06 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пас аз ифтитоҳи озмоишгоҳи биотехнологӣ аз озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар рафти боздид таъкид гардид, ки Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ дар сохтори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи милли илмҳои Тоҷикистон соли 2018 таъсис дода шуд.
Инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷиикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронӣ қайд намуданд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш менамоем то шароити мусоиди корӣ барои олимони академия фароҳам оварда, барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотии олимон озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо технологияҳои муосир харидорӣ намоем.
Яке аз самтҳои асосии озмоишгоҳ ин ташхис ва баҳодиҳии илмии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, аз ҷумла организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО)мебошад. Озмоишгоҳ дар чаҳорчўбаи ҳамкорӣ бо Институти бизнес ва технологияҳои ш. Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо тамоми лавозимотҳои озмоишӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар озмоишгоҳи мазкур олимони ҷавон аз тамоми кишварҳои олам барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, аз технологияҳои муосир самарона дар корҳои илмию таҳқиқотии худ истифода менамоянд.