷилди 1.

Абулҳаев Р. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1961-2000). Душанбе, 2008. Қисми 3.

Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997). Душанбе, 1999.

Дубовицкий В.В. Око тайфуна. Душанбе, 1990.

Комиссияи Оштии Миллӣ – вазифа ва салоҳиятҳои он. Нашри ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (НСММТ). Душанбе, 1998.

Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ. Душанбе, «Дониш», 2007, Ҷилди 1-3.

Роҳи сулҳ (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997.

Сайид Абдуллоҳи Нури. Оштинома. Душанбе, «Нодир», 2001.

Салим Аюбзод. Сад ранги сол. Прага. 2002.

17.Тағоев X. Давлати тоҷикон. Душанбе, «Ирфон», 2000.

Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Хуҷанд, 2003.

Хайдаров Г. История таджикского народа ХХ век. Худжанд, 2001.

Хоки Ватан. Душанбе, 2002, китоби аввал.

«Ҷумҳурият». 30-31 январи 1993.

«Ҷумҳурият». 9-10 феврвли 1993

«Тоҷикистон». 29 январи 1993.

« Садои мардум». 1 декабри 1993.

« Садои мардум». 19 декабри 1993.